Касбу [унар дар аср[ои ХI–ХII

Маркази асосии касбу [унар ва тиxорат ша[р буд. Касбу [унари ша[рии онваrта аксаран ба тавассути маълумот ва мадрак[ои бостоншиносb омeхта шудааст. Бостоншиносон, беш аз [ама, доир ба тавлиди маснуоти кулолb ва шишагb маълумот ба даст овардаанд.

Барои аср[ои ХI–ХII, rабл аз [ама, ба дараxаи хеле зиёд афзудани [аxми исте[соли маснуоти кулолb ва дар айни замон ба худ шакл[ои rолибb гирифтани он[о характернок аст. Дар исте[соли зарф[ои «сари дастархон» мавrеи калонро косаву табаr[ои бесир, вале пурнаrшу нигор ишuол менамуданд, ки ин [ам xи[ати хоси пешаи кулолии онваrта мебошад. Зарф[ои сирдодашуда [ам дар аср[ои ХI–ХII ба таври васеъ па[н гардида буданд, он[оро дар чунин гeша[ои дурдасти кe[истони Осиёи Миёна, ки дар аср[ои IХ–Х аз ин rабил зарф[о асаре набуд ва ё хеле камёб буд, дучор омадан мумкин аст. Дигар таuйирот[ое [ам, ки олоти кулолии аср[ои ХI–ХII ва ибтидои асри ХIII-ро аз давра[ои пешина фарr мекунонанд, ба амал омаданд.

Исте[солоти кулолии аср[ои ХI–ХII [ам аз нуrтаи назари техника ва технология, [ам аз нуrтаи назари шаклу ороиш хеле хуб омeхта шудааст,[1267] зеро бостоншиносон зарф[ои мансуб ба ин давраро дар хароба[ои тамоми ша[ристон[ои асримиёнагb ба миrдори зиёде пайдо намудаанд. Дар як rатор ма[ал[о осори исте[солот мушо[ида гардида, кeра[ои сафолпазb, rолиб[ои наrшпартоb ва асбоб[ои махсуси кeра (овеза ва xойго[и зарф; сепоя барои аз [ам xудо кардани зарф[о ва uайра) ёфта шудаанд.

Зарф[ои сирдодашуда дар исте[солот мавrеи асосb доштанд. Бештар сири сиё[чаранги шаффоф ва мисли пештара хиратоб ба кор бурда мешуд. Аз байни сир[ои uайришаффоф хусусан сири фирeзафоми хушсифат ва зебо, ки дар ваrт[ои охир пайдо шуда буд, беш аз пеш мавриди истифода rарор мегирифт.

Дар баробари шакл[ои кe[наи зарф[ои сирдор шакл[ои нави такмилёфта низ ба вуxуд меомаданд. Чунончи, агар дар аср[ои IХ–Х чароu[о равuандони мудаввар ва нeги кeто[ дошта бошанд, дар аср[ои ХI–ХII бо баробари ин шакл чароu[ое пайдо мешаванд, ки равuандони он[о рахдор, нeгашон тарошида ва дарозтар аст.

Дар ваrти минокорb зарф[о мисли пештара бо хат[ои [андасb, наrш[ои наботb, тасвири мавxудоти зинда (хусусан парандагон) ороиш меёбанд. Заминаи наrшу нигори зарф[о аксаран соф ва беранг буда, ранг[ои норинxb ва сиё[ низ васеъ кор фармуда мешаванд. Ранги тасвирот хеле гуногун: сиё[ ва сафед, rа[вагb ва сурх, сабз ва зард, кабуд ва нилуфарb аст. Дар ороиши зарф[о тамоми комёби[ои замони гузашта истифода шуда, дар айни замон он[о таuйир ва такмил [ам ёфтаанд.

Навиштаxоти аз [ад зиёди хайриятхо[она ва пандомез аз байн рафта, xои онро навиштаxоти мухтасар мегирад, ки [атто аз як калима иборат буда, ин калима чандин бор такроран сабт мегардад; наrш[ои катибавие ба вуxуд меоянд, ки аз шакл[ои зебои [уруфb фаро[ам омада, ягон маъниро ифода намекунанд ва хонда [ам намешаванд. Дар тасвири мавxудоти зинда низ аломат[ои рамзb ба назар мерасанд. Масалан, тасвири мурuон, ки аз rадим дар ороиши зарф[о истифода мешаванд, хеле сат[b мебошад, аксар ваrт, [атто сурати мурu пурра оварда нашуда, фаrат rаноти он такрор ба такрор тасвир мегардад.

Наrш[ои [андасb ва наботb низ гуногун мебошанд. Ду тариrаи ин наrш[о дида мешавад: яке наrшест, ки фаrат як rисми рeи зарфро фаро гирифта, дар заминаи фарох па[н мегардад ва одатан заминаш сабз ё зардранг мешавад; дигаре наrшест, ки тамоми рeи зарфро пeшида, дар заминаш ягон xои холb намегузорад. Бисёр наrшу нигор[ои тоза ва рангубор[ои нав пайдо мешаванд. Масалан, наrш[ое, ки бо хат[ои нафиси сафед, сиё[ ва норинxb дар заминаи rа[варанг кашида шудаанд, ни[оятдараxа назаррабоянд.

Дар аср[ои ХI–ХII сафолоти кошинb тайёр карда мешуд. Сафоли он сафед ва ё андаке пуштиранг, мeрт (зудшикан) ва ковок буд. Ба рeи он луоби кабудча ва ё нилобb медавониданд. Дар девора[ои тунуки он сeрохча[ои гирда, секунxа ё худ чоркунxа мекушоданд, ки пас аз сир додан [амчун наrш[ои зебо диrrатро ба худ xалб мекард.

Зарф[ои сафолии тунуки бесир ва пурнаrшу нигори аср[ои ХI–ХII хеле [унармандона сохта шудаанд. Аксари ин зарф[о аз кeза[ои да[антанги гуногуншаклу гуногун[аxм иборатанд, ки танаи он[о го[ гирд ё мурeдшакл ва го[ мисли фулуз печухамдор мебошанд. Барои наrшу нигори кeза аз восита[ои техникb низ истифода бурдаанд. Чунончи, rисм[ои боло ва поини кeза ва баъзан да[ани онро [ам дар даруни rолиб[ои наrшин сохта, сипас, [амаи ин rисм[оро ба [ам васл мекарданд. {амчунин ба воситаи rолиб[ои махсус дар рeи зарф[ои тайёр [ар гуна сурат ва наrш[о мепартофтанд. Дар ороиши олоти сафолb боз дигар восита[о низ ба кор бурда мешуданд.

Наrш[ои [андасb ва наботb, катиба, тасвири [айвон, мурu, мо[b, одам ва [ар гуна махлуrоти хаёлb зарф[ои зарифи зеварии онваrтаро зебу оро додаанд. Тасвироти рeи ин зарф[о ба таври гуногун тартиб ёфтаанд. Яке аз услуб[ои маъмул хат[ои тасмашаклест, ки дар дохили яке катиба, дигаре наrш[ои мураккаби наботb ва севумb сурати [айвон xой гирифтааст. Офтобаи мисии катибадори бо наrш[ои паранда ва [айвон[ои болдори афсонавb ороишёфта ма[сули кори усто[ои аср[ои ХI–ХII мебошад. То [ол дар [удуди Иттифоrи Советb да[ адади он пайдо шудааст, ки шаштоаш аз музофоти Ўротеппа мебошад. Rимати зарф[ои мисb ва биринxb на тан[о дар ороиши он[о ва санъати кори усто[ост, инчунин дар он аст, ки дар рeи баъзеи он[о номи усто[о сабт гардидаанд[1268].

Тимсоли дурахшони тараrrии касбу [унар дар аср[ои ХI–ХII маснуоти шишагист[1269]. Дар ин давра махсусан шишаи тиреза хеле маъмул ва мустаъмал буд. Дар бисёр ма[ал[о, аз xумла, дар хароба[ои ша[ристони rадимаи Марв, як rатор мавзеъ[ои Хоразм ва Фарuона, дар ша[ристони асримиёнагии Тароз ва uайра осори ин навъ шишаолот дарёфт гардидааст. Шиша[ои онваrта аксаран беранг буда, rабл аз [ама, ба маrсад[ои амалb дар тиреза истифода мешуданд. Го[о шиша[ои [амвори рангин низ дучор меоянд, ки яrинан барои ороиш ба кор мерафтанд. Дар ин бобат rасри [окимони Тирмиз xолиби диrrат аст. Дар панxара[ои ин rаср пора[ои зарфи шишагии рангин чида шудаанд, ки равшаниро камтар гузаронанд [ам, бо наrш[ои рангубаранги худ биноро зеб меди[анд.

Чунон ки аз мушо[ида[ои бостоншиносон бармеояд, дар аср[ои Х–ХII тавлиди шишаолот нисбат ба давра[ои гузашта хеле афзуда, маснуоти шишагb ба зиндагонии мардум бештар ворид гардид. Осори устохона[ои шишасозии мансуб ба ин давра дар харобаи бисёр ша[ристон[ои асримиёнагb ёфт шудааст. Вале намуд[ои худи шишаолоти аср[ои ХI–ХII дар тамоми ма[ал[ои Осиёи Миёна пайдо гардидаанд.

Исте[солоти зарфсозb мисли пештара мавrеи асосb дошт. Дар сохтани зарф[ои шишагb баробари шиша[ои беранг ва ё андаке зардчаранг шиша[ои рангин: сабз, кабуд, нилобb ва rа[вагb [ам ба кор бурда мешуданд. Анвои зарф[о низ назар ба замони пешин зиёдатар гардид. Дар исте[солоти зарфсозb [ам, мисли кулолb, шояд хусусияти [ар ма[ал наrши худро гузошта бошад, аммо дар ин бобат [оло ба яrин чизе гуфтан душвор аст. Лекин як тамоюл ба таври равшан ба назар мерасад: баъзе шакл ва навъ[ои зарф[ои шишагb, аз rабили косаву табаr, xому rада[, кeзаву сабe ва шишача[ои атриёту адвиёт миrдоран зиёд буда, дар [ама xо вомехeранд. Аксари зарф[о бе наrшу нигор аст, вале зарф[ои зеварb [ам кам нестанд. Зарф[оро ба василаи дар лeла[ои махсус дам кардан ва ба rолиб[ои наrшин рехтани шиша ороиш медоданд. Дар ороиши зарф[о [амчунин восита[ои мураккабтари техникb, масалан, кандакорb низ истифода мешуд. Хусусан зарф[ои шишагии наrшдори {улбук (Тоxикистони xанубb) ва Rува (Фарuона) хеле [унармандона сохта шудаанд. Медалйон[ои шишагии тирмизb, ки дар он[о сурати парандагон, [айвонот ва савора[о кашида шуда, катиба[ои хати кeфb сабт гардидаанд, низ xолиби диrrат мебошанд.

Маснуоти шишагb ба зарурат[ои гуногун кор фармуда мешуданд. Rисмати бештари он[оро зарф[ои таом, дору ва атриёт, асбоби рeзгор (давот, тувак ва u.), олоти мухталифи зинатb (хусусан шадда), шишаи тиреза ва амсоли ин[о ташкил мекарданд. Э[тимол, зарф[ои кимиёгарb [ам бисёр бошанд, вале мутаассифона, аксаран санаи он[о зикр нашудааст.[1270]

Умумb ва [амаxоb будани исте[соли зарф[ои шишагb ва, [атто шиша[ои тиреза, гуногунии анвои зарф[о ва дар айни замон якрангии шакл[ои аксари он[о, истифодаи тарз[ои самарабахш ва дар баробари он камза[мат ва арзонтари зеварбандb–ин [ама далели он аст, ки шишасозони аср[ои ХI–ХII назар ба аср[ои IХ–Х ба доираи васеътари харидорон хизмат мекардаанд.

Дар касбу [унари а[ли ша[р мавrеи намоёнро исте[соли олоти фулузb ишuол менамуд. Масалан, «ма[аллаи о[ангарон» дар Тирмиз беш аз 5 гектар масо[ат дошт. Дар баробари сохтани асбоб[ои рeзгор, олоти исте[солот ва асли[аxот миrдори зиёди маснуоти нафиси [унарb–дегча, rаламдон, чароu ва uайра, ки бо катиба[о ва тасвироти гуногун ороиш ёфтаанд, низ тайёр карда мешуданд. Чунончи, rаламдони мисии дар Осиёи Миёна ёфтшуда аз [амин rабил маснуот ба шумор меравад, ки бо нуrра хотамкорb шуда, рeи онро катиба, наrшу нигор ба сурати мурuон зинат меди[анд. Дар яке аз катиба[о 12 апрели соли 1148 аз тарафи усто Умар ибни Фазл сохта шудани он зикр гардидааст.[1271] Дар Бухоро дегчаи хеле зебои биринxии бо мису нуrра хотамкоришуда, ки мо[и декабри соли 1163 бо дасти устои мусаввир Масъуд ибни А[мад ва устои кандакор Му[аммад ибни Абдулво[иди {иротb сохта шудааст, пайдо гардид. Дар рeи ин дегча подшо[и тахтнишин, бозb, шикор, раrс ва са[на[ои дигар тасвир ёфтааст.[1272] Дар Лаuмон (водии Вахш) ганxинаи маснуоти хеле хуби биринxb, ки мансуб ба [амон аср[ост, кашф карда шуд.

Дар ин давра истихроxи маъдан давом намуда, кон[ои сершумор дар айни истифода буданд.