Созмони инъомоти феодалb ва заминдории шартb

Асри Х давраи феодализми мутараrrb мебошад. Давлати Сомониён давлати феодалие буд, ки манфиати заминдорону тоxирони калонро дастгирb менамуд. Ана ба [амин сабаб зикри равнаrи хоxагb, ривоxи зироат, косибb ва муомилоти пулb [аргиз чунин маънb надорад, ки ин равнаrу ривоx боиси бе[тар шудани а[воли а[ли ме[нат мешуда бошад.

Со[иби асосии обу замин давлат ва феодал[ои калон буданд. Вобаста ба [амин замин [ам ба замин[ои давлатb, феодалb, мулкb ва ваrф таrсим мешуд. Мадракоти давра[ои пешин ша[одат меди[анд, ки заминдорони хурд бо шиддати тамом шикаст хeрда хонавайрон мешуданд, ки маxбур буданд замин[ои худро «ихтиёран» ба феодал[ои калон ди[анд[1133]. Ин кор, албатта, дар асри Х [ам идома дошт.

Дар а[ди Сомониён uайр аз мулк[ои uайришартb, инчунин мулк[ои шартb, заминдории шартии феодалb низ вуxуд дошт, ки бар ивази хизмате инъом меёфт. Дараxаи равнаrи созмони инъомоти феодалb барои хизмат ва заминдории шартb яке аз нишона[ои му[ими он аст, ки xамъият «аз боло» то кадом дараxа феодалb кунонда шудааст. Аrидае [аст, ки гeё дар давраи Сомониён [ам инъомоти феодалb ва [ам заминдории шартb маrоми казоb надошт, яъне дар [аёти иxтимоию иrтисодb таъсире надошт ва тан[о дар аср[ои ХI–ХII дар а[ди Rарохониён ва Салxуrиён бо суръати тамом ривоx ёфт.[1134] Мувофиrи маълумоти баъзе маъхаз[ои хаттb дар а[ди Сомониён rариб нисфи пули давлат барои маоши хизматчиён сарф мешуд ва гeё [амин нукта боиси пайдоиши он аrида[ои мазкур гардидааст, маъхази хаттии давраи сонитар – «Сиёсатнома» равшану возе[ навиштааст, ки дар давраи Сомониён дар Хуросон иrтаъ дода намешуд.[1135] Uайр аз ин дар маъхаз[о ни[оят кам возе[ зикр шудааст, ки барои хизмати давлат ин ё он инъом дода шуда бошад ва ма[з [амин [ам боиси пайдоиши он аrида[о шуданаш мумкин аст. Ана [амин тавр дар таърих ду давраи Осиёи Миёна – аср[ои IХ–Х ва аср[ои ХI–ХII ба [ам муrобил гузошта шудаанд ва пайдоиши созмони инъомоти феодалb комилан ба Осиёи Миёнаро тасарруф кардани Rарохони[о ва Салxуrиён вобаста карда шуд.

Тадrиrоти таърихию нумизматb имкон дод, ки дар асоси материал[ои конкрети Осиёи Миёна ин масъала аз нуrтаи назари нав дида шавад[1136]. Дар натиxаи ин тадrиrот 18 инъоме кашф гардид, ки барои хизмат дода шудааст ва ба ин шумора он инъом[ое, ки rабл аз ин дар адабиёт зикр шуда буданд, аз rабили мулк[ои инъомии Симxури[ои Кe[истон дохил намешаванд. Ягон инъоме ба назар нарасид, ки ба хизматчb ё худ сарбози rаторb дода шуда бошад. Вале аниr маълум шуд, ки дар асри IХ инъомоти басо калон ва пурарзиш (де[а[о, ша[р[о, вилоят[ои том) фаrат ба а[ли сулола дода мешуд. Аммо дар асри Х, хусусан дар нимаи дувуми аср инъом бештар ба он[ое дода мешуд, ки аз а[ли сулола набуданд ва асосан аз xумлаи амалдорони оддb ва [атто баъзан амалдори хурд [ам буданд. Андозаи инъом пештара барин хеле калон буд, вале акнун инъом[ои хурдтаре [ам дода мешуд.

Инъомоти аср[ои IХ–Х ба инъомгиранда [уrуr медод, ки ба тамоми даромади мулки инъомшуда ва ё ба як rисми он даромад со[иб шавад, вале худи инъом на умрбодb буду на меросb. Касе, ки инъом мегирифт, бояд ягон вазифаро [ам иxро мекард, яъне худаш бояд со[иби мансабе мебуд–одатан ин мансаб [окими вилоят ё ша[ри инъомгардида буд ва ба ин сабаб инъомгир дар [алли масъала[ои дохилии вилоят ва ё ша[р [укуr ва имтиёз[ои калон дошт. Касоне, ки ша[р ва ё вилоятеро инъом мегирифтанд, баъзан [уrуr доштанд, ки [атто дар рeи пул номи худро сабт намоянд. Дар ин [олат муносибати байни [укумати марказb ва со[ибони мулк[ои инъомшуда ва инчунин дараxаи озодии он[о хеле мухталиф буд. Масалан, баъзе танга[ои мис аз номи сардори он сикка зада шуда, номи [окими вилояти инъомшуда дар xои назарногир rайд карда шудааст (чунин аст Самарrанд ва Шом дар чоряки севуми асри IХ; Исфиxоб дар ибтидои асри Х). Вале баръакси ин [ол бештар ба назар мерасад, яъне пули мис аз номи [амон кас бароварда шудааст, ки ша[р ё вилоятеро инъом гирифтааст, номи сардори оли Сомониён бошад, фаrат ба нишони [урмат навишта наrр гардидааст (чунинанд ша[р[ои Фарuона – Ахсикат, Насробод, Rуба ва умуман тамоми Фарuона дар якчанд давра[ои муайян). Боз як намуди дигари танга[о [астанд, ки дар он[о номи сардори он умуман зикр нашудааст ва фаrат номи инъомгирифта [асту бас (чунинанд ша[р[ои Ахсикат ва Шош дар нимаи дувуми асри IХ ва аввали асри Х). Ин [олат далолат мекунад, ки инъомгирифта, [атто ба ном тобеъ будани худро [ам эътироф накарда, майли тамоман мустаrил шудан мекард. Аз рeи он маълумоте, ки дастраси мо мебошад, аниr гуфтан мумкин, ки ин гуна рафтору кирдор фаrат ба аъзоёни оли Сомониён хос мебошад, ки вилоят[ои калонро инъом гирифта буданд.

Вилоят[ое, ки инъом мешуданд, дар [удуди давлати Сомониён аксар ваrт ба мулк[ои мустаrил табдил меёфтанд. Волии ин гуна вилоят[о (хо[ аз оли Сомониён бошад, хо[ ягон амалдори калон), аксаран худро бо [амон унвон[ое мехонданд, ки сардорони оли Сомониён доштанд.

Дар а[ди Сомониён як нав иерархияи феодалb – он муносибати тобеияту итоати зинабазинаи маъмурb ба вуxуд меояд, ки хоси феодализм аст. Чунин [одиса[о низ ба rайд гирифта шудааст, ки масалан, сардори оли Сомониён ба амалдоре ша[р ва ё вилоят[оеро инъом мекунаду худи он мансабдор rисми мулки инъомии худро ба каси дигар мебахшад. Дар Фарuона як мулки инъом-шударо ба чор rисмат таrсим карда, боз чор бори дигар инъом кардаанд.

Бояд rайд кард, ки иrтаъдорон мекeшиданд, ки [уrуrи худро васеъ кунанд, [укумати марказb бошад, ба ин кeшиши он[о монеъ мешуд. Дар ин талош го[ як тараф, го[ тарафи дигар дастболо мегардид. Масалан, Наср ибни А[мад ба додараш Исмоил [уrуr дод, ки як rисми хироxи вилояти Бухороро гирад. Исмоил бошад, як rисм не, тамоми даромади Бухороро гирифтанb шуд. Кори Исмоил аввал дар ин боб барор накард, вале баъдтар вай ба маrсадаш расид, ки ин аломати маuлубияти [укумати марказb буд.

Вале дар дигар як чунин [одиса [укумати марказb uалаба кард. Rуба ва Насробод ном ша[р[ои Фарuона ба амалдорони калон инъом шуда буд. Инак, ин амалдорон барои вусъати [уrуrи худ ба задухeрд даромаданд, вале ин задухeрд бо [амин анxом ёфт, ки [ар ду ша[рро аз дасти он амалдорон кашида гирифтанд. Аз ин воrеа[о хеле пештар низ маълум шуда буд, ки барои мулки умрбод ва меросb шудани Ахсикат муборизаи шадиде мерафт. Гуфтан лозим, ки дар он давра Ахсикат дар ихтиёри оли Сомониён буд ва дар ибтидо Ахсикат, [атто аз дасти он[о рафт – сол[ои зиёде дар ша[р ягона со[иб Ис[оr ибни А[мад буд ва баъди e ша[рро писараш мерос гирифт. Фаrат пас аз он ки Ис[оr ибни А[мад барои тахт исён бардошта, шикаст хeрд, [укумати марказb Фарuонаро аз дасти e кашида гирифт ва бо имтиёзи хеле ма[дудтар Ахсикатро ба каси дигар инъом намуд. Дар а[ди Сомониён Кe[истон мулки инъоми чор насли Симxeри[о буд.

Хуллас, дар [аёти иxтимоию иrтисодии давлати Сомониён созмони инъомоти феодалb мавrеи намоён дошт. {атто вилоят[ои марказb ва асосии давлат (Самарrанд, Бухоро, Шош, Фарuона ва u.) ва, инчунин баъзе дигар ша[р[о дар давра[ои гуногун мавриди инъом гардида, аксар ваrт ба мулк[ои мустаrилу саркаши дохили давлати Сомониён табдил меёфтанд.

Баъзе ишорат[ои равшани маъхаз[о ва мисоли [амин гуна [одиса[ои Эрони uарбb ва Ироr ва, алалхусус, ша[одати ал-Хоразмb ба мо имкон меди[анд иддао намоем, ки ин гуна инъомоту подош дар Осиёи Миёнаи а[ди Сомониён иrтаъ ва тeъма ном дошт. Ал-Хоразмb котиби вазири Сомониён буд ва асари худро дар мобайни сол[ои 976–991 таълиф кардааст. «Вазифаи вай асосан [амин буд, ки барои девон маълумотномае тартиб ди[ад ва ин маълумотнома ба шакли фар[анги тафсирие навишта шуда буд, ки доираи васеи донишро дар бар мегирифт».[1137] Инъомоту подоши феодалии замо-наашро вай бо ду таъбир ифода кардааст.[1138] Тeъма инъомест, ки умрбод дода мешуд, вале аз ин замин[ои инъомb як миrдор хироx додан лозим буд. Яъне дар ин сурат тeъмадор на [амаи даромади заминро, балки фаrат як rисми онро со[ибb мекард. Иrтаъ инъомест, ки со[иби он [аr дошт онро мерос гузорад ва зимнан иrтаъдор со[иби замини инъомb дониста мешуд. Гарчанде дар ин давра ва дар давра[ои минбаъда иrтаъ расман инъоми даромади замин бошад [ам, чи тавре ал-Хоразмb [ам ишорат кардааст, иrтаъдор дар асри Х амалан ба [уrуr[ои калон молик гардид ва худи иrтаъ, [атто меросb шуд. Анвои гуногуни инъомот, ки асосан ба туфайли мадрак[ои нумизматb ошкор гардиданду он[о дар аср[ои IХ–Х дар Осиёи Миёна вуxуд доштанд, ба тамоми он тавсифоти иrтаъ ва тeъма, ки ал-Хоразмb додааст, комилан мувофиrат мекунад. Дар айни [ол, набояд аз мадди назар дур андохт, ки rариб нимаи наrдинаи давлати Сомониён барои маоши [арбиён ва амалдорон харx мешуд. Дар давлати Сомониён ду тамоюл ошкоро мухолифат доштанд – аз як тараф, анвои инъомоти феодалb беш аз пеш ривоx меёфт, аз тарафи дигар, [укумати марказb ба амалдорон торафт бештар маош дода, мекeшид, ки ривоxи анвои инъомотро боздорад.

Мувофиrи далолати баъзе маъхаз[о, бисёр одамони он давра наuз мефа[миданд, ки ривоxи инъомоти феодалb, [ам барои иrтисоди мамлакат ва [ам барои [укумати марказb оrибати мe[лик дорад. Агар ин ё он шароити мусоид ба даст ояду бе инъомоти замин [ам корро пеш бурдан мумкин шавад, [укумати марказb [аракат мекард, ки замин инъом накунад (масалан, чунин буд дар а[ди Uазнавиёни аввал).

Дар ин асос метавон гуфт, ки давлати Сомониён як навъ давраи гузаришро аз сар мегузаронд. Муборизаи он ду тамоюли мухталиф боиси он гардид, ки дар аср[ои IХ–Х амалдорони rаторb ва табаrаи [арбиён аз иrтаъ ва тeъма тамоман ма[рум карда шуданд ва дар ин кор [укумати марказb [анeз дар мавrеи худ пойдор буд.

Дар бобати табаrаи болои синфи [укмрон бошад, [укумати марказb маxбур мешуд, ки ба он[о беш аз пеш замин инъом кунад ва ягона коре, ки аз дасташ меомад, барои мулки меросb нашудани ин замин[о мубориза мебурд ва гуфтан лозим, ки [амин муборизааш [ам на [ама ваrт натиxае медод. Шакке нест, ки дар вилоят[ои uарбии хилофат (алалхусус, дар нимаи дувуми асри Х дар давлати оли Бeя) ин тавр феодалb шудани xамъият хеле пеш рафта буд. Вале дар давлати Сомониён [ам вазни rиёсии заминдории феодалb ё худ шартb (яъне замини инъомb) хеле калон буд.