Осори неолит

Тахминан 9–7 [азор сол rабл аз ин асри нави санг оuоз ёфтааст.

Дар Осиёи Миёна се умумияти мадании таърихиро, ки аз якдигар бо шароити зиндагb ва осори худ фарr мекунанд, метавон аёнан мушо[ида намуд. Дар [амин мар[ила дар [аёти xамъияти инсонb таuйироти таърихb рeй меди[ад. Инсоният аз масраф ва захираи неъмат ба тавлид ва исте[соли он rадам мегузорад – xои шикор ва uизоuундориро зироат ва чорводорb ишuол менамояд. Ин дигаргуниро го[о «инrилоби неолит» меноманд. Албатта, воrеан ин тавр нест, балки ин ном фаrат шартист.

Дар тeли доманаи Копетдоu он ваrт[о маскан[ои а[ли маданияти Xайтун – rабила[ое, ки аз тамоми rавму тоифа[ои сокини Иттифоrи Советb пештар ба зироат шурeъ намудаанд, воrеъ гардида буданд. Он[о дар де[када[ои rабилавb, дар хона[ои кулeхb зиндагонb мекарданд. Чорводорb низ аз машuулият[ои асосии он[о ба шумор мерафт. Асбобу олоти де[rонии онваrта аксаран аз дос[ои содаи сангичахмоrb иборат буданд, ки он[о 36,5 фоизи олат[ои тадrиrшударо ташкил менамоянд. Аз навъ[ои зироат бештар гандум ва xав кошта мешуд. Дар rатори асли[аву абзори сангичахмоrb пора[ои зарфи гилb [ам пайдо гардиданд, ки аз мавxудияти кулолb дар он замон гуво[b меди[анд. Зарф[о дастb сохта, баъзан бо хат[ои ислимb ва наrшунигори тeросо оро дода мешуданд. Ин [оло rадимтарин намунаи осори кулолии Осиёи Миёна мебошад.

Ба санъати сафолиёти Xайтун хеле фаровон будани асбоб[ои майдаи сангb хос аст. Дар ин xо пайкони тир ё найза мутлаrо дучор нашуд. Аз афти кор, асбоби ме[нат ва xанг аз санг[ои майда сохта шуда, баъд васл карда мешуд[99].

Дар [амон давра[о барои сафолпазb кeраву хумдон[ои махсус вуxуд доштанд, гарчанде худи асбоб[ои сафолb кам исте[сол мешуд.

Дар яке аз бошишго[[ои маданияти Xайтун – дар Чeпонтеппа rабр[ое ёфт шуданд, ки хусусияти ба худ хос доранд ва ин хусусият дар давра[ои сонb [ам ба назар мерасад ва он иборат аз [амин аст, ки rабр дар худи бошишго[ дар рeи [авлb ё дар дохили хона[о канда мешуд. Дар байни бошишго[[ои ин маданият Пассочиrтеппа маrоми махсус дорад ва ма[з дар [амин xо биное ёфт шуд, ки, аз афти кор, бинои xамъиятb мебошад. Дар яке аз девор[ои ин бино бо ранги сиё[у сурх сурати даррандагону чаррандагон ва наrши аxоиб кашида шудааст[100]. Ин сурат яке аз rадимтарин сурат[ои рeидеворb дар СССР мебошад.

Дар давраи неолит сокинони со[ил[ои камбориши xануби Туркманистон барои обёрb зо[иран фаrат дамиши обро истифода мебурданд. Барои ин махсус xeй[о меканданд ва пал[о месохтанд. Дар айни [ол дар маxрои мобайнии дарёву дарёча[о воrеъ будани баъзе бошишго[[о шояд далели он бошад, ки оби он дарёву дарёча[о барои обёрии замин[ои лаби дарё истифода бурда мешуд. Чорводорb хеле равнаr ёфта бошад [ам, ба туфайли шикор низ хеле гeшт (дар Xайтун rариб 25%) ба даст оварда мешуд, uайр аз ин пeсту устухони чорво низ дар рeзгор ба кор мерафт[101].

Дар макони ин маданият – Xайтун низ чандин муxассамача[ои гилии [айвонот ва одамонро ёфтаанд. Ин муxассама[о, ба аrидаи В.М.Массон, маъбад[ои rабилавb мебошад[102]. Замон ва таърихи мавxудияти ёдгори[ои асосии маданияти Xайтун [азораи VI пеш аз милод аст.

Rабила[ое, ки ба умумияти дигар тааллуr доштанд, дар дашту xулга[ои Осиёи Миёна, хусусан дар во[аи Бухоро ва канора[ои ба[ри Арал [аёт ба сар мебурданд. Ёдгори[ои аз он[о боrимондаро бо номи «маданияти Калтаманор» ёд мекунанд. Вай асосан маданияти шикорчиён ва мо[идорон буда, бо [амин xи[ат аз маданияти пеш аз ин зикршуда тафовут дорад. Калтаманори[о, зо[иран, дар мар[ала[ои охири тараrrиёти худ ба ром кардани [айвонот ва аз худ кардани зироати ибтидоb шурeъ намудаанд. Санаи маъмули мавxудияти ин умумияти rабилавb [азораи IV–III пеш аз милод аст.

{амин тариr, дар он замон инкишофи номавзуни маданият[ои асри санг ба амал меояд. {африёти Xонбозrалъаи 4, ки аз он xо боrимонда[ои манзили калони гирдашакли аз чeбу rамиш сохташудаи ба xамоаи rабилавии иборат аз 100 нафар ва бештар аз он тааллуrдошта пайдо гардид, [аёти rабила[ои калтаманорро хеле барxаста тасвир менамояд. {амин навъ манзили боз [ам калонтар дар rарорго[и Ковати 7 ёфт шуд.

Хусусияти маданияти Калтаманор аз олат[ои хурди сангичахмоrb ва инкишофи техникаи васла зо[ир мегардад. Санги чахмоr аз кe[и Султонуиздоu ба даст оварда мешуд. Дар ин xо кони санг ва устохонаи сохту пардохти олоти сангичахмоrb (Бурлb 3), ки ба давраи Калтаманор тааллуr доштааст, пайдо гардид. {амчунин аз маскан[ои rадима бисёр асбоб[ои сафолb, аз xумла сафол[ои наrшунигорин ёфт шуданд[103].

Дар кe[истон ва ма[ал[ои назди кe[сори Осиёи Миёна умумияти rабилавии севум – маданияти {исор макон ёфта буд. Ин воrеа [ам «неолити кe[истон» аст, яъне давраест, ки бо шароити махсуси зиндагонии одамони даранишин тавсиф меёбад. Нахустин му[аrrиrи маданияти {исор А.П.Окладников xи[ат[ои ни[оят фарrкунандаи олат[ои сангии ин маданиятро, ки rисми асосии он[оро асбобу абзори rайроrсангb ташкил додаанд, хотирнишон намуда буд. Бозёфти чунин асбобу олот дар Осиёи Миёна мебошад. Хусусияти дигари ин маданият иборат аз он аст, ки дар байни ёдгори[ои он аз асбоб[ои сафолb [еx як асаре дида намешавад. Ба аrидаи А.П.Окладников, а[ли маданияти {исор аввалин барзгарони вилоят[ои кe[истон буда, дар баробари зироат ва чорводорb шикор [ам дар [аёти он[о мавrеи худро ниго[ медоштааст. Бозёфт[ои Тутrавул (со[или чапи дарёи Вахш дар наздикии Норак), ки он xо дар масо[ати калоне макони бисёртабаrа ва пуросори онваrта тадrиr мешавад, таърихи пайдоиш ва xараёни инкишофи маданияти {исорро равшантар хо[ад намуд.

Дар Тутrавул чор табаrаи маскун (ду табаrаи маданияти мезолити [азораи Х–VIII пеш аз милод ва ду табаrаи мутааллиr ба худи маданияти {исор) кашф гардид. Дар табаrа[ои маданияти {исор боrимонда[ои оташдони нимдоираи аз санг чидашуда, иичунин «хонача[о»-и махсуси аз девора[ои чандrабатаи сангb биноёфта пайдо шуданд. Ин гуна суфача[о, ки зо[иран [амчун бунёди манзил[ои сабукбори чeбb хизмат мекардаанд, дар [африёт[ои Шарrи Наздик низ дарёб гардиданд»[104].

Дар байни бештар аз 40 [азор маснуоти асри санг, ки аз [африёти Тутrавул ба даст омадааст, табар[ои хуби суфта, корд[ои тез, абзор[ои дастии хонагb: дарафш, парма, белча ва бисёр олат[ои сохту пардохти чeб мавxуданд. Асли[аи асосии шикорb аз найза ва синон иборат буд, ки ба даста[ои чeбb ё устухонb теu нишонда, бо мум ва ширеш ма[кам мекарданд. Rисмати асосии ёдгори[ои маданияти {исорро олат[ои калони санги rайроrb ташкил менамоянд. Асбобу олоти устухонb хеле кам ба назар мерасад. Аз [африёти ин но[ия устухон[о – аввалин осори антропологии а[ли маданияти {исор низ ёфт шуданд.

Мувофиrи усули радиокарбb муайян карданд, ки табаrаи болоии маскуни {исор 5150±140 сол пеш аз милод вуxуд доштааст.

Муrаррар кардани асос[ои иrтисодии мар[алаи тутrавулии маданияти {исор ни[оятдараxа душвор аст. Вале аз мадрак[ои археологb чунин бармеояд, ки он маскани шикорчиён ва uундорандагони неъмат[ои табиb набуда, балки одамони навакак ба шакл[ои исте[солкунандаи хоxагb rадамгузошта мебошанд. Иrтисодиёти сокинони rадимаи Тутrавул бештар ба мар[алаи «пайдоиши зироат ва чорводорb» наздик аст. Як rатор нишона ва аломат[о гуво[b меди[анд, ки чорводорb мавrеи асосb доштааст. Дар байни устухон[ои миrдоран ками [айвонот, ки аз табаrа[ои маскунb берун оварда шудаанд, устухони буз ва гeсфанди хонагb ба назар мерасанд.

{оло дар дасти мо баъзе далел[ое мавxуданд, ки барои муайян кардани [удуди интишори маданияти {исор имкон меди[анд. Ин навъ ёдгори[о асосан во[а[ои сарзамини имрeзаи Тоxикистонро фаро гирифтаанд. Ёдгори[ои мушобе[и ин, ки дар дигар но[ия[ои кe[истони Осиёи Миёна, аз xумла дар шимоли Тоxикистон, Фарuона ва со[ил[ои Иссиrкeл дучор меоянд, мутаассифона, то [ол дуруст омeхта нашудаанд.

Таърихи мавxудияти маданияти {исор ва сана[ои асосии осори он низ муайян карда шуд. Маълум гардид, ки ин маданият на камтар аз се [азор сол ([азора[ои VI–III пеш аз милод) давом кардааст. Ёдгори[ои давраи аввали ин маданият дар Тутrавул, давраи миёна дар Кeи Бeлёни Данuара ва ни[оят давраи охири он дар Теппаи Uозиёни {исор ма[фуз мондаанд[105].

Масъалаи гузаштан аз маданияти {исор ба фулуз [анeз ба дараxаи кофb тадrиr нагардидааст.