Низоъ[ои байнихудии феодалb ва суст шудани давлати Сомониён. Истилои Rарохониён

Баъд аз вафоти Исмоили Сомонb (с.907), дар аввал[ои салтанати А[мад ибни Исмоил (907-914) якбора дар якчанд вилоят[о исён сар зад. {окимони Самарrанд, Рай ва Систон шeриш бардоштанд. Пас аз хобонидани ин исён[о дере нагузашта дар натиxаи хеле бад шудани а[воли де[rонон ва афзудани андоз[о дар Систон шeриши халrb ба вуxуд омад. Сомониён фаrат бо машаrrати зиёде ба пахш кардани ин шeриш муваффаr шуданд.

А[мад ибни Исмоил бо чанд сабаб дар байни гвардияи турк нисбат ба худ муносибати душманона ба вуxуд овард ва дар ваrти шикор аз тарафи uуломони худ кушта шуд. Дар айёми подшо[ии писари e Насри II (914-943) идора кардани мамлакатро вазир Абeабдулло Му[аммад ибни А[мади Xай[онb ба e[даи худ гирифт.

Xай[онb, ки яке аз одамони бомаърифати замона буд, дар давраи вазо-рати худ, чунон ки муаррих Гардезb rайд мекунад, идораи мамлакатро ба тартиб овард. Бо вуxуди ин, низоъ[ои байнихудb ва xанг[ои дохилb [амоно давом мекарданд. Чунончи, бар тибrи ша[одати муаллифи араб Ибн ал-Асир, дар охир[ои соли 914 ва аввал[ои соли 915 дар Самарrанд бародарзодаи Насри II - Мансур ибни Ис[оr исён бардошт. Чанде пас аз ин, саркардаи калони [арбb {усайн ибни Алии Марвазb[1102] аввал дар {ирот ва баъд дар Нишопур исён намуда, сарвари [аракати rармата (исмоилия) гардид. А[мад ибни Са[л - ном заминдори калон, ки rувва[ои [арбии {усайни Марвазиро торумор ва худи eро асир намуд, ба зудb худаш [ам бар зидди Сомониён сар бардошт ва ин исён фаrат пас аз як сол фурe нишонда шуд.

Баъд аз марги {усайни Марвазb ба [аракати rармата дар Мовароунна[р Му[аммад ибни А[мади Нахшабb ро[барb намуд. Нахшабb дар xараёни фаъолияти худ муваффаrият[ои калон ба даст овард. Вай бисёр амалдорони олимаrоми [укумати Сомониёнро ба rабул кардани аrидаи rармата моил намуд, ки дар байни он[о [оxиби бузург, дабири хоси амири сомонb, сардори девони муставфb ва [окими Элок низ буданд. Нахшабb ба воситаи ин одамон ба дарбори Насри II Сомонb ро[ ёфт.

Дар охир[ои салтанати Насри II [аракати rармата хеле rувват гирифт. Худи Насри II [ам тарафдори таълимоти rармата гардид ва мувофиrи хо[иши Нахшабb розигb дод ба ивази дар [абсхонаи Бухоро [алок шудани {усайн ибни Алии Марвазb, ки иxрокунандаи супоришоти махфии Фотимиён буд, ба халифаи Миср 119 [азор динор товон ди[ад.

{амаи ин ба норизоияти xиддии рe[ониёни ислом боис гардид. Рe[ониён бо [амро[ии намояндагони гвардияи турки дарбор ба муrобили Насри II сeиrасд ташкил намуданд. Он[о барои расидан ба ин rасди худ хостанд, ки ба муносибати дар ояндаи наздик бар зидди бодиянишинон лашкар кашидани амири сомонb базми шабнишинии саркардагони [арбиро барпо карда, дар ин базм Насрро ба rатл расонанд ва тамоми пайравони rарматаро бикушанд.

Лекин писари Насри II – Нe[ аз ин сeиrасд хабардор шуд. Бо талаби e Насри II саркардаи сeиrасдчиёнро бо фиреб ба [узури худ оварда, сарашро аз тан xудо кунонд ва, сипас, бо [амро[ии Нe[ ба базми сарлашкарон [озир шуд. Дар айни авxи базму тараб Насри II эълон кард, ки вай аз сeиrасд воrиф аст ва фармуд, ки сари саркардаи маrтулро ба пеши сарлашкарон [аво ди[анд. E дар худи [амон xо аз тахти подшо[b даст кашида, писараш Нe[ро, ки [еx кас eро ба тарафдории [аракати rармата айбдор накарда буд, ба xои худ таъин кард.

Мувофиrи ша[одати воrеанома[ои таърихb, Нe[ ибни Наср баъди расман ба тахт нишастани худ Нахшабиро ба [узураш даъват намуда, амр меди[ад, ки бо фуrа[ои ислом мунозира кунад ва дар пеши умум дурустии аrида[ои худро исбот намояд. Албатта, фуrа[ои ислом uолиби мунозира эълон карда шуданд. Нахшабb бо гуно[и ба манфиати худ сарф кардани 40 [азор динор аз маблаuе, ки ба товони марги {усайни Марвазb ба Фотими[о бояд фиристода мешуд, низ айбдор гардида, бо фармони Нe[ дар майдони Бухоро ба дор кашида шуд.

Аxобаташ дар ин аст, ки пас аз як рeзи rатл xасади e аз дор uоиб гардид.

Пас аз ин дар сар то сари мамлакат rатлиоми rармати[о ва мусодираи молумулки он[о сар шуд. Аз [амон ваrт [аракати rармата дар Осиёи Миёна фаrат [амчун xараёни махфb давом намуд. Вале ташкилоти махфии тарафдорони ин бидъат дар Бухоро хеле фаъолона ва муддати дуру дарозе амал мекард.

Хатибони rарматb соли 1045, дар а[ди Rарохониён, яъне пас аз сад соли воrеаи мазкур дастгир гардида, ба rатл расонида шуданд.

Дар давраи [укмронии Нe[ ибни Наср (943–954) аломат[ои таназзули давлати сомонb ба таври равшан падидор мешаванд. Давлат дар сол[ои аввали [укуматдории Нe[ ба душвории сахти молиявb рe оварда буд. Бар тибrи маълумоте, [анeз дар соли 942 аз а[олb ду карат андоз гирифта шуд. Душвории молиявb ба дараxае расида буд, ки ба сипо[иён ва [атто ба гвардияи амир ваrти зиёде мо[она дода нашуд. Ин а[вол дар байни аскарон норозигии xиддb ба вуxуд овард. Нe[ ибни Наср барои лоаrал муваrrатан паст кардани шиддати норозигb вазири худро ба сабабгори ин [ама душвори[ои молиявb айбдор намуда, ба rатли e фармон дод. Албатта, ин тадбир ба бе[тар шудани вазъияти молиявии мамлакат боис нагардид.

Амаки Нe[–Ибро[им ибни А[мад аз чунин вазъият истифода бурда, дар мо[и январи соли 947 бо ёрии феодали калони Чаuониён - Абeалии Чаuонb [окимиятро ба даст даровард. Гвардияи дарбори Нe[, ки аз марги Наср инxониб мо[она намегирифт, Ибро[имро тарафдорb намуд. Нe[ маxбур гардид, ки ба Самарrанд баромада равад. Лекин вай дар ваrти ба Чаuониён баргаштани Абeалb аз сари нав тахтро ба даст оварда, ба чашмони амаки худ ва ду бародари e, ки дар ин исён ширкат доштанд, мил кашида кeр кард.

Нe[ ибни Наср дар сол[ои охири [укмронии худ асосан ба муборизаи зид-ди шeриши Абeалии Чаuонb машuул гардид. Вай пас аз кeшиши бемуваф-фаrияти бо ро[и [арбb бартараф намудани шeриши Абeалb ба баъзе гузашт-[о маxбур шуда, eро аввал [окими Чаuониён ва, сипас (дар с.952), [укмрони Хуросон таъин намуд.

Давраи [укмронии писари калони Нe[ – Абдулмалики I (954-961) бо rув-ват гирифтани нуфузи сиёсии саркардагони [арбии гвардияи турк ва ба дасти он[о гузаштани rариб [амаи кор[ои идораи давлат тавсиф меёбад.

Дар ин ваrт хусусан сардори гвардияи турк ва феодали калон Алптегин ба сифати [оxиби бузург сар мебардорад. Таъсири Алптегин ба дараxае афзуда буд, ки Абдулмалик бидуни розигии e, [атто касеро ба маснади вазорат таъин карда наметавонист. Ин буд, ки дар як муддати кeто[ (аз соли 954 то соли 959) мансаби вазорат чор маротиба аз даст ба даст гузашта, ни[оят ба дасти дeсти Алптегин - Абeалии Балъамb омада rарор гирифт. Чи навъе ки Гардезb дар «Зайн-ул-ахбор» ном воrеаномаи таърихии худ rайд кардааст, Алптегин ва Абeалb а[д карда буданд, ки ноиби якдигар бошанд ва Абeалии Балъамb бояд [еx кореро бе масли[ати Алптегин намекард.

Марги Абдулмалик боиси ошeб[ои нав дар Бухоро гардид. А[олии шeришкардаи пойтахт rасри амирро оташ зада толон намуданд. Бо исрори Алптегин писари хурдсоли Абдулмалик - Насри III амир эълон карда шуд. Лекин салтанати e бештар аз як рeз давом накард, зеро дигар саркардагони [арбb ва феодалони калон ба саъю кeшиши Алптегин дар бобати муста[кам намудани мавrеи худ дар [окимият тарафдорb накарданд ва Мансур ибни Нe[и Сомониро (961-976) ба тахт нишонданд.

Алптегин пас аз якчанд задухeрде, ки дар байни e ва сарлашкарони сомонb дар но[ияи Марв ва Балх рeй дод, ба Uазнин [аракат намуда, дар соли 962 [окимияти он xоро ба дасти худ гирифт. Тан[о пас аз марги Алптегин (с.963) ба Мансур ибни Нe[ муяссар гардид, ки [окимияти Сомониёнро дар Uазнин барrарор намояд.

Баъд аз вафоти Мансур дар а[ди писари e Нe[и II (976-997) ихтилофоти дарборb ва исён[ои [окимону феодалони ма[аллb, ки вилоят[ои xудогонаи давлати сомонb, аз он xумла, бисёр ма[ал[ои Хуросон ба дасти он[о гузашта буд, боз [ам бештар rувват гирифтанд.

Иrтидори давлат ба дараxае суст гардид, ки вай наметавонист ба андак [уxуми хориxb тоб оварад. Ма[з дар чунин вазъият дар соли 992 давлати Сомонb ба аввалин [амлаи як rатор rабила[ои бодиянишини турк дучор афтод. Дар сари он[о хон[ои аз rабилаи яuмо меистоданд, ки ин сулола бо номи «Rарохониён» маш[ур гардидааст. Rарохони[о дар ваrти ба Мовароунна[р [уxум овардани худ, ба водии {афтруд ва як rисми Туркистони шарrb – Кошuар со[иб гардида буданд. Бузургтарин ва маданитарини rабила дар миёни туркони rарахонb rабилаи rорлуr[о ба шумор мерафт.

Тамоми кeшиш[ои Нe[и II дар бобати сафарбар намудани rувва[ои [арбии мамлакат бар зидди тааррузи Rарохони[о натиxае набахшид. Азбаски туркони rарохонb ба дини ислом, ки ба туфайли равобити тиxоратb бо ша[р-[о ва во[а[ои зироаткори Мовароунна[р дар байни он[о па[н гардида буд, эътиrод доштанд, ба муrобили [уxуми он[о бо шиори uазовот ба по хезондани а[олb имконнопазир буд. Саркарда[ои калони [арбb аз [имояи Нe[и II даст кашиданд. Rоиммаrоми Хуросон - Абeалb ибни Абул[асани Симxурb ба тарзи махфb бо Буuрохони Rарохонb созиш намуда, reшуни Хуросонро ба мудофиаи Мовароунна[р нафиристод. Лашкаре, ки бар зидди Буuрохон фиристода шуда буд, дар натиxаи хиёнати сардори худ Фоиr шикаст хeрд ва худи Фоиr [амро[и Буuрохон ба тарафи Бухоро [аракат кард. Ин буд, ки re-шуни Rарохониён ба муrовимате дучор нашуда, пойтахти давлати Сомонb – Бухороро ба осонb забт намуд. Нe[и II маxбур шуд, ки ба Омул фирор кунад.

Фавти нога[онии Буuрохон вазъиятро таuйир дод. Reшун[ои rарохонb uанимати зиёде ба даст оварда, ба са[ро[ои худ баргаштанд.

Воrеаи соли 992 ноустувории давлати Сомониёнро равшан нишон дод: Абeалии Симxурb дар Хуросон ва Фоиr дар Балх бар зидди Нe[и II исён намуданд.

Пас аз он ки Нe[и II ба Бухоро бозомад, дигар ба rувва[ои худ умед набаста, барои кeмак ба [окими Uазна - Сабуктегин муроxиат кард. Сабуктегин аслан аз авлоди гвардияи турки дарбори сомонb буда, истеъдоди фавrулоддаи сарлашкарb дошт. Вай бо Алптегин алоrаи хешовандb пайдо намуда, пас аз вафоти e [окими Uазна гардид ва боз як rатор вилоят[оро низ ба rаламрави худ дароварда, доираи давлатро хеле вусъат дод. Сабуктегин хо[иши Нe[и II-ро ба камоли майл rабул карда, фавран ба тарафи Мовароунна[р равон шуд. E бо reшуни бист[азорнафара аз дарёи Аму гузашта, аввал ба Кеш (Ша[рисабз), сипас, ба Нахшаб (Rаршb) ворид шуд ва аз он xо бо [амро[ии Нe[ ба муrобили Абeалb ва Фоиr [аракат кард. Баъди якчанд му[ориба[о лашкари Абeалb ва Фоиr торумор гардида, худи он[о ба Гургон гурехтанд. Ба ивази ин хидмат Нe[и II ба Сабуктегин лаrаби «Носир-уд-дин в-ад-давла» («[омии дин ва давлат») дод. Писари Сабуктегин Ма[муд, ки дар xанг[ои зидди исёнкорон фаъолияти калоне нишон дода буд, низ лаrаби «сайф-уд-давла» («шамшери давлат»)-ро гирифт ва ба xои Абeалии Симxурb [окими Хуросон таъин гардид.

Дар сол[ои 995-996 [окимони вилоят[ои xудогонаи сомонb аз нав исён бардоштанд ва туркони rарохонb боз ба забт намудани хоки давлати Сомониён rасд намуданд. Ин бор [ам Нe[и II бо мадади Сабуктегин исёнро пахш намуда, аз [уxуми Rарохониён ба Бухоро xилавгирb карда бошад [ам, вале бо вуxуди ин, вилоят[ои шимоли шарrии давлати сомониро, ки дар [авзаи дарёи Сир воrеъ буданд, аз даст дод. Пас аз [амаи ин[о таъсири Uазнавиён дар Мовароунна[р хеле rувват гирифта, то дараxае расид, ки Нe[и II амалан аз истиrлолияти [укмронии худ ма[рум шуд.

Дар соли 997 Нe[и II ва Сабуктегин вафот карданд. Писари Нe[и II - Мансур ибни Нe[ (997-999) тамоман дар та[ти таъсири Ма[муди Uазнавb буд. {окимони Нишопур - Бектузун ва Фоиr, ки ба rарохони[о гап дода буданд, аз торафт наздиктар шудани муносибати Мансур ибни Нe[ ва Ма[муд ба [арос афтода, ба чашмони Мансур мил кашиданд ва e ба зудb дар соли 999 вафот кард. Бо исрори Бектузун ва Фоиr бародари Мансур - Абдулмалики II ибни Нe[ ба тахт нишаст.

Ма[муди Uазнавb бо ба[онаи гирифтани интиrоми Мансур бо лашкари худ ба дарбори Сомониён [аракат кард ва амири сомониро маxбур намуд, ки rисмати шимолии Афuонистони имрeзаро ба ихтиёри e бисупорад. Пас аз чанд ваrт Ма[муди Uазнавb ба тамоми Хуросон со[иб шуд. Дар дасти Абдулмалик ибни Нe[и Сомонb тан[о Мовароунна[р монд.

Вале дере нагузашта дар худи [амон соли 999 дар натиxаи зарбаи нави Rарохони[о ин такяго[и охирин низ аз по афтод. Хони Rарохониён Насри Илокхон пойтахти давлати сомонb – ша[ри Бухороро забт намуда, Абдулмалик ва дигар намояндагони хонадони салтанатиро [абс кард.

{илол-ас-Сабb, ки аввалин бор [икояти eро В.Р.Розен аз дастнависе пайдо карда, дастраси умум гардонид, дар ин бора мухтасаран, вале хеле возе[у равшан наrл намудааст. Шо[иди воrеа чунин меоварад: «Ваrте ки лашкари хон сар даровард, ман дар Бухоро будам. Он ваrт хатибони сомонb ба минбари масxид[ои xомеъ баромада, мардумро ба xи[од даъват мекарданд ва аз номи Сомониён мегуфтанд: «Охир шумо медонед, ки мо чb тавр ба шумо муносибати хуб доштем ва чb тавр бо нармb муомила мекардем. Инак, акнун душман ба мо та[дид мекунад, шуморо лозим аст, ки ба мо ёрb кунед ва барои мо биxангед. Барои ба мо мадад расондан ва пуштибонb кардан аз Худо баракат бихо[ед». Rисми зиёди а[олии Бухоро ба мисли (умуман) сокинони Мовароунна[р бо худ сило[ доранд. Мардум инро шунида, ба назди он[ое, ки фаrе[ мехонанд, рафтанд ва хо[иш карданд, ки дар бобати xанг кардан ё накардан ба он[о фатво ди[анд. Лекин онон xангиданро манъ карда, гуфтанд: «Агар Хониён (бо Сомониён) дар ро[и дину маз[аб низоъ медоштанд, бар зидди он[о xангидан савоб мебуд. Чун [оло байни он[о дар талоши неъмати дунё задухeрд ба амал омадааст, худро нобуд кардан ва сар ба теu додани мусулмон гуно[ аст. Тариrи зиндагии ин мардум (яъне Хониён.– Б. U.) хеле хуб ва эътиrоди он[о бенуrс аст, (бинобар ин) бе[тар аст (аз [ама гуна мудохила) худдорb кард». Ин буд яке аз сабаб[ои асосии [окимиятро uасб кардани Хониён ва фирору нузули Сомониён».[1103] В.В. Бартолд дар ваrташ дуруст rайд карда буд: «Дар бораи ягон муrовимате, ки дар ваrти аз Исфиxоб ба Самарrанд ва Бухоро [аракат кардани Буuрохон ва [ангоми пойтахти Сомониёнро ишuол намудани e ба амал омада бошад, (дар сарчашма[о) чизе гуфта намешавад. Аз э[тимол дур нест, ки мардуми аз низову кашмакаш[ои доимb бисёртар азиятдида ба табаддулоти сулолавb хунсардона ва бепарвоёна назар намудааст.[1104] Ба [амин тариr, давлати сомонb тамоман аз байн рафт.

Чунон ки дар xараёни воrеа[ои ин боб мушо[ида карда шуд, пеш аз [ама, мубориза[ои тунду тези синфb ва инчунин муrобилат[ои байни феодалон ва [укумати марказb, носози[ои миёни подшо[они сомонb ва саркарда[ои [арбии турк, зиддият[ои байни намояндагони дарбор ва маъмурони девон[о, ки рeз то рeз шадидтар мегардиданд, давлати сомониро заиф намуда, ба дараxае оварда расонданд, ки дар охир[ои асри Х аз иrтидори он тан[о номе боrb монда буд.

Дар чунин як шароите, ки феодалони ма[аллb нисбат ба [амдигар душманона рафтор намуда, бар зидди иrдомоти [укумати марказb бо яроrу асли[а мубориза мебурданд ва аз итоат саркашb мекарданд, албатта, Сомониён барои дафъи [уxуми истилогаронаи хориxb [еx як rувваеро пеш гузошта наметавонистанд Оммаи халrи Мовароунна[р, ки аз андоз[ои зиёд ба xон омада, бор[о ба муrобили Сомониён шeриш карда буданд, низ он[оро [имоя накарданд. Гвардияи турк, ки ягона такяго[и тоxу тахт [исоб меёфт, аrибго[и муста[кам надошт ва аз ин рe, ба дафъ кардани [амлаи душман оxиз буд.

Ин аст, ки Сомониён ба [уxуми хориxb муrовимат карда натавониста, аз майдони сиёсат ва мамлакатдорb берун рафтанд.