Анxоми ташаккули халrи тоxик

Дар [амон даврае, ки [окимият дар Мовароунна[ру Хуросон дар дасти Сомониён буд, ташаккули халrи тоxик анxом ёфт. Дар шароити нави истиrлоли давлатb бисёр анъана[ои мадании пештара боз таxдид гардиданд, сарват[ои нави маънавb, аз xумла, назми классикb, ки дар тамоми xа[он эътироф гардидааст, ба вуxуд омад.

{анeз хеле пештар аз оuози ворид шудани араб[о ба Осиёи Миёна бо шарофати равнаrу ривоxи иртиботи иrтисодb ва мадании байни но[ия[ои гуногун ва давлат[ои ало[идаи Осиёи Миёна, ба туфайли дар шароити муносибат[ои мутараrrb хеле равнаr ёфтани ша[р[о равшану возе[ муайян шуда буд, ки баъзе халrият[ои Осиёи Миёна, алалхусус халrият[ои муrимb, майл доранд, ки дар як халr мутта[ид ва муттафиr шаванд.

Протсесс[ои этникие, ки аз давра[ои rадим дар Осиёи Миёна xараён дошт, боис гардид, ки суuдиён, хоразмиён, фарuониён, тахориён барин халrият[ои гуногуни ало[ида пайдо шуданд. {ар як аз ин халrият со[иби маданияти худ буд. Вале чунин иддао [ам uалат мебуд, ки маданияти ин халr[о [ар яке тамоман мустаrилу махсус буду бо [амдигар муносибате надошт, дар айни [ол, он[оро як чизи том номидан [ам мумкин не, зеро [ар яки он[о дар худ аз маданияти калоне, ки хоси тамоми Осиёи Миёна буд, rисмеро таxассум менамуд. Забони ин халrият[о ба забони шарrиэронb мансуб буд, вале мувофиrи маълумоти маъхаз[о дар Тахористон се забон будааст: забони «ма[аллb» (шояд шарrиэронb бошад), забони «тахорb» ва забони «туркb». Худи он халrият[о аз мардуми муrимb ва кeчманчb таркиб ёфта, кeчманчиён [амон кeчманчиёне буданд, ки то ибтидои милод бе истисно [ама тоифа[ои шарrиэронb буданд, аз он xумла, [амон кeчманчиёне, ки ба итти[оди тоифа[ои сакоb дахл доштанд. Аз аср[ои охирини то милод ва аз ибтидои аср[ои милод сар карда, ба Осиёи Миёна дар баробари омадани гурe[[ои эронизабон, инчунин rабила[ои uайриэронизабон, аз xумла, rабила[ои туркзабон низ омадан мегиранд. Алалхусус, фаrат дар давра[ои Хоrони турк ба Осиёи Миёна хеле зиёд rабила[ои туркзабон омада, маскун гариданд, аз аср[ои VI-VIII сар карда, турк[о дар таърихи этникии Осиёи Миёна маrоми муайяне пайдо кардан гирифтаанд.

{удуди байни халrият[о як чизи рахнанопазири муста[ками касногузар набуд, балки протсесси аз як халrият ба халrияти дигар гузаштани унсур[ои гуногун авxи тамом дошт. Ин протсесс на фаrат дар байни халrият[ои ба [ам наздик, балки байни халrият[ои аз якдигар дур –масалан, байни халrият[ои муrимb ва кeчманчb [ам ба амал меомад. Дар Осиёи Миёна дар тeли [азорон сол кeчманчиён ба тарзи муrимии [аёт гузашта, зироаткор мешуданд, ба таркиби он мардуме дохил мешуданд, ки дар де[аву ша[р[о зиндагb мекарданд. {амин xи[ат [ам хеле му[им мебошад, ки халrият[ои гуногунзабон бо [амдигар [амсоя шуда, иртиботи зичи маданb, иrтисодb ва этникb барrарор менамуданд. {амаи ин боиси он мегардид, ки билингвизми xузъb ва ё худ пурра ба вуxуд меомад, халrият забони аслии худро гум мекард, дар шаклу усулу намуд[ои гуногун унсур[ои хоxагидорb ва маданb ва ё худ тамоми комплекси маданию хоxагиро rабул мекард, шакл[ои мутаrобили уклад[ои хоxагиро барпо менамуд ва u. Механизм ва, инчунин вариант[ои ин гуна муносибати тарафайни халrият[ои Осиёи Миёнаро забоншиносон ва этнограф[о наuз тадrиr кардаанд. Ба туфайли ин тадrиrот чунин [одиса[ои аxоибу uароиб ба назар мерасанд – масалан, [ардури[ои тоxикзабон, ки тарзи [аёт ва маданияти eзбекони кeчманчиро азхуд намудаанд ва ё rабилаи аслан кeчманчии туркизабони «турк», ки дар но[ия[ои Кeлоб маскун гардида, ба тарзи [аёти муrимb гузаштанд ва забони аслии худро фаромeш карда, ба забони тоxикb гап мезананд. Шакл[ои гуногуну аxоиби билингвизм дар байни тоxикони Чуст ва Бухоро [ам ба назар мерасанд.[1148]

Шакке нест, ки нико[и байни халrият[о ва дурага шудани мардум xой дошт ва дар ин бора маъхаз[ои хаттb [ам ша[одат меди[анд. Вале мардуми асосии Осиёи Миёна ба як нажод – ба нажоди мовароунна[рb, ё худ ба нажоди помиру фарuонb мансуб мебошад. Ин яке аз калонтарин шоха[ои нажоди европоb буда, онро антрополог[ои советb Л.В.Ошанин, А.И.Ярхо ва баъзе дигарон кашф намуда, хусусият[ои онро муrаррар намудаанд. Ин типи антропологb чунин нишонаву аломат[о дорад: тар[и рeй па[н набуда, балки каме ба пеш барxа[ида аст ва хеле сермeй мебошад. Устухони рухсора[о аён нест ва худи рeй [ам рафидашакл намебошад, андозаи бинb на калону на хурд, теuдори хуштар[ (бинии аксари помири[о минrоршакл). Ранги чашм[о асосан сиё[, вале дигар ранг[о [ам [аст (мeй[о [ам асосан сиё[). Агар ба тар[и косахонаи сар аз боло назар кунем, гирда менамояд, аз ин xост, ки нажодро «брахитсефал[о» (яъне «каллакулeла[о») меноманд. Намояндагони ин нажод асосан миёнаrад (166-167 см) мебошанд.

Ба нажоди мовароунна[рb тоxикон (тозатарин намуди зо[ирии нажоди он[о дар симои тоxикони кe[истон ва но[ия[ои даромадго[и Помир боrb мондааст) ва eзбек[о мансуб мебошанд, вале дар симои eзбек[о аломат[ои нажоди муuул хеле аён ба назар мерасанд.

Дар бораи пайдоиши ин нажод чанд фарзия [аст. Мувофиrи яке аз ин фарзия[о нажоди мазкур дар натиxаи омезиши чанд нажоди типи европоие пайдо шудааст, ки дар давра[ои хеле rадим дар Осиёи Миёна маскун будаанд, мувофиrи дигар фарзия, нажоди мазкур натиxаи инкишофу такмили яке аз он нажод[о мебошад ва ин протсесс дар ибтидои [азораи якуми милод xараён дошт. Баъзе антрополог[о ин санаро хеле дуртар бурдаанд.

Дар миёна[ои [азораи I милод омадомади тоифа[ои турк ва дигар rавм[ои муuулнажод хеле зиёд мешавад. Вале дар мар[алаи аввал муuулшавии симои нажод нисбат ба протсесси туркшавии забони он хеле суст-тар буд.

Дар давра[ои минбаъдаи таърихb инкишофу такмили нажоди мовароунна[рb давом дошт ва ал[ол он хеле дигар гаштааст ва дар [ар як но[ия[ои сукунати мардум со[иби хусусияти хос мебошад (ин таuйиру дигаргуни[о натиxаи протсесс[ои гуногуни такмилу инкишофи чандинасрb, натиxаи омезиш ва ё худ баръакс, xудоии мардум мебошад).[1149]

Дар Осиёи Миёна дар давра[ои ибтидои истилои араб[о суuдb, фарuонb, хоразмb, [айтолb барин забон[ои шарrиэронb па[н шуда буданд. Забони портb, ки ба доираи забон[ои uарбиэронb мансуб аст, дар аввал[ои аср[ои V-VI дар хоки Туркманистони xанубb ва Хуросон умуман бар[ам хeрда буд.

Забони имрeзаи тоxикb аз забон[ои uарбиэронb мебошад. Ба аrидаи забоншиносон асоси он ла[xаи xанубу uарбии Форс аст, ки он баъдтар ба тарафи шимол ва шимолу шарr па[н шуда, бисёр унсур[ои забон[ои гурe[и шимолу uарбb, аз xумла, унсур[ои забони портиро [азм менамояд ва билохир, дар ин забон аломату хусусият[ои бисёр ла[xа[ои uарбиэронb бо [ам омезиш меёбанд.

Навиштаxоти форсb (аниrтараш форсии миёна)-и аср[ои VII-VIII, ки дар rарибии Марв ёфт шуд, равшан далолат мекунад, ки дар ин давра дар ин xой[о бо забони форсb (тоxикb, ки онро «забони форсии дарb» ё худ «забони форсb» [ам номидаанд) [арф мезаданд. Мувофиrи маълумоти пурарзиши ал-Xа[шиёрb то худи соли 742[1150] дар Хуросон хати форсиро кор мефармудаанд (э[тимол, ин хат дар асоси [уруфоти па[лавb тартиб ёфта буд) ва зимнан котибонро муuон меномиданд. Мувофиrи ривояти ал-Муrаффаъ ва Маrдисb [ам чунин бармеояд, ки дар нимаи аввали асри VIII дар Балх забони форсb па[н шуда буд.

Аллакай дар аср[ои VII-VIII мавrеъ ва маrоми ин забон дар шимолу шарrи Эрон, шимоли Афuонистон, xануби Осиёи Миёна ва, аз xумла, дар xануби Тоxикистон хеле муста[кам шуд. Дар ин бора uайр аз маълумоти ал-Муrаффаъ, ки дар боло зикр шуд, инчунин маълумот[ои зерин ша[одат меди[анд: маълумоти Хой Чао дар бораи вуxуд доштани забони махсуси тахорb, маълумоти Табарb роxеъ ба он, ки а[ли Тахористон шикасти араб[оро масхаракунон [аxвия[о месуруданд ва ни[оят маълумоти топонимика. Дар асар[ои олимони аср[ои VIII-Х забони тоxикb бо Хуросон, аз xумла, бо Балх ил[оr карда шудааст. Аз э[тимол дур нест, ки ма[з дар [амин давра, яъне дар давраи пеш аз истилои араб му[имтарин хусусият[ои он забон ташаккул ёфта буд. Сабаб[ои гуногуни сиёсb, таъrиб карда шудани маданияти ма[аллb – [амаи ин носози[о пеши ро[и инкишофи минбаъдаи забон[ои суuдb, хоразмb ва дигар забон[ои шарrиэрониро гирифта буданд. Дар айни замон дар ин давра кeчокeчи мардуми зиёде, ки аксари он[о ба «забони форсb» гап мезаданд, хеле авx гирифт.

Забони форсb аз Марв, Балх ва дигар марказ[ои маъмурb, иrтисодb ва мадании Хуросони шимолb ба тамоми Мовароунна[р интишор ёфта, ботадриx xои забон[ои шарrиэронии Осиёи Миёна – суuдb, тахорb (бохтарb)-ро гирифт. Барои илм тафсилоти ин протсесс ва шароити аниrи xараёни он торик аст. Э[тимол, забони форсb чандин аср пеш аз истилои араб[о ба Осиёи Миёна баробари монавия омада бошад. Аниr маълум, ки дар марказ[ои калони Осиёи Миёна, масалан, дар Самарrанд дар аср[ои VI–VII xамоат[ои калони монавиён амал мекарданд. Мо асос дорем иддао кунем, ки дар xамоат[ои монавиёни ин xо [ам чун дар xамоат[ои монавиёни Туркистони шарrb ба забони форсb гап мезаданд. Истилои араб[о, ба [айъати хилофат дохил карда шудани Мовароунна[р, xоннок шудани робитаи иrтисодb ва мадании Мовароунна[р бо дигар вилоят[ои хилофат, па[н шудани ислом – [амаи ин[о [ам протсесси дар Мовароунна[р па[н шудани забони форсиро хеле тезонида метавонист.

Пеш аз [ама бояд гуфт, ки дар [айъати лашкари араб[о, ки Мовароунна[рро истило мекард, бисёр одамони uайриараб [ам буданд, ки он[оро маволb меномиданд. Маволиён он мардуме буданд, ки зери тасхири араб[о монда, исломро низ rабул карда, дар [имояти яке аз rабила[ои араб буданд. Дар лашкари волиёни Хуросон, ки ба истилои Мовароунна[р ро[барb мекарданд, ин гуна маволи[о зиёд буданд ва аксари он[о аз худи Хуросон мешуданд. Ин маволи[ои форсизабони xо[у давлатталаби [арису зархарид, ки исломро оварда буданд, бо xидду xа[ди тамом Мовароунна[рро тасхир намуда, дар вилоят[ои истилошуда исломро зeракb xорb мекарданд. Албатта, дар ин гуна шароит [удуди интишори забонро ба [удуди па[ншавии халr баробар кардан лозим нест, зеро маълум ки [удуди па[ншавии забон хеле васеътар мешавад (мисоли классикии ин [одиса таърихи дар Европаи uарбb па[н шудани забони лотинb аст). Мувофиrи ривояти [адис[о забони форсb дар [амон давра[о ва зотан дар давра[ои сонитар [ам, василаи му[ими тарuиби дини ислом буд. Ба rавли Наршахb (асри Х) дар як масxиди Бухоро, ки соли 713 бино шуда буд, Rуръонро ба забони форсb rироат мекардаанд. Чунин [одиса маълум, ки соли 728 яке аз воизони дини ислом аз тарuиби дин дар Самарrанд фаrат ба [амин асос даст кашидааст, ки забони форсиро ба хубb намедонис-тааст.

Инаш [ам маълум, ки [ам дар па[н шудани дини ислом ва [ам дар па[н шудани забони форсb сабаб[ои иrтисодb [ам хеле му[им буданд. Масалан, rабули ислом каси исломовардаро аз баъзе андоз[о озод мекард, робита[ои сиёсb, маданb ва иrтисодии байни Мовароунна[р ва Хуросону дигар но[ия[ои Эрон, тоxирону косибони ша[р[ои Суuдро водор менамуд, ки забони форсиро азхуд кунанд.

Албатта, протсесси ба забони форсb гузаштани а[олии суuдизабони Мовароунна[р протсесси тeлонb буд. Аз rайд[ои сайё[и Хитой Сюан-сзан, ки соли 630 саросари Осиёи Миёнаро гашта буд, дида мешавад, ки номи Су-ли (яъне Суuд) ба тамоми кишвари нопайдоканор – аз худи Суёоб (водии дарёи Чу) сар карда, то худи Кеш (Ша[рисабзи [озира, яъне андаке xанубтари Самарrанд) нисбат дорад, яъне [ам забони мардуми ин кишвар ва [ам хати он суuдb буд. Чи тавре мебинем, дар ибтидои асри VIII забони суuдb на фаrат дар хоки худи Суuд (водии Зарафшон ва но[ия[ои атрофи он, во[аи Rашrадарё ва u.), балки дар хоки {афтруд низ па[н шуда буд, ки он xой[оро суuдиён фаъолона тасхир мекарданд. Боз як исботи он, ки а[ли водии Зарафшон дар чоряки аввали асри VIII [анeз ба забони суuдb гап мезаданд, худи [амон [уxxат[ое мебошанд, ки аз Rалъаи Муu ба даст омада буд. Тадrиrи ин [уxxат[о нишон дод, ки тамоми мукотибаи Деваштич ва дигар феодал[ои Суuд ба забони суuдb бурда мешуд. Мактуб[ое, ки аз номи Деваштич фиристода шуда буданд ва тамоми мактуб[ое, ки ба номи Деваштич меомаданд, ба забони суuдb навишта шудаанд. Наршахb як воrеаи аxиберо овардааст, ки ба давраи истилои араб[о тааллуr дорад. Истилогарон а[ли Бухороро барои хондани намоз маxбуран ба масxиде мебурданд, ки соли 713 сохта шуда буд. Азбаски бухориён (ё худ як rисми бухориён) дар он ваrт на забони арабb ва на забони форсиро медонистанд, ба ин сабаб дар rафои намозхон[о як одами махсус меистоду ба забони суuдb луrма медод, ки кай ба саxда раванд, кай аз xой хезанд ва умуман одоби намозро чи гуна ба xо оваранд.

Аз афти кор, фаrат дар аср[ои IХ-Х rисми асосии мардуми ша[р[ои калони Мовароунна[р (Самарrанд, Бухоро ва u.) ба забони форсb гузаштанд.

Чи тавре маълум аст, [анeз дар асри Х дар Бухоро адабиёти мукаммали форсизабон вуxуд дошт. Вале дар кишлоrxой[о, дар xой[ои дур аз ша[ру ро[[ои калон, дар но[ия[ои дурдасти кe[истон забони суuдb дар амал буд. Ба rавли географи араб Маrдисb дар охир[ои асри Х дар рустак[ои Бухоро (дар де[а[ои тобеи Бухоро) ба забони суuдb гап мезаданд: «Суuдиён худ забон доранд; забони рустак[ои Бухоро низ тобеи он аст; худи забон хеле ла[xа[о дорад. Вале [ама якдигарро мефа[манд, он xо имоми аъзам Му[аммад ибни Фазлро дидам, ки ба суuдb бисёр [арф мезад».

Чи тавре дар боло [ам rайд кардем, дар сарга[и Зарафшон ва алалхусус, дар но[ияи шохоб[ои сарга[и он ла[xа[ои забони суuдb дар тeли тамоми аср[ои миёна вуxуд доштанд ва яке аз он[о бошад, дар водии Яuноб (шохоби чапи Зарафшон) дар рeз[ои мо [ам вуxуд дорад.

А[олии суuдизабон ба забони форсb гузашта, ба он баъзе унсур[ои забони суuдb, алалхусус, унсур[ои лексикии худро дохил мекарданд.[1151]

Айнан бо [амин ро[[о забони форсb аз но[ия[ои rадимии Тахористон ла[xа[ои ма[аллии шарrиэрониро аз байн бардошт.

Хуллас, забони форсb аввал дар ша[р[о ва баъди он дар rишлоrxой[о па[н шуд, ки дар ин хел xой[о то худи асрхои Х–ХI [ам бисёр одамон зиндагонb мекарданд ва ба забони суuдb гап мезаданд. Мувофиrи ривояти сайё[они асри Х ва маъхаз[ои хаттии [амон давра[о, забони форсb, яъне забони тоxикb ба чанд ла[xа таrсим мешуд ва мардуми [ар як но[ия ва [атто ша[р[ои калон бо ла[xаи худ гап мезаданд. Ла[xа[ои Самарrанд, {ирот Нишопур, Марв, Балх ва u. номбар шудаанд. Дар айни [ол, ла[xа[ои шарr ба туфайли xудо шуда мондани худ, ба туфайли махсус будани талаффузи калима[о ва бисёр истифода шудани калима[ои забон[ои шарrиэронb аз ла[xа[ои uарб фарrи калон дошт. Ла[xа[ои шарrро «форсb» ва ла[xа[ои uарбро «аxамb» меномиданд ва истило[и «форсb»-ро хеле баъдтар ба ла[xа[ои uарб нисбат медодагb шуданд. Ба аrидаи забоншиносон, аллакай дар аср[ои Х-ХI баъзе хусусият[ои забоние ба назар мерасиданд, ки хоси забони имрeзаи тоxикb буданд ва онро аз забони имрeзаи форсb фарr мекунонданд. Вале фаrат пас аз мурури ним [азор сол ин фарrият як шакли муайянро гирифта тавонист.

Бисёр масъала[ои му[ими ташаккул ва такомули забони тоxикb [анeз мавриди тадrиrи амиrи забоншиносон нашудааст: масалан, [оло [ам масъалаи замон ва макони ташаккули ин забон ба[снок мебошад.[1152]

Ба забони тоxикb дар аср[ои IХ-Х адабиёти бой ба вуxуд оварда шуд. Ба забони адабии тоxик ла[xа[ои хуросону осиёимиёнагb асос гардиданд. Забони адабии тоxик низ ташаккул ёфта, бо он забон шо[асар[ои оламшумули адабиёти тоxику форс навишта шудаанд.

Равнаrу ривоxи адабиёт басо му[иму намоён бошад [ам, фаrат як xи[ати ташаккулу такомули забони тоxикиро таxассум менамуд. Дар аср[ои IХ-Х дар илм, дар маданияти моддb ва маънавb дигаргуни[ои амиr ба амал омада, дар ни[ояти кор боиси ба вуxуд омадани мактабу равия[ои Осиёи Миёна гардиданд. Маданияти вилоят[ои гуногуни таърих беш аз пеш ба [амдигар шабо[ат пайдо кардан гирифтанд.

Гарчанде ташаккули халrи тоxик аллакай дар аср[ои IХ-Х анxом ёфта бошад [ам, дар аср[ои минбаъда низ он бетаuйир набуд. Аз як тараф, протсесси консолидатсияи халrи тоxик, таrвияти умумии маданияти маънавb ва моддии он ба амал меомад. Аммо истилои аxнабиён, парокандагии феодалb боиси протсесс[ое мешуданд, ки баръакси протсесс[ои болоb буданд. Дар таърихи этникb ва мадании тоxикон муносибат ба rавму тоифа[ои туркзабон, ки маrоми он[о дар [азораи II милодb якбора боло рафт, беш аз пеш а[амият пайдо мекард. Байни ин халr[о rаробате пайдо шуд. Он[о якxоя зидди душманони синфb ва истилогарони аxнабb мубориза мебаранд. Дар тамоми не[зат[ои халrии аср[ои минбаъда, дар набард[ои rа[рамононаи зидди истилогарони хориxb мо тамоми намояндагони ниёгони халr[ои Осиёи Миёнаро, алалхусус, фарзандони ду халrи наздику [амсоя – халr[ои тоxик ва eзбекро дар як саф, па[лe ба па[лe, китф ба китф мебинем. {ар яке аз ин халr[о ба ганxинаи маданияти xа[он дурдона[ои беба[ои худро гузошт, мо ин са[ми он[оро тадrиr менамоем ва дар айни [ол, из[ор медорем, ки он[о бо [амдигар алоrаву робитаи зич доштанд ва ба [амдигар таъсир мерасонданд.

Хуллас, дар аср[ои IХ-Х дар Мовароунна[ру Хуросон умумияти азими этномадание ташаккул ёфт, ки он таrрибан пурра ба [айъати давлати То[и-риён, Саффориён ва, алалхусус, Сомониён дохил мешуданд. Ин умумияти эт-никb фаrат дар миёна[ои аср[ои Х-ХI ва ё худ дар нимаи аввали асри ХI со[иби ном шуд. Ба rавли Бай[аrb соли 435/1043-44 яке аз муrаррабони султон гуфтааст: «Мо, ки тозик [астем...»[1153] То ин дам «тозb» гуфта, араб[оро дар назар доштанд. Худи [амон Бай[аrb ривоят мекунад, ки дар му[орибаи назди Дандонаrон (1040) [индуву арабу курд[о фирор карданд ва тан[о сарбозони тозик бо xасорат xангиданд.[1154] Хуллас, дар нимаи аввали асри ХI истило[и «тоxик» номи он халrе гардид, ки дар Осиёи Миёна ва Хуросон ташаккул ёфт.[1155]