Исте[соли шиша ва сафололот

{ангоми тадrиrи ша[ру де[оти асримиёнагb бевосита дар болои хок ва [ангоми [африёти археологb дар маuзи rабат[ои археологb, андаруни вайронаи бинову хона[о, чуrури[ои ахлотпартоb ва u. бисёр шишаи «томуuулb» вомехeрад, ки санаи онро ба аср[ои IХ–ХII нисбат меди[анд. Ин навъ шиша, ки дар xой[ои гуногуни Осиёи Миёна ёфт шудааст, дар музей[ои СССР [ам бисёр мебошад. Гарчанде маrолаву рисола[ои сершуморе дар ин бора ба табъ расида бошанд [ам,[1111] давра[ои инкишофи шишагарии Осиёи Миёна аз асри IХ то асри ХIII ба таври хронологb омeхта нашудааст. Агар [ангоми кофтуков ягон маснуоти шишагb ба даст ояд, санаи онро ни[оят тахминию умумb таъин менамоянд, масалан, шишаи аср[ои Х–ХII ё Х–ХI мегeянду мемонанд, ба ин сабаб он[оро ба маrсади тавсифи аниrи вазъият ва хусусияти шишагарии аср[ои IХ–Х истифода бурдан кори ма[ол аст. Шакке нест, ки дар тамоми ша[р[ои калон ва [атто миёна аз аср[ои IХ–Х сар карда, исте[соли шиша вуxуд дошт ва онро истифода мебурданд, вале маснуоти шишагие, ки ма[з ба аср[ои IХ–Х тааллуr доранд, аз xумлаи тамоми он маснуоти шишагии аср[ои IХ–ХII аниr xудо карда нашудааст.

Фаrат шишаи чанд ма[алле, ки дастраси археолог[о гардид, бешак, ма[з дар аср[ои IХ–Х исте[сол шудааст ва он ма[ал[о ин[оанд: димнаи Кулзортеппа (дар rарибии Самарrанд[1112]), ша[ри асримиёнагии Нисо[1113] дар яке аз гузар[ои ша[ри асримиёнагии Варахша[1114] ва u. Дар байни маснуоти шишагии ин ма[ал аз [ама бештар зарф[ои шишагии рeзгор ва зарф[ои атриёт [аст. Шакл[ои маъмули ин маснуоти шишагb чунинанд: xому rада[[ое, ки пояи борики баланд доранд, кeза[ои гуногуни тангда[ану васеъда[ан, ки баъзе дастадору баъзе бедаста мебошанд, косаву пиёла[ои гуногуншакл, дeлча[ои дастадор, шишача[ои носкадушакли дастадор ва u.

Маснуоти шишагb асосан аз шишаи беранг тайёр карда шудаанд, вале маснуоте низ ба даст омадааст, ки аз шишаи гуногунранг тайёр карда шудааст, шишаи рангаро барои ороиши дигар хел зарф[о низ истифода мебурданд.

Дар аср[ои IХ–Х шишагарони Осиёи Миёна усули бо ро[и дамидан исте[сол намудани зарф[ои тунукро комилан аз худ карда, тамоми нозуки[ои онро кор мефармуданд. Шишагарон усули дамиданро барои ороиши зарф[о низ татбиr менамуданд – дар ин сурат зарф[о чунин дамида мешуд, ки наrши рeи rолаб айнан ба рeи зарф мегузашт.

Якрангии шакли зарф[ои xою ма[ал[ои гуногун, тамоман набудан ё ни[оят кам ва арзону осон будани ороиши зарф[о, ба нудрат истифода шудани наrшкeбb барин усул[ои хоси [ар як зарф далолат менамоянд, ки дар аср[ои IХ–Х исте[соли зарф[ои шишагии рeзгор шакли оммавb дошт ва барои оммаи васеъ исте[сол карда мешуд. Дар ин бобат як чиз xолиби диrrат аст: баъзе шакл[ои зарф[ои шишагb таrлидан ба зарф[ои сафолии аср[ои IХ-Х сохта мешуданд ва ин шо[иди он аст, ки гарчанде масоле[и зарф гуногун бошад [ам, шакли он[о ба як rолаби муайян дароварда мешуд ва ин протсесси хеле инкишофёфта буд.

{амин чиз [ам хеле му[им аст, ки дар аср[ои IХ–Х дар Осиёи Миёна шишаи тиреза месохтанд ва истифода мебурданд. Пора[ои шишаи тиреза (масалан, аз Нисо, аз Афросиёб ва u.), ки дастраси мо гардидаанд, аз шишаи беранг бо [амон усули дамиш тайёр карда шудаанд, ки дар исте[соли зарф[ои шишагb xой дошт. Шишагарони Осиёи Миёна ин усули маълумро ба кор бурда, махсус барои тиреза бо усули дамиш табаrча[ои па[ну шаффоф месохтанд ва ягона камбудии ин гуна шиша[о [амин буд, ки мобайни он андак uафс шуда мемонд. Вале ин камбудb rариб, ки ягон зарар надошт, зеро аздусар он табаrча[ои шишагиро ба порча[ои гуногуншакл бурида, баъд дар кодок[ои гаxb мешинонданд.

Шиша[ои тирезаи ёфтшуда ба кeшку rаср[о ва ё дигар иморат[ои пурдабдабаи мe[ташам муносибате надорад. Аз афти кор, вай дар манзили ша[риёни бой истифода мешуд. Умуман шишаи тиреза ихтирои прогрессивие буд ва шароити манзил[ои ондавраро хеле бе[тар мекард.

Исте[соли сафолот дар аср[ои IХ–Х, дар Осиёи Миёна басо мукаммал ва муфассал[1115] тадrиr шудааст, вале то имрeз ягон асари xамъбасткунандае нест. Вусъати бузурги [африёти археологb боиси он шуд, ки гузару ма[алла[ои томи кулолон ошкор карда шавад, чандин навъу намуди даму reраву хумдон[о низ ёфт шуданд, [атто чанд устохонаву дeкони кулолон кашф гардид, ки дар дар он асбобу анxоми кулолb, масоле[и кулолb ва [атто зарф[ои си[ат боrb мондаанд. Ба туфайли ин комилан тасаввур кардан мумкин аст, ки кулолони аср[ои IХ–Х аз аввал то охир, яъне аз худи тайёр кардани лой то сохтани олот чи гуна тарзу усул[оро ба кор мебурданд. Кулолии аср[ои IХ–Х аз дигар нуrтаи назари технологb низ хеле муфассал тадrиr карда шудааст. Масалан, муайян карда шудааст, ки чb гуна гил истифода мешуд, чb гуна онро ангоб медоданд, ба чb гуна ранг гул мепартофтанд, таркиби сир чb гуна буд ва u.

Анвои зарф[ои сафолии аср[ои IХ–Х низ ни[оят гуногун буд - аз хум[ои калон то пиёлачаву табаrча[о сохта мешуд. Нуrтаи олии комёбии санъати кулолии он давра исте[соли зарф[ои сирдор мебошад. Талабот ба зарф[ои сирдор хеле калон буд ва бинобар ин бисёр исте[сол карда мешуд.

Кулолони аср[ои IХ–Х навъ[ои гуногуни сирро тайёр карда метавонис-танд. Аввал[о сири ишrориро ба кор мебурданд, баъд сире маъмул гардид, ки аз сурб тайёр мекарданд ва сифати ин сир хеле баланд буд. Сири сурбb худ ранг надошт, яъне шаффоф буд ва ин имкон медод, ки пеш аз андудани сир рeи зарф бо наrшу нигори дилхо[ оро дода шавад. Кулолони он давра ба таркиби сир ба миrдори муайян rалъагb [амро[ карда, онро «рангдор» мекарданд, яъне сир дигар шаффоф нашуда, одатан сабзтоб ё ширатоб мешуд.

Дар аср[ои IХ–Х зарф[ои наrшини сирдор хеле гуногун буданд. Тайёр кардани ин гуна зарф[о санъату ма[орати баландро таrозо дошт. Аввал худи зарфро дар чархи кулолb месохтанд ва баъди хушконидан рeи онро барои наrш тайёр мекарданд – барои ин ба рeи он ангоб мемолиданд. Ангоб лойобаи махсус мебошад, ки аз хоки ни[оят ма[ин бехташуда бо усули махсус тайёр мекарданд ва одатан ба он ранге меомехтанд. Дар аср[ои IХ–Х асосан ангоби сафед, сурх ва сиё[ро истифода мебурданд. Баъди молидани ангоб рeи зарф хеле силиrу суфта мешуд ва барои гулпартоb заминаи мувофиr ба вуxуд меомад. Пас аз ин бори дигар зарфи ангобандударо хушконида, баъд ба рeи он гул мепартофтанд, наrш мекашиданд ва охири охирон ба хумдон андохта мепухтанд. {амин ки пухт, баъди хушк шудан ба рeи зарф сир медавониданд ва бори дувум мепухтанд. Барои тайёр кардани ин гуна зарф, барои ин ки шакли гулу наrш ва ё худ тобиши ранг вайрон нашавад, амиrу даrиr донис-тан шарт буд, ки баъди ду бор пухта шудан дар таркиби масоле[и зарф чи гуна таuйирот хо[ад шуд.

Дар байни зарф[ои наrшини сирдори аср[ои IХ–Х бештар аз [ама косаву табаr[ои гуногун буданд. Шакли он[о аз [амдигир фарrи казоb надошт, фаrат баъзе xузъ[ои он[о фарr мекарданд ва асосан фарr дар андозаи он[о буд. Uайр аз косаву табаr бо усули мазкур, инчунин кeза, чароuи сиё[ ва баъзе дигар ашёи майдаву чуйдаи рeзгор исте[сол карда мешуд.

Яке аз ро[[ои ороиши зарф[ои рeзгор катиба буд. Катибаро асосан дар лаби пиёлаву коса, табаr ё худ дар мобайн xой медоданд. Катиба инчунин дар рeи кeзаву кeзача[о ва чароuи сиё[ [ам дида мешавад. Катиба одатан бо хати зебову хоно, ки низ анъанаи худро дошт, анxом дода мешуд. Мазмуни катиба[о гуногун аст: «Хайроту баракот ба со[иби ин чиз», «Баракот», «Хайрот», «Ош шавад» ва u. Дар баъзе xой[о катиба умуман таъбир[ои гуногун аст: «Аввали дониш талх асту анxомаш ширин», «Саховат пешаи мардон», «Саховат посбони [иммату давлат аст» ва u.

Аксаран наrши ин гуна зарф[о наrши оддии ислимb – яъне тасвири печдарпечи шакл[ои [андасb ва наботb аст, вале тасвири махлуrот низ ба назар мерасад, масалан, тасвири мурuон бисёр аст.

Дигар навъи наrш рангубори мармарb мебошад. Барои офаридани ин наrш ранг[ои гуногунро бе ягон тартиби муайян болои [ам порча-порча мемолиданд ва дар ин [олат ягон наrши муайяни маънодор пайдо намешуд. Дар ин гуна наrш на шакли муайяни он, балки тобиши он, мувофиrати пора[ои ранг ва xилои он му[им буд.

{амчун усули иловагии ороиши зарф[ои сафолb усули наrр, яъне харошида баровардани наrшро низ кор мефармуданд, ки он асосан дар зарф[ои наrшашон мармарb ё худ зарф[ои сирдори сабз дида мешавад. Xои харош бо сир пур карда мешуд ва дар заминаи сабзи рeи зарф наrши барxастае ба вуxуд меомад, ки асосан аз тасвири шакл[ои [андасию наботb ва расми мурuон иборат буд.

Сафолоти аср[ои IХ–Х, бе шакку шуб[а, далолат мекунад, ки дар он давра [осилнокии ме[нат хеле ривоx ёфта, бисёр дигар тарзу усул[ои кор азхуд карда, таркибу сифати сир хеле такмил дода шуд, дар наrшу нигори зарф низ хеле комёби[о дастрас гардид ва миrдори исте[соли зарф[ои сафолb хеле афзуд.