Сохти давлатb ва ташкили дастго[и идораи он

Асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомонb ба хубb медонист, ки таъмин кардани истиrлолияти Мовароунна[р ва аз хилофати Араб озодона нашъунамо ёфтани вай фаrат [амон ваrт мумкин мешавад, ки дар ин мамлакат як [укумати марказиятпайдокардае ба вуxуд ояд. Вай дар ро[и ин маrсад як rатор иrдомот ба амал овард.

Яке аз ин навъ иrдомот xорb намудани усули мутаносиби идораи давлат буд.[1095] Дар а[ди Сосониён дастго[и давлатb ба дарго[ (дарбори подшо[b) ва девон[о (идора[ои марказии [арбb-гражданb) таrсим мегардид.[1096] Дар шароити [аёти феодалb ба ин таrсимот он rадар [ам риоя карда намешуд: одамони бонуфузи дарбор аксар ваrт ба кор[ое мудохила мекарданд, ки вазифаи ин ва ё он девон ба шумор мерафт.

Чи навъе ки Наршахb rайд мекунад, дар замони салтанати Насри II Сомонb (914-943) дар атрофи Регистони Бухоро да[ бинои олb барои девон[о сохта буданд. Девон[о аз 10 идораи марказb иборат буда, аз рeи вазифа[ои худ ба со[а[ои зерин таrсим мешуданд:

Девони вазир - асоситарин идораи марказb [исоб мешуд ва дар тамоми муассиса[ои маъмурb, сиёсb ва иrтисодии давлат назорат менамуд. Ба вай сардорони [амаи девон[ои дигар итоат мекарданд. Ба мансаби сардори ин девон, яъне ба вазифаи вазирb ё [оxиби бузург, одатан яке аз намояндагони се хонавода: Xай[онb, Балъамb ва Утбb таъин мешуданд. Тамоми rувва[ои [арбии Сомониён дар ихтиёри [оxиби бузург буд.

Девони муставфb [амаи кор[ои молиявb, яъне харxу дахли мамлакатро пеш мебурд.[1097]

Девони амид-ул-мулк ба [амаи коuаз[ои му[ими давлатb маъмур буда, инчунин муносибат[ои дипломатиро бо дигар давлат[о идора мекард.

Девони со[иб-уш-шурот гвардияи Сомониёнро дар ихтиёри худ ниго[ медошт, ба озуrа, мо[она ва ниго[убини лашкар назорат менамуд.[1098]

Девони со[иб-ул-барид (сардори почта) ба расонидани муросилоти давлатb маъмур буд. Аммо коркунони ма[аллии ин девон на фаrат вазифаи хатбариро адо мекарданд, балки дар бораи [окимон ва маъмурини ма[аллии давлатb ва рафтори он[о хабар[ои махфиро [ам ба марказ расонида меистоданд, яъне вазифаи маъмурони «ма[камаи сиё[»-ро низ ба xо меоварданд. Девони барид бо чунин хусусияти худ аз дигар девон[о тафовут дошт, ки муассиса[ои ма[аллии вай ба [оким[о итоат нанамуда, бевосита ба идораи марказии худ ниго[ мекарданд. Бояд rайд кард, ки почта он ваrт[о фаrат ба э[тиёxоти давлат хидмат менамуд ва барои а[олb дастрас набуд.

Девони мe[тасиб ба бозор, тарозу, мол[ои фурeшии барзгарон ва пешаварон назорат мекард. Вай метавонист фурeши мол[ои rалб ва номарuубро боздорад ва ба нархи гарон фурeхтани ма[сулотро манъ кунад. Ин девон тадриxан ба ахлоrи мардум, масxидравb ва истеъмоли машрубот низ назорат мекардагb шуд. Ша[ре набуд, ки мe[тасиби худро надошта бошад.

Девони мушриф[1099] кор[ои давлатb, хусусан харxу дахли хазинаро назорат мекард.

Uайр аз ин девон[о боз девони мулк[ои давлатb, девони rозb ва девони ваrф мавxуд буд. Ал-Хоразмb боз як девони дигар: девони умури [арбро ном мебарад, ки дар асари Наршахb зикр наёфтааст.[1100]

Муассиса[ои ма[аллии [амаи ин девон[о, ба истиснои девони барид, аз як тараф, ба [оким[о итоат кунанд, аз тарафи дигар, ба девони марказии худ итоат менамуданд.

{окимони вилоят[о аксаран аз байни аъён ва ашрофи заминдори бонуфуз, маъмулан аз хонаводаи [окимони гузаштаи ма[аллb таъин мешуданд.

Дар rатори ин [оким[о дар [ар ша[р якнафарb раис [ам буд, ки аз байни аъён ва ашрофи ма[аллb таъин мегардид.

Дар асри Х, дар а[ди Сомониён рe[ониёни ислом низ роли калон мебозиданд. Дар Мовароунна[р асосан маз[аби [анифия па[н шуда буд. Саррe[онb, ки аввал[о «устод» меномиданд ва баъдтар ба худ лаrаби «шайхулислом»-ро гирифт, дар давлати Сомониён мавrеи бузурге дошт.

Аммо усули мутаносиби идораи давлат, ки Сомониён ба вуxуд оварда буданд, ба [еx ваx[ аз марказияти rатъb пайдо кардани ин давлат ша[одат намеди[ад.

Дар зарфи тамоми давраи [укумати Сомониён муборизаи [окимияти марказb бар зидди rасд[ои марказгурези моликони xудогонаи феодалb rатъ нагардид. На Исмоили Сомонb ва на ворисони e, бо вуxуди мубориза[ои шадиде, ки барои муста[кам намудани [окимияти мутамарказ мебурданд, усули мамлакатдории марказиятнокро дар бисёр ма[ал[о ва канору гeша[ои Осиёи Миёна xорb карда натавонистанд. {арчанд вилоят[ои Хоразм, Чаuониён, Хатлон ва u. дар [айъати давлати Сомонb бошанд [ам, [окимони он[о дар амал мустаrилан [укмронb мекарданд.

Масалан, дар Хатлон дар зарфи rариб дусад сол (аср[ои IХ– Х) намояндагони сулолаи ма[аллии Баниxуриён[1101] [укмронb карда, тамоми оидоти ин вилояти пурсарватро ба хазинаи худ мегузоштанд, вале ба Сомониён uайр аз пешкаш чизе намедоданд. Ба ин тариrа, тадбири пешгирифтаи Сомониён, ки [окимони вилоят таъйин карда, ба ин васила муrобилиятварзии феодалони ма[аллиро бар[ам додан ва он[оро ба тарафи худ кашидан буд, аксар ваrт натиxа[ои номатлуб медод.

Усули феодалии инъоми мулк, ки дар замони Сомониён хеле авx гирифта буд, давлатро аз дарун «пора карда», [атто хоки аслии онро [ам таrсим намуд. А[ли хонадони сомонb ва амалдорони калон, ки ба тариrи инъом ша[ру вилоят[оро со[иб мешуданд, кeшиши со[ибихтиёр шудан доштанд ва аксар ваrт мавrеи аз [окимияти марказb мустаrилро ишuол менамуданд.

Таxрибаи ба умури идораи вилоят[о таъин намудани намоёнтарин саркарда[ои [арбии гвардияи дарбори сомонb, ки дар ваrт[ои аввал барои дар[ам шикастани муrовимати феодалони ма[аллb ва фурe нишондани шeриш[ои халrb ба кор бурда мешуд, низ оrибат[ои нек набахшид. Саркардагони турк аз норизоиятии феодалони ма[аллb ва мубориза[ои синфии дохилb истифода намуда, го[о худашон бар зидди [окимияти марказb сар мебардоштанд ва вилоят[ои худро мустаrил эълон мекарданд.