Хоxагии rишлоr

Аксари а[ли ме[нат машuули зироат ва чорводорb буд. Зироати обb дар Осиёи Миёна ва дар Хуросон ба uояти равнаr расид, шабакаи пурвусъати ан[ору канал[о ва иншооти мураккаби обёрb самараи зироатро ни[оят афзун гардонданд. Барои тавсифи хоxагии ин давра таъини [амин xи[ат хеле му[им мебошад, ки дар аср[ои IХ-Х нисбат ба давра[ои пешина дар миrдори замин[ои кишт ва шумораи иншооти обёрb таuйироти ба назар намоёне шуда буд ё не. Азбаски дар аср[ои IХ-Х давлат[ои калони муташаккил таъсис ёфтанд, ба [амин сабаб барои сохтмони иншоот[ои калони обёрb [ам имконият фаро[ам омад ва чунин имконият дар давра[ои пеш аз оuози истилои араб[о вуxуд надошт, зеро Осиёи Миёна ба бисёр мулк[ои ало[ида-ало[идаи аксаран ни[оят хурд таrсим шуда буд. Ба ин сабаб мебоист, ки равнаrу ривоxи зироати обb дар аср[ои IХ-Х, нисбат ба аср[ои VI-VII ба давраи нав, ба давраи хеле баландтар мебаромад. Вале барои исботи ин даъво мадракоти конкрет дар даст надорем[1105]. Масалан, ал[ол фаrат [аминаш маълум, ки дар а[ди халифа Мeътасим (833-842) дар Шош канали нав канда буданд. Инчунин тарзи идораи шабака[ои калони обёрb низ дигар гашта, ин гуна шабака[оро аз як xо идора мекардагb шуданд. Масалан, чунин маълумот ба даст омадааст, ки дар [авзаи Мурuоб ва инчунин дар [авзаи Зарафшон тамоми шабакаи обёрb дар ихтиёри як кас буд. {анeз дар а[ди Абдулло[ ибни То[ир (830-844) дар боби танзими истифодаи корез[о rонун[ои махсус rабул шуда буданд.

Вале ин маълумот[ои пароканда имкон намеди[анд, ки дараxаи равнаrу ривоxи зироати обb дар ин ду давра бо [амдигар муrоиса ва та[лил карда шаванд ва он дигаргуние, ки бешак, дар аср[ои IХ-Х xой доштанд, маълум гарданд. Аммо умед [аст, ки ба туфайли дар ваrт[ои охир хеле авx гирифтани [африёти со[аи таърихи обёрb ва, инчунин тадrиrи [уxxат[ои rадимb санаи аниrтари сохтмон ё худ таъмири мукаммали бисёр канал[оро муайян кардан мумкин мешавад. Ал[ол мо метавонем дар бораи зироати обии аср[ои IХ–Х Осиёи Миёна ва Хуросон фаrат [амон тавсифотеро зикр намоем, ки В. В. Бартолд дар асоси мадракоти хаттb бо ме[нату машаrrати зиёде xамъ оварда буд. Баъдтар ба ин маълумоти В.В. Бартолд маълумоти дигар му[аrrиrон зам гардид, ки дигар xой[ои ин но[ияро тадrиr кардаанд.

Ду калонтарин дарёи Осиёи Миёна–Аму (uайр аз поёноби он, ки дар во[аи Хоразм воrеъ аст) ва Сир бевосита барои обёрb rариб истифода намешуданд ва обро на аз худи дарё, балки асосан аз шохоб[ои он[о мегирифтанд. Rисми асосии замин[ои обb дар води[ои шохоб[ои шимолии Аму ва Панx (Сурхоб, Кофарни[он, Вахш ва u.) xой гирифта буданд. Ба rавли Маrдисb аз Сурхоб rадре об мегирифтаанд, ки баъзан дарё то Аму намерасидааст. Мувофиrи маълумоти маъхаз[о дар но[ия[ои поёноби Аму–дар байни Тирмиз ва Омул тан[о во[а[ои хурд-хурди xудогона вуxуд доштанд, ки дар атрофи ша[рча[ои rариби убурго[ воrеъ буданд ва обро ба воситаи канал аз худи Аму мегирифтанд. Умуман, аз рeи ша[одати Истахрb аз оби Аму фаrат Хоразм ба[ра мебардоштааст.

Оби Сир низ барои обёрb хеле кам ба кор мерафт. Замин[ои [осилхези Фарuона фаrат аз шохоб[ои он об мегирифтанд. Оби баъзе шохоб[ои дарё пурра барои обёрb сарф мешуд ва то ба худи Сир намерасид. Географ[ои араб аз об таъмин будани ша[ру де[оти Фарuонаро мукаммал ба rалам дода, бор[о на[ру [авз[ои пуроб ва боuоти шодобро зикр кардаанд.

Дар асри Х дар [авзаи Сир ободтарин xо водии дарё[ои Элок (О[ангарон) ва Парак (Чоргиз) [исоб мешуд. Дар тамоми Мовароунна[р дигар ягон ма[алле набуд, ки ша[ру де[от дар як масо[ати хурд ин rадар зич xой гирифта бошанд. Ма[з дар нимаи аввали асри IХ дар ин xо канали нави калон сохта шуд.

Шабакаи обёрии [авзаи Зарафшон пеш аз истилои араб[о [ам ба дараxае мукаммал ва пурсамар буд, ки дар давра[ои минбаъда [ам бисёр таuйир наёфт. Барои давом кардани кори шабакаи мазкур кифоя буд, ки ба канал[ои мавxуда андак ниго[убин кунанд, канал[ои муваrrатан аз кор мондаро ба кор дароранд ва баъзан ба сабаби паст шудани сат[и оби дарё xои сари канал-ро дигар кунанд ва u. Аксар ваrт баъди аз нав ба кор андохтани канали кe[на номи он [ам дигар мешуд. Мисли давра[ои пешина дар асри Х [ам асоси шабакаи обёрии Зарафшон дарuоти Вараuсар буд. Аз ин дарuот се канал сар шуда, тамоми замин[ои xануби Самарrандро шодоб менамуд. Се канали дигари шимолb аз со[или дигари Зарафшон, аз рeбарeи Вараuсар об мегирифт. Но[ияи Самарrанд аз xи[ати [осилхезb во[аи ягона дониста мешуд. Яке аз волиёни араб соли 720–21 намонд, ки лашкари вай душманро таъrибкунон ба Суuд дарояд, то ин ки мабодо «бeстони «амиралмуслимин» (яъне халифа) зарар ёбад. Во[аи Бухоро [ам ан[ору канал[ои сершумори сероб дошт.

Шабакаи обёрии [авзаи Мурuобро низ rайд кардан лозим аст, ки дар он давра[о хеле мукаммал буд. Ривояте [аст, ки шумораи коркунони ин шабака гeё ба 10 [азор нафар мерасидааст.

Замин[о дар Осиёи Миёна ва Хуросон асосан ба воситаи канал[ое обёрb мешуданд, ки аз дарё об гирифта, ба таври муrаррарb сохта мешуданд. Вале дигар тарз[ои обёрb низ вуxуд дошт. Агар сат[и замин ба кандани канали муrаррарb имкон нади[ад, дар он сурат корез месохтанд. Агар замин дар xои баланд бошад, обро ба он xо ба воситаи чиuир мебароварданд ва чархи чиuирро одатан бо ёрии шутур мегардонданд. Дар ма[ал[ои доманакe[ одатан сой[оро баста дарuот месохтанд ва оби ба[оронро xамъ карда, тобистон истифода мебурданд.

Вале бояд гуфт, ки замин[ои лалмb [ам кам набуданд. {атто дар во[а[ои сероб, масалан, дар Мурuобу Зарафшон он rадар замин[ои лалмb буданд, ки [осили он[о як ша[ри калон ё худ де[оти бисёреро пурра таъмин менамуд. Дар xой[ои дигар замин[ои лалмb барои [амин буданд, ки об намерасид. Масалан, дар поёноби {арируд барои обёрb об намерасид, ба ин сабаб дар ин xой[о бештар чорводорb ривоx ёфт. Дар он xой[ое, ки оби дарё хусусан дар фасли гарми сол камb мекард, барои обёрии боuу полиз[о аз оби чо[[о истифода мебурданд.

Маъхаз[ои хаттии аср[ои IХ–Х дар бораи шуuли зироаткорони музофоту но[ия[ои гуногун ба тафсил маълумот дода, аксар ваrт махсус rайд менамоянд, ки ин ё он ма[ал бо кадом намуди зироат ном баровардааст. Мисли давра[ои пешина дар ин давра [ам кишти uалла дар xои якум буд. Пахтакорb низ хеле равнаrу ривоx дошт. Дар ин бобат Осиёи Миёна дар тамоми Шарrи Наз-дик ва Миёна мавrеи махсусро ишuол мекард. Бе[уда нест, ки дигар вилояту ша[р[ои хилофат ма[з аз Осиёи Миёна ба миrдори калон газвор[ои пахтагb мегирифт. Аз [ама бештар дар вилояти Марв (пахтаи ин xо, мувофиrи маълумоти маъхаз[о, чунон хушсифат будааст, ки ба сифати намуна хизмат мекардааст), дар атрофи Самарrанд, Бухоро, дар Шош, инчунин дар дигар xой[о пахта мекиштанд. Боu[о, токзор[о, полиз[о дар атрофи ша[р[о майдон[ои бузургро ишuол мекарданд. Баъзе навъ[ои мева, ангур ва сабзавот хеле дур аз [удуди давлати Сомониён шe[рат дошт, дар баъзе xой[о рeян ва заъфарон барин зироати нодир парвариш мекарданд.

Табиист, ки зироаткорон чорво [ам доштанд. Дар маъхаз[о ишорат меравад, ки [атто дар атрофи ша[р[ои калон чарого[[ои сералафро дидан мумкин буд. Вале чорводорb [амчун со[аи махсуси хоxагb [ам вуxуд дошт ва алалхусус дар хоxагии ма[ал[ои даштb ва кe[b хеле инкишоф ёфта буд. Вале rайд кардан лозим, ки як худи чорводорb э[тиёxоти а[олиро пурра таъмин карда наметавонист. Ба ин сабаб додугирифт бо чорводорони кeчманчb, ки дар шимолу шарrтари давлати Сомониён маскун буданд, а[амияти калон дошт.