Илму адаби тоxик дар асри ХI– аввали асри ХIII

Таuйироти сиёсии охир[ои асри Х, яъне аз байн рафтани давлати сомонb, ба Мовароунна[р со[иб шудани Rарохони[о ва ба дасти Uазнавиён гузаштани Хуросон ба [аёти фаннb ва адабии халrи тоxик таъсир накарда натавонист. Тараrrиёти илм ва маданияти халr[ои Осиёи Миёна, пешрафти забони дарb ва адабиёти тоxик дар натиxаи xанг[ои пай дар пай ва задухeрд[ои дохилb то як дараxа боздошта шуд.

Ба вуxуд омадани давлати бузурги Ма[муди Uазнавb ва ба як марказ мутта[ид гардидани тамоми хоки Хуросон, Чаuониён, Хатлон, Тахористон, rисми асосии Эрон ва шимоли {индустон барои равнаrи илму фан ва адабиёт аз нав баъзе шароит ва имконият[о фаро[ам овард.

Дар ин давра муносибати Осиёи Миёна, махсусан Хуросон ва Тахористон бо Баuдод таrвият ёфта, нуфузи Баuдод дар давлати uазнавb, дар Мовароунна[р ва Хуросон хеле афзуд. Ин муносибат, дар навбати худ, боиси он шуд, ки дар айёми Uазнавиён забони арабb ни[оятдараxа па[н гардид. Агар дар аввал[о кор[ои девон (идораи роxеъ ба мукотиба[ои давлатb) бо забони дарb анxом меёфта бошад, акнун комилан ба забони арабb гузашт. Дар девон бештар одамони арабидон ба кор кашида шуданд. Аз ин xост, ки аз давраи Uазнавиён сар карда калима ва ибора[ои арабb беш аз пеш ба забони тоxикb дохил шудан гирифтанд.

Дар он замон адабиёти тоxик асосан дар пойтахти давлати uазнавb марказият пайдо намуд. Чи навъе ки сарчашма[ои адабb rайд кардаанд, ба дарбори султон Ма[муд чандин да[[о шоирон гирд омада буданд. Султон Ма[муд ма[з барои шe[рат ёфтан ва мавриди мад[у ситоиш rарор додани корнамои[ои худ [омии адабиёт гардид. Аз [амин сабаб [ам, жанри rасидаи мад[ия дар ин давра хеле ривоx гирифт.

Яке аз шоирони бузурги rасидасаро, ки дар дарбори султон Ма[муд ба унвони «Маликушшуаро» мушарраф гардида буд, Абулrосим {асан ибни А[мад Унсурии Балхb мебошад, ки дар сол[ои 60-уми асри Х таваллуд ёфта, соли 1039 вафот намудааст. Ў пас аз та[сили илму [унар, ба воситаи бародари султон Ма[муд амир Наср ба дарбори давлати uазнавb ро[ ёфт. Унсурb дар аксарияти лашкаркаши[ои султон Ма[муд иштирок намуда, rисми асосии rасида[ои худро ба васфи uалаба[ои султон бахшидааст. Муосиронаш eро чун устоди забардасти сухан бисёр таъриф ва та[син кардаанд. Ба rалами e чанд маснавии ошиrона, ки порча[ои парокандаи он[о то замони мо расидаанд, аз xумла, маснавии «Вомиr ва Узро» тааллуr доранд. Унсурb сабки баёни мураккаб ва пуристиораи rасидаи мад[ияро ба адабиёти форсу тоxик татбиr намуд.

Абул[асан Алии Фаррухb (вафоташ соли 1038) ва Абeнаxм А[мади Мануче[рb (вафоташ соли 1041) низ аз намоёнтарин шоирони дарбори uазнавb буданд.

Умуман мавзeъ[ои маде[авb ва айшb ба назми доираи Uазна хос аст. Шоирони ин давра жанр[ои адабии а[ди Сомониёнро инкишоф медоданд. Он[о махзани восита[ои тасвири бадеии адабиёти форсу тоxикро uанитар гардонида, сабку санъат[ои нави шеъриро низ ба миён гузоштанд.

Нашъунамои илму фани асри Х, ки дар шароити истиrлолияти давлатb ба амал меомад, дар асри ХI низ давом намуд. Намояндаи барxастаи илм ва донишманди бузурги ин давра Абeалb ибни Сино буд, ки тавсифи e дар фасли гузашта оварда шуд.

Дигар аз олимони маъруфи ин давра Абeрай[он Му[аммад ибни А[мади Берунb (973–1051) мебошад. Берунb дар яке аз де[оти атрофи ша[ри Хоразм таваллуд ёфтааст. Аз рeи наrлу ривоят[о, e тамоми умри худро барои азхуд кардани дониш сарф намуда, uайр аз xашн[ои Наврeз (иди соли нав, 21 март) ва Ме[ргон (иди [осилuундорb, 21 сентябр) дигар [ама ваrт машuули кор[ои илмb будааст.

Берунb ба саё[ат шавrи зиёде дошт ва асосан бо маrсад[ои илмb мусофират менамуд. Яке аз ма[ал[ое, ки e то як андоза бештар истиrомат кардааст, Xурxон (Гургон) ном вилояти канори ба[ри Хазар мебошад. Дар ваrти ба Xурxон омадани e Rобус ибни Вушмгир (976-1012) [укмрони он xо буд. Rобус яке аз одамони фозил, донишманди адабиёт ва [омии илм [исоб мешуд. Худи e низ якчанд асар таълиф намудааст. Берунb дар сол[ои 999– 1000 «ал-Осор-ул-боrия ан ал-rурун-ил-[олия» ном асари худро ба поён расонд. Ў дар ин асар таrвим ва сана[о, инчунин xашн[ои суuдиён, хоразмиёни rадим, форс[о, юнониён, я[удиён, исавиён ва мусулмононро тасвир намудааст. Ин асар му[имтарин сарчашмаи таърихи халr[ои Осиёи Миёна ва тамоми Шарr мебошад.

Берунb дар соли 1010 аз саё[ат баргашта ба Хоразм омад. Дар ин xо e бо бисёр олимоне, ки дар натиxаи табаддулоти сиёсии охир[ои асри Х аз Бухоро ва соири ша[р[ои Мовароунна[р ва Хуросон гурехта, ба Хоразм xамъ шуда буданд, мулоrот кард. Сарчашма[о хотирнишон мекунанд, ки хоразмшо[ -Маъмуни Сонb а[ли илму фан, аз xумла, Беруниро ба та[ти [имояи худ гирифт. Вале дар соли 1017 султон Ма[муди Uазнавb пас аз забт кардани Хоразм Беруниро [амро[и худ ба Uазнин бурд. Ба ин тариrа, фаъолияти минбаъдаи илмии Берунb дар Uазнин давом кард.

Берунb дар лашкаркаши[ои султон Ма[муд иштирок намуд ва [ангоми дар {индустон буданаш забони санскритb, урфу одат ва хулrу атвори халr[ои ин мамлакатро омeхта, пас аз бозгаштан аз мусофират «Та[рири моли-л-{инд мин маrала маrбула фи-л-аrла[у марзула» ном асаре навишт, ки яке аз му[имтарин сарчашма[ои доир ба таърихи {индустон ба шумор меравад.

Берунb доир ба масъала[ои илми [айат, [андаса ва нуxум ду асари маш[ур дорад. Яке аз ин асар[о дар соли 1024 дар Uазнин ба забони арабb таълиф ёфта, ба Рай[она ном духтари ал-{асан (аз хонадони хоразмшо[b) бахшида шудааст. Дигарb «ал-Rонун-ул-Масъудb фи-л-[айъа ва-н-нуxум» мебошад, ки муаллиф онро дар байни сол[ои 1030–1036 ба номи султон Масъуд навиштааст. Ин асар дар олами шарr оид ба ин со[а аввалин асари илмb буд, ки барои тартиб додани харита[ои xуuрофb [амчун дастуре хидмат намуд.

Uайр аз таълифоти номбаршуда Берунb боз чандин асари илмb ба вуxуд овардааст, лекин, мутаассифона, аксарияти он[о то давраи мо омада нарасидаанд. Олими сайё[и асримиёнагии араб Ёrут менависад, ки e дар яке аз масxид[ои Марв дар байни ваrфнома[о рeйхати аз 60 са[ифа фаро[амомадаи асар[ои Беруниро пайдо намудааст. «Номаи донишварон», ки дар миёна[ои асри ХIХ дар Эрон тартиб дода шудааст, шумораи асар[ои боrимондаи eро 27 адад нишон меди[ад. Дар сол[ои охир аз баъзе китобхона[ои xа[он асар[ои [анeз номаълуми Берунb ёфт шудаанд.

А[амияти асар[ои Берунb баuоят бузург мебошад. Ў ба воситаи як rатор тадrиrот ва кашфиёти худ на фаrат ба пешрафти илму фанни замонааш мусоидат кард, дар айни замон аз савияи дониши ондавра чунон пеш гузашт, ки аксар ваrт дар асар[ои худ ба баъзе далел ва мадрак[ои фанни имрeза наздик мешавад. Чунончи, назарияи e доир ба таърихи намуди сат[и замини (ландшафти) пастии шимоли {индустон ва оид ба сайри таuйироти xараёни дарёи Аму ба ин иддао ша[одат меди[ад.84а

Берунb аз таассуби динb ва муносибати душманона нисбат ба маданияти мардуми uайримусулмон тамоман дур буд. Масалан, [амаи асар[ои ба {индустон бахшидаи e аз рe[ ва э[сосоти олии э[тиром ба маданияти бузурги {инд саршоранд. Аз [амин сабаб [ам Берунb дар {индустон ва Покистон шe[рат ва ма[бубияти зиёде пайдо кардааст.

Дар нимаи аввали асри ХI таърихнависb [ам тараrrb кард. Абeнасри Утбb (яке аз дарбориёни Ма[муди Uазнавb) ба номи султон «Таърихи Яминb»[1279] ном асаре ба забони арабb таълиф намуд, ки он дар бораи давраи [укмронии Сабуктегин ва Ма[муд бисёр маълумоти му[имеро дар бар гирифтааст.

Яке аз муаррихони маш[ури давраи Uазнавиён Абeсаиди Гардезb[1280] буд. E дар байни сол[ои 1048–1052 ба забони тоxикb китобе бо унвони «Зайн-ул-ахбор» навиштааст.

Ни[оят, бузургтарин муаррихи давраи Uазнавиён - Абулфазли Бай[аrb (995–1077) мебошад. Абулфазл муддати нузда[ сол дар девони расоили Uазнавиён вазифаи мунширо адо намуда, таrрибан тамоми воrеа[ои му[ими он давраро бо чашми худ дид, пас иборат аз 30 xилд китобе ба забони тоxикb таълиф намуд.[1281] Вале аз ин китоби му[ими таърихb фаrат якчанд xилди ноrис ва парокандае боrb мондааст, ки дар шар[и а[волот, салтанат ва воrеа[ои давраи султон Масъуд буда, бо номи «Таърихи Масъудb» ё худ «Таърихи Бай[аrb»[1282] маш[ур аст. Ин xилд[о тан[о камтарин rисмате аз он асари бузурги таърихии ин муаллиф [исоб мешаванд.

Дар давлати Rарохони[о илму фан ва адабиёт дар ин давра хеле аrиб меравад. Чи навъе ки Му[аммади Авфb дар тазкираи асри ХIII менависад, аз хон[ои rарохонb фаrат як Rилич Тамuочхон ба тараrrиёти илм ва адабиёт андаке а[амият додааст. Бо вуxуди ин, якчанд асар[оеро, ки дар асри ХI дар Мовароунна[р ба майдон омадаанд, ном бурдан мумкин аст. Чунончи, «Таърихи мулки Туркистон»-и Маxдуддин Му[аммад ибни Аднон ва uайра, ки аз он[о ба xуз баъзе порча[ои xудогона то давраи мо чизе омада нарасидааст.

Ба [ар [ол, дар ин давра адабиёти тоxик дар Мовароунна[р [ам баъзе шоирони боистеъдод, монанди Амъаrи Бухороb (вафоташ соли 1149), Сeзании Самарrандb (вафоташ соли 1173), Рашидии Самарrандb ва uайраро ба камол расонид. Вале ин шоирон аз xи[ати а[амияти эxодиёти худ бо гузаштагонашон баробар шуда наметавонистанд.

Амъаr ва Сeзанb дар сабк ва тафаккури бадеb аз якдигар хеле тафовут доранд. Эxодиёти Амъаr, ки шоири дарбор аст, пур аз зарофат буда, шакли шеъриро ба авxи такомул расонидааст. Бесабаб нест, ки донишмандони адаб ашъори eро дар дастурнома[ои илми баён, [амчун намунаи таrлид ва пайравb зикр кардаанд. Сeзанb, баръакс, шоири берун аз дарбор, намояндаи назми доираи [унармандони ша[р аст. Албатта, го[о ба e [ам лозим меомад, ки барои дарёфти маош rасида[ои мад[ия гeяд, вале e беш аз [ама бо [аxвия[ои худ, ки бо забони соддаи ба сабки гуфтугe наздик навишта шудаанд, маш[ур аст. Маром ва о[анг[ои демократии эxодиёти eро шоирони давра[ои баъдина давом додаанд.

Нимаи дувуми асри ХI ва ибтидои асри ХIII дар таърихи тамаддуни халr[ои Осиёи Миёна мавrеи бузурге ишuол менамояд. Ба атрофи як марказ мутта[ид гардидани Мовароунна[р, Хуросон ва Тахористон, ки дар замони Салxуrиён ба амал омад, дар ша[р[ои Нишопур, Марв, Балх ва rисман {ирот фаъолияти фикриро э[ё намуда, барои дар ин марказ[ои нави маданb xамъ шудани а[ли илму адаб имконият[ои фаровон му[айё сохт.

{аёт ва фаъолияти адабии чунин намояндагони маъруфи адабиёти тоxик, монанди Асадии Тeсb, Носири Хусрав, Умари Хайём, Фахриддини Гургонb, Ав[адиддини Анварb, Масъуди Саъди Салмон, Муиззb, Собири Тирмизb ва uайра дар [амин давра xараён ёфтааст. Албатта, эxодиёти ин адибон аз xи[ати мазмуни uоявb ба як дараxа набуда, балки дорои тафриrа[ои куллb мебошанд. Дар байни шоирони номбурда хусусан Носири Хисрав, Умари Хайём ва Фахриддини Гургонb, ки дар осори он[о тамоили халrb ва тараrrихо[b бартарb пайдо кардааст, маrоми барxастае доранд.

Носири Хусрав (1004–1080) баргузидатарини шоирони ин давра мебошад. Ў дар но[ияи Rабодиён, воrеъ дар Тоxикистони кунунb, таваллуд ёфта, баъд аз гузаронидани давраи кeдакb ба та[сили илм, хусусан ба омeхтани адабиёт ва масъала[ои диниву фалсафb шуuл варзид.

Носири Хусрав дар айёми xавонb дарбори султон Ма[муд ва Масъуди Uазнавиро дид ва чанд ваrт дар дарбори Салxуrиён ба сифати дабир хидмат намуда, сипас, ба мусофират баромад. Ў [анeз [ангоми xавонb {индустон, наво[ии Туркистон ва Афuонистони кунуниро саё[ат намуд. Носири Хусрав бо [амин ният мусофират мекард, ки а[вол ва аrида[ои маз[абии халr[ои гуногунро та[rиr намояд. Вай дар зарфи [афт соли мусофирати худ {иxоз, Осиёи Саuир, Сурия ва Мисрро дида, бо зиндагонии мардумони он xо ва урфу одати он[о шиносоb пайдо кард. Ни[оят, дар Миср бо тарафдорони халифа[ои фотимb, сарварони тариrати исмоилb вохeрда, худаш низ пайрави боuайрати аrидаи исмоилb гардид.[1283]

Носири Хусрав пас аз бозгаштан ба Хуросон ва таваrrуф кардан дар Балх ошкоро таълимоти исмоилиро таблиu ва мардумро ба ин маз[аб даъват намуд. Дар натиxаи чунин фаъолияти худ e ба таъrиби уламои исломb ва умарои салxуrb дучор гардид. Вай uайр аз ба тарзи пин[онb зиндагонb кардан ва ба [олати гурезагb гаштан чораи дигар наёфт, аз ша[ре ба ша[ре рафта, дар uурбат умр ба сар бурд.[1284]

Чи навъе ки худи Носири Хусрав хотирнишон мекунад, ин давраи зиндагb барои e хеле ба сахтb мегузашт.

 

Озурда кард каждуми uурбат xигар маро,

Гeb забун наёфт зи гетb магар маро.

Дар [оли хештан чу [аме жарф бингарам,

Сафро [амебарояд з-андe[ ба сар маро.

Гeям: чаро нишонаи тири замона кард,

Чархи баланди xо[или бедодгар маро?

Гар ба rиёси фазл бигаштb мадори да[р,

Xуз бар маrарри мо[ набудb маrар маро.

Дониш бе[ аз зиёу бе[ аз xону молу мулк,

Ин хотири хатир чунин гуфт мар-маро.

Бо лашкари замонаву бо теuи тези да[р

Дину хирад бас аст сипо[у сипар маро.

 

Носири Хусрав пас аз мусофират асари маш[ури таърихию xуuрофии худ «Сафарнома»-ро навишт[1285] ва [ам роxеъ ба масъала[ои аrидаи исмоилb рисола[ои фалсафии «Зод-ул-мусофирин», «Ваx[и дин», «Xомеъ-ул-[икматайн» ва соири асар[оро таълиф намуд. Алалхусус девони шеър ва маснави[ои «Рeшноинома», «Саодатнома» ва uайра rимати бузурге доранд.[1286] Ў дар ашъори худ uайр аз масъала[ои динb ва фалсафb бисёр фикр[ои пешrадами тарбиявb ва ахлоrиро xой додааст. Дар шеър[ои e, инчунин афкори инсонпарварb ва да[риёна низ дида мешаванд. Носири Хусрав дар яке аз шеър[ои худ ба Худо рe оварда, мегeяд:

 

 

Касе гар тухми xав дар кор дорад,

Зи xав гандум наёбад бидравидан.

Ту дар рeзи азал оuоз кардb,

Уrубат дар абад боист дидан.

Ту гар хилrат намудb ба[ри тоат,

Чаро боист шайтон офаридан?

Сухан бисёр бошад, xуръатам нест,

Нафас аз тарс натвонам кашидан...

Агар мехостb, к-ин[о напурсам,

Маро боист [айвон офаридан.

Агар дар [ашр созам бо ту даъво,

Забонро бояд аз комам кашидан...

Бифармо, то сeи дeзах барандам

Чb масриф дорад ин гуфту шунидан?..

Ту додb рахна дар rалби башар[о

Фани иблисро ба[ри макидан...

Агар реге ба кафши худ надорb

Чаро боист шайтон офаридан?...

Ба мо фармон ди[b андар ибодат,

Ба шайтон дар рагу xон[о давидан...

Агар некам ва гар бад хилrат аз туст,

Халиrе хуб бояд офаридан.[1287]

 

Шоир дар хусуси мардуми за[маткаш бо [арорат ва самимияти тамом сухан ронда, подшо[он, амалдорон, шайхони риёкор, хусусан шоирони маддо[и [арисро сахт маломат кардааст.

Носири Хусрав то охири умри худ аз таъrиб халос нашуд. Пас аз он ки e ба тарзи пин[онb чанд го[ дар Хуросон, Табаристон ва Мозандарон иrомат кард, ба Бадахшон азимат намуда, дар Юмгон ном де[аи кe[истонии он xо пано[ бурд ва баrияи [аёти худро дар гeшанишинb гузаронид.

Умари Хайём (1048–1131) дар Нишопур таваллуд ёфта, дар [амон xо та[сили худро ба итмом расонид ва яке аз бузургтарин олимони асри ХI гардид. Ў дар аксари илм[ои замони худ, махсусан дар [айъат, риёзиёт ва фалсафа ма[орати зиёд пайдо кард ва доир ба ин со[а[о як rатор асар[ои илмb аз худ боrb гузошт. Вай дар а[ди Маликшо[и Салxуrb [амро[и мунаxxимони ваrт ба кори исло[оти таrвим сардорb намуд.

Шоири барxастаи Шарr Умари Хайём, алалхусус бо рубоиёти худ шe[рат пайдо кардааст. Миrдори рубои[ои e зиёд нест, аммо а[амияти он[о, чи аз нуrтаи назари адабb ва чи аз xи[ати мазмуни фалсафb, хеле бузург аст. Ма[орати адабb, му[окимаи файласуфона ва майли ба [аrиrати [аёт материалистона наздик шудани Хайём натиxае дод, ки рубоиёти e то кунун аз гаронба[отарин дурдона[ои адабиёти xа[онb ба шумор мераванд.

Ин аст яке аз рубоиёте, ки зодаи табъи ин шоири заковатманд мебошад:

 

Гар бар фалакам даст будb чун Яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,

К-озода ба коми дил расидb осон.[1288]

 

Дар рубоиёти Умари Хайём одами сарбаланди озодманише тасвир ёфтааст, ки на аз эътибори [укмдорони замон ва на аз [арза[ои динb дар бораи охират андеша надорад.

Дар байни шоирони асри ХI аз xи[ати rувваи ифодаи кайфияти доира[ои ша[р ва танrиди феодалон мавrеи махсусро Фахриддини Гургонb ишuол менамояд. Дар достони романтикии «Вис ва Ромин», ки дар rариби[ои соли 1055 таълиф ёфта, ривояти rадимаи ошиrонаи па[лавии порт[оро наrл менамояд, [аxву тамасхури тундутези хулrу атвори подшо[он ва дарбориёни он[о ну[уфтааст.[1289] Дар инти[ои достон манзараи утопияи сотсиалb аз ли[ози тасаввуроти ша[риёни онваrта тасвир карда мешавад.[1290]

Абeнаср Асадии Тeсb (ваф. 1070) ба назираи «Шо[нома»-и Фирдавсb «Гаршоспнома»-ро таълиф кард. «Гаршоспнома» яке аз достон[ои rадимаи халr[ои эронинажод аст.

Асадb дар адабиёти тоxику форс аввалин касест, ки шакли мунозираро эxод кардааст. Ў дар ин бобат панx асар навишта, дар он[о замину осмон, шабу рeз, найзаву камон, муuу мусулмон, арабу форсро бо [амдигар мунозира кунонидааст. Илова бар ин, Асадb луuате [ам тартиб додааст, ки аз осори таrрибан [аштод нафар шоирони он замон намуна[о оварда шудаанд. {оло а[амияти таърихии ин луuат хеле бузург аст: вай намунаи бисёр асар[ои азбайнрафтаи шоирони он замон ва гузашта, аз xумла, порча[ои «Калила ва Димна»-и манзуми Рeдакиро дар бар дорад.

Масъуди Саъди Салмон (1046–1121) шоири дарбори Uазнавиёни охир буд. Ў rисми зиёди умри худро дар Ло[ур, шимоли {индустон, гузаронид. Ба ин тариrа, вай яке аз аввалин намояндагони адабиёти форсу тоxик дар {индус-тон ба шумор меравад, ки баъдтар дар ин xо назм ба забони форсb хеле ривоx ва интишор ёфт. Ў дар натиxаи бe[тони душманони худ чандин мартаба ба зиндони султон[о афтода, умуман, бештар аз 18 соли умраш дар ма[бусb гузаштааст.

Масъуди Саъди Салмон дар эxодиёти худ ба э[ё кардани анъанаи мад[у ситоиши иrтидори Uазнавиён саъй намуда, [атто дар шеър[ояш аз Унсурb – маликушшуарои султон Ма[муд иrтибос[о меовард. Вале e мад[ия[ои худро ба забони соддаву фасе[ офарида, он[оро бо панду [икмат, андеша[ои фалсафb ва тасвири лав[а[ои зебои зиндагb оро меди[ад.

Шоир дар сол[ои ма[бусb марсия[ои пурсeзу гудози «[абсия» эxод намуда, а[воли тоrатшикани худро баён менамояд ва аз беадолати[ои замона забони шикоят мекушояд. Таrдири ин шоири боистеъдод хеле фоxиаангез аст. {ам [аёт ва [ам эxодиёташ та[ти фишори шиканxа[ои истибдоди феодалb rарор гирифтаанд.

Амир Му[аммади Муиззb (ваф. rариби[ои соли 1140) аслан аз Нишопур мебошад. Аксари асар[ои eро rасида[ои мад[ия ташкил мекунанд, ки ба Маликшо[ ва султон Санxари Салxуrb бахшида шудаанд. Ў дар ваrти [укмронии султон Санxар ба мартабаи баланди шоири дарбор расида, ба унвони «Маликушшуаро» сарфароз гардид.

Адиб Собири Тирмизb шоири uазалсарои хуштабъе буд. Вай иxборан ба хизмати султон Санxари Салxуrb кашида шуда, [аргуна супоришоти eро адо мекард. Рeзе султон Санxар бо коре eро ба Хоразм фиристод. Дар он xо бо фармони Отсизи Хоразмшо[ вайро дастгир карда, ба xосусии Салxуrиён айбдор намуданд ва дар соли 1151 ба дарёи Аму uарr кунониданд.

Адиб Собири Тирмизb девони rасоид ва uазалиёт дорад.

Ав[адиддини Анварb (1126–1190) дар де[аи Бадна, наздикии Майхона, воrеъ дар шимоли Хуросон, таваллуд ёфтааст. Ў [ам монанди бисёр шоирони пешина дар овони xавонb тамоми илм[ои замонашро азхуд менамояд ва дар шоирb ном бароварда, ба дарбори султон Санxари Салxуrb даъват мешавад. Анварb rасида[ои зиёде офаридааст, ки rариб [амаи он[о ба султони Салxуrb бахшида шудаанд. Бар тибrи аrидаи аксари адабиётшиносон жанри rасида тавассути эxодиёти Анварb ба дараxаи баланди камолоти худ мерасад. Rасида[ои бо ма[орати фавrулодда эxодкардаи e аз таuаззулоти ишrb, тафаккуроти фалсафb, тавсифоти олb ва дар баробари ин аз мад[у санои султон Санxар фаро[ам омадаанд. Яке аз rасида[ои маш[ури e, ки аз тарафи uуз[о хароб гардидани Хоразмро тасвир мекунад, бо э[сосоти самимонаи ватанпарварb фаро гирифта шудааст. Uазал[ои Анварb ба лирикаи халrb [амо[анг аст.

Анварb дар сол[ои охири [аёти худ бемазмунb ва фасодии назми дарбориро фа[мида, аз ин му[ит худро канор мекашад ва шеър[ое меофарад, ки ба муrобили мад[иясароb нигаронида шудаанд.

Дар баробари пешрафти назм дар адабиёти классикии форсу тоxик бе[тарин намуна[ои асар[ои насрb низ ба вуxуд меоянд. Чунончи, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Ча[ор маrола»-и Низомии Арeзии Самарrандb, «{адоиr-ус-се[р»-и Рашидаддини Ватвот, «Синдбоднома»-и За[ирии Самарrандb ва «Маrомоти {амидb»-и {амидаддини Балхb аз [амин rабил асар[о ба шумор мераванд.

«Сиёсатнома» сарчашмаи хеле му[ими таърихист, ки муаллифи он тартиби идораи давраи Салxуrиёнро аз мавrеи тарафдори давлати марказиятноки феодалb танrид кардааст. Пас аз фавти Низомулмулк «Сиёсатнома» аз нав та[рир ёфта, ба матни он илова[о дохил шуда буд. Бо вуxуди ин, асари мазкур дар [амон шакле, ки то замони мо расидааст, осори хеле пурарзиши насри охири асри ХI ба шумор меравад. Забони он содда ва равон аст.

«Ча[ор маrола»-и Низомии Арeзb дар та[rиrи [аёти маданb ва адабии асри муаллиф ва давра[ои пеш аз он сарчашмаи гаронба[оест. Фасл[ои асосии «мусо[иботи» он ба тавсифи пеша[ои табиб, мунаxxим, шоир ва муншии дарбор бахшида шудаанд. Дар [ар фасл яке аз ин пеша[оро тавсиф намуда, доир ба намояндагони баргузидаи ин пеша да[ [икоя ба тариrи мисол наrл карда мешавад. Ин китоб бештар аз [ар гуна сарчашма[ои дигар дар бораи шароити зиндагии ходимони маданияти он замон маълумот меди[ад. Хусусан [амон фасле, ки ба шоирон ва а[воли бади он[о дар давлати феодалb бахшида шудааст, rимати зиёде дорад.

«{адоиr-ус-се[р»-и Рашидаддини Ватвот асарест, ки шакл[ои шеъри онваrта, алалхусус образ[о ва санъат[ои шеъриро даrиrона тадrиr ва тавзе[ намуда, фикру муло[иза[ои хеле му[ими эстетикиро дар бар гирифтааст.

«Синбоднома»[1291]-и За[ирии Самарrандb дар яке мавзeъ[ои маъмули rисса[ои ахлоrии адабиёти Шарr, ки аз макри зан ба[с мекунад, навишта шудааст. Тариrи наrли rисса дар rисса ба муаллиф имконият додааст, ки бисёр [икоят[ои тамсилиро ба сюжети асар дохил намояд. Дар ин [икоят[о ба шакли xолибе мо[ияти «илми идораи мамлакат» баён карда мешавад. Дар аксари он[о сарзаниши [окимон ва исте[зои нешдори хулrу атвори онон ба тариrи пардапeш баён ёфтааст.

Китоби «Маrомоти {амидb» ба шакли насри мусаxxаъ навишта шуда, аз 24 маrоми шавrангез иборат мебошад, ки ин маrом[о аз маxмeи масал, муаммо, [икам ва [икоят[ои ибратомeз фаро[ам омадаанд.

Дар ин давра дар rатори адибони бузург хеле намояндагони барxастаи илму фан [ам ба камол расида, [ар яке дар тараrrиёти фикрb хидмат[ои муайяне ба xо оварданд.

Имом Фахриддин Му[аммад ибни Умари Розb (1148–1210) дар {ирот иrомат намуда, ба фаъолияти мударрисb ва воизb машuул будааст. Ў доир ба тиб, [айъат ва риёзиёт асар[ои зиёде таълиф намудааст.

Абулrосим Ма[муд Замахшарии Хоразмb (1074–1143) яке аз му[аrrиrони маъруфи со[аи луuат ва сарфу на[ви арабb буда, фар[анги арабb-форсb ба rалами e тааллуr дорад.

Абeбакр Абдулrо[ир ибни Абдурра[мони Xурxонb (ваф. соли 1108) аз донишмандони сарфу на[в буда, дар ин со[а «Китоби авомил»-ро таълиф кардааст.

Зайниддин Исмоили Xурxонb (вафоташ дар байни сол[ои 1135 ва 1137) бо даъвати Rутбиддин Му[аммад Ибни Ануштегин ба Хоразм омад ва соли 1110 дар он xо ба забони тоxикb «Захираи Хоразмшо[b» ном асаре навишт. Ин асар ба «Rонун»-и Ибни Сино асос ёфта, аз да[ китоб иборат аст, ки дар бобати татбиrи тиб, анатомия, сабаб ва аломат[ои касалb, [ифзусси[а, ташхиси беморb ва пешбинии xараёни он, усул[ои табобат, за[ру подза[р ва дорушиносb ба[с мекунад. «Захираи Хоразмшо[b» ба забон[ои я[удии rадим, туркb ва урду тарxума шудааст.