Уxуми eрдуи Чингизхон ба Осиёи Миёна

Давлати хоразмшо[b дар сол[ои бистуми асри ХIII боз [ам бештар сабзида, uайр аз Хоразм ва Мовароунна[р Афuонистони кунунb ва rисмати бузурги Эронро низ дар бар мегирифт. Вале xанбаи марказият ёфтани ин давлат хеле суст буд. Иддае аз [окимони ма[аллb фаrат зо[иран тобеияти худро нисбат ба Хоразмшо[иён эътироф намуда, дар амал вилоят[ои зеридасти худро rариб мустаrилона идора мекарданд.

{окимияти Му[аммади Хоразмшо[ устувор набуд: давлати eро на фаrат оммаи за[маткаш ва халr[ои мутеъ, ки [ам аз тарафи [окимони ма[аллb ва [ам аз тарафи Хоразмшо[ ба xабру зулм дучор буданд, пуштибонb намекарданд, балки [атто ашрофи феодалони [арбb ва рe[ониёни бонуфуз низ нисбат ба он ошкоро равияи душманона доштанд. Илова бар ин, дар дохили хонаводаи Му[аммади Хоразмшо[ низову нифоr сар шуда, вазъиятро боз [ам мураккабтар намуд: модари Му[аммади Хоразмшо[ - Турконхотун, ки зани uаюр ва омире буд, низ бо e мухолифат меварзид. Вай як гурe[ сарлашкарони дарбории rипчоrро, ки дорои rувваи бузурги [арбb буданд, ба муrобили e барангехт.[1295]

Давлати Хоразмшо[b дар чунин вазъияти душвори мухолифат[ои дохилb ба [уxуми eрду[ои Чингизхон дучор гардид.

Машuулияти асосии бодиянишинони муuул чорводорb буд. Он[о uайр аз парвариши [айвонот ба шикор низ машuул мешуданд. Дар байни он[о ва rабила[ои ирrан наздики [амсоя доду гирифти молb давом менамуд.

Бар тибrи ша[одати муаррих Xувайнb, reшуни муuул ба да[[о, сад[о, [азор[о ва да[[о [азор таrсим шуда, хеле боинтизом ва чусту чолок буданд. {амаи rабила[ои муuул муваззаф буданд, ки [ама ваrт ба амалиёти xангb омода бошанд.

Дар аввал[ои асри ХIII дар сохти xамъиятии муuул[о xанин[ои муносибати феодалb пайдо мешаванд. К.Маркс ин протсессро чунин тавсиф намудааст:

«Дар Ёсо (маxмeи rонун[ои муuул[ои rадим.–Б.U.) дар бораи табаrаи баландмаrом, тархан[о зикр шудааст, ки он[о аз [ар навъ андоз озод карда шуда буданд, uанимати худро бояд бо дигарон таrсим намекарданд, ба назди хони кабир [амеша бемалол даромада метавонистанд, аз xазо то нe[ маротиба озод карда мешуданд. (Ин навъи [уrуr[ои феодалb дар байни [амаи халr[ои ниммаданb дар натиxаи тарзи зиндагии xанговаронаи он[о ба миён меояд)[1296].

Лашкаркаши[ои азими истилокоронаи Чингизхон иrтидори [укмфармоии феодали бодиянишинро на фаrат бар халr[ои мутеъ, балки бар [амrабила[ои он низ меафзуд. Хони бузург ва ашрофи феодалb ба дараxаи афсонавb сарватманд мешуданд.

Аммо арат[о – оммаи за[маткаши муuул охируламр ба [олати rашшоrb ва хонахаробb афтода, беш аз пеш мутеъ ва дастнигари табаrаи [укмрон мегардиданд.

Даста[ои xангии муuул бо сардории «Xуxb» ном писари калони Чингизхон «халr[ои xангалнишини» со[или дарёи Енисейро ба худ тобеъ намуданд. Халrи уйuур бо ихтиёри худ [укмронии Чингизхонро rабул кард. «{убилой» ном сарлашкари Чингизхон rисми шимолии {афтрудро ишuол намуд. Худи Чингизхон ба Чини шимолb лашкар кашида, ша[ри Чжунду (Пекин)-ро, ки дар он замон пойтахти давлати Тсзин буд, забт кард.[1297]

Пас аз ин, дар сол[ои 1218-1219 reшуни муuул бо ро[барии «Xебе» ном лашкаркаши Чингизхон, таrрибан бидуни муrовимат, сарзамини Rарахитои[о – {афтруд ва Туркистони шарrиро тасарруф намуд ва ба [удуди давлати Хоразмшо[иён наздик шуд. Дар бобати тадриxан шиддат ёфта, ба худ ранги душманb гирифтани муносибати ин ду давлат – давлати Чингизхон ва давлати хоразмшо[b роли тоxирони Осиёи Миёна кам набуд. Бисёр тоxирони сарватманд, ки бозургонии Муuулистон ва Осиёи Миёнаро дар дасти худ ниго[ медоштанд, [анeз пеш аз [амсар[ад гардидани ин ду давлат бо [амро[ии уйuур[о дар умури ташкилот ва сохти идораи дохилии Муuулистон аз мушовирони асосии Чингизхон [исоб мешуданд. Чингизхон дар бораи вазъияти дохилии давлати хоразмшо[b муттасилан ба воситаи ин тоxирон маълумот ба даст меовард.

Му[аммади Хоразмшо[, ки дар он ваrт назар ба Чингизхон бештар rувват дошт, равияи xангталабонаеро пеш гирифт. Дар соли 1218 xанговарони Хоразм бо иxозати e дар rалъаи сар[аддии Утрор, ки дар канори дарёи Сир воrеъ гардида буд, як корвони аз тарафи Чингизхон фиристодашударо, ба гумони ин ки маrсади xосусb дорад, тороx намуданд. Бори корвон аз 500 шутури тилло, нуrра, маснуоти абрешими чинb, пeст[ои rиматба[о ва амсоли ин иборат буд ва 450 нафар тоxир, аъёну ашроф ва ашхоси мeътамади хони муuул маъмури овардани он[о буданд. Гумоштагони Хоразмшо[ [амаи ин одамонро ба rатл расонида, тамоми мол[оро фурeхта, пули онро ба маркази давлати хоразмшо[b фиристоданд.

Чингизхон аз воrеаи Утрор (ба истило[ «Фалокати Утрор») хабардор шуда, аз Хоразмшо[ талаб кард, ки мусаббиби ин фоxиа, яъне [окими Утрорро ба e супорад ва товони хасорат[ои воридшударо биди[ад. Лекин сафири Чингизхон, ки бо ин талабот ба пойтахти давлати хоразмшо[b омада буд, бо амри Му[аммади Хоразмшо[ ба rатл расид ва [амро[они e бо ришу мeйлаби бурида пас гардонида шуданд (аз рeи баъзе маълумот он[оро низ rатл карданд). Ин рафтори xангталабонаи Му[аммад [уxуми Чингизхонро ба Осиёи Миёна тезонид.

Чингизхон ба масъалаи лашкар кашидан ба Осиёи Миёна а[амияти калоне дода, ба ин кор бо тамоми xиддият тайёрb медид. Вай [анeз то оuози амалиёти xангb ба воситаи тоxирони Осиёи Миёна дар бораи дараxаи омодагb ва нафароти rувва[ои [арбии душман маълумот ба даст овард. Аз ин xост, ки [уxуми Чингизхон ба Осиёи Миёна, чи навъе ки як rатор муаррихони буржуазb тасвир мекунанд, [аракати бетартиб ва худсаронаи бодиянишинони муuул набуда, балки [уxуме буд, ки бар асоси муло[иза[ои амиr ва наrша[ои муайян rарор дошт.[1298] Тоxирони ма[аллb вазифаи ро[балади eрду[ои чингизиро адо намуданд.

Чунон ки дар боло rайд гардид, Хоразм дар аснои [амлаи чингизиён омодаи мудофиа набуд. Му[аммади Хоразмшо[ бо вуxуди иrтидори зо[ирии худ ба андозаи зиёде вобаста ба ашрофи [арбии феодалb буд. Вай ба сардорони [арбии худ ва ба а[олии ма[аллb он rадар [ам бовар надошт. Ба [амин xи[ат аз тарс reшуни худро ба як xо xамъ накарда, онро ба гурe[[ои хурд таrсим намуд ва дар ма[ал[ои гуногун гузошт. Ин парокандагии rувва[ои [арбии давлати хоразмшо[b барои uалабаи лашкари муuул бештар заминаи мусоид [озир намуд. Uайр аз ин, Му[аммади Хоразмшо[ [ангоми тадорукоти xангb дар зарфи як сол аз а[олb се мартаба молиёт гирифта, ба ин васила эътироз ва норизогии халrро ба вуxуд овард.

Дар мо[и сентябри соли 1219 Чингизхон ба Утрор расида, rувва[ои [арбии худро ба се rисмат таrсим кард: як rисмати reшуни худро ба писаронаш - Erтой (Угедей) ва Чаuатой супорид, ки Утрорро му[осира кунанд; rисмати дигари онро бо ро[барии Xуxb барои забт намудани ша[р[ои со[или дарёи Сир ба тарафи ша[ри Xанд равона кард.

Худи e бо [амро[ии писараш Тулуй rувва[ои асосиро гирифта, ба тарафи Бухоро [аракат намуд.

Аскарони муuул бо [амлаи rатъb ша[ри Утрорро ишuол карданд, лекин rалъаи Утрор муддати як мо[ (бар тибrи баъзе [уxxат[о –6 мо[) муrовимат намуд. Муuул[о пас аз тасхири ша[ри Утрор [амаи мудофиакунандагони ша[ру rалъаро ба rатл расониданд.

Он rисмати лашкари муuул, ки бо сардории Xуxb барои забт кардани ша[р[ои со[или дарёи Сир рафта буд, аввалин мартаба Сиuноrро uасб намуда, а[олии онро тамоман аз дами теu гузаронид. Сипас, муuул[о дар муддати кeто[е ша[р[ои поёноби дарёи Сирро ишuол карда, он[оро низ uорат ва хароб намуданд. Дигар дастаи reшуни муuул, ки дар имтидоди дарёи Сир [аракат мекард, дар резишго[и Ангрен ша[ри Бинокатро забт намуда, тамоми аскарони мудофеи ин ша[рро кушт.

Дар соли 1220 Чингизхон бо rувва[ои асосии лашкари худ ба Бухоро [амла овард. Вале e дар ин маврид ба муrобилати шадиди му[офизат-кунандагони ша[р дучор гардид. {арчанд rувваи аскароне, ки ша[ри Бухороро мудофиа мекарданд, назар ба лашкари муuул хеле кам буд, ба вуxуди ин, он[о устуворона муrовимат менамуданд. Лекин ин муrобилат бисёр давом накард. Дар рeзи севуми xанг мудофиакунандагони ша[ри Бухоро, ки робитаи он[о аз [ама тараф бурида шуда буд, ночор аз муrовимат даст кашиданд. Аксарияти он[о сафи rувва[ои му[осиракунандаи душманро рахна карда, аз дарёи Аму гузаштанд. Аммо, бо ин [ама, муrобилат комилан бар[ам нахeрд. Чандсад нафар аз ватанпарастони далер, ки тарк кардани ша[ри худро намехостанд, ба даруни rалъа пано[ бурда, то дами марг бар зидди истилогарон мубориза намуданд. Фаrат ваrте ки хандаrи атрофи rалъа аз xасади одамон ва мурдаи асп[о пур шуд, тасарруфи rалъа ба муuул[о муяссар гардид. Uосибони муuул пас аз забт кардани Бухоро [азорон сокинони бегуно[и ша[рро куштанд ва боrимондагонро [амчун uулом ва каниз ба асорат бурданд.

Пас аз ин лашкари Чингизхон ба тарафи Самарrанд ра[сипор гардид. Му[аммади Хоразмшо[ барои мудофиаи Самарrанд а[амияти махсусе дода, дар ин xо rувваи бузурге xамъ оварда буд. Исте[комоти ша[р аз нав таъмир карда шуд. Гарнизони калони reшун фаро[ам гардид, ки, ба rавли Рашидаддин, 110 [азор ва, аз рeи маълумоти дигар манбаъ[о, 50-60 [азор нафар сарбоз дошт. Тамоми мамлакат чашми умед ба сeи Самарrанд дeхта буд. Ба аrидаи шо[идони давр, ин ша[р метавонист ба му[осираи чандинсола тоб оварад. Рeзи севуми му[осира мудофиакунандагони ша[р аз rарорго[и худ баромада, ба душман [амлавар шуданд. Дар ин [уxуми нога[онb дастаи сершумори аскар иштирок намуд. Он[о як миrдор аскарони муuулро нобуд карданд. Вале худ ба и[отаи душман афтода, ба зарбаи сахт дучор шуданд, аксари он[о дар майдони набард [алок гардид. Ин [уxуми бебарор ба рe[ияи мудофиакунандагон таъсири ногуворе расонд. Аъёну ашроф ва рe[ониёни риёкор аз ин [олат истифода карда, rозb ва шайхулисломро ба назди Чингизхон фиристоданд, то дар ро[и таслим гуфтугузор ба амал оваранд. Суб[дам он[о хоинона дарвозаи ша[рро ба рeи муuул[о кушоданд. Reшуни чингизb ба ша[р зада даромада, ба rатли ом ва uоратгарb шурeъ намуд. Фаrат хиёнаткорон ва он[ое, ки ба пано[и муuул[о омада буданд, xон ба саломат бурданд. Аммо мудофиакунандагони rалъа [амоно сари таслим фуруд наоварда, ба душман муrобилати сахт нишон медоданд. Бо вуxуди ин [ама шуxоат ва мардонагb он[о низ дар муrобили reшуни чун мeру малахи истилогарон дурудароз истодагb карда натавонистанд. Пас аз афтодани исте[комоти rалъаи Самарrанд [азорон диловарон ба масxиди xомеъ пано[ бурда, душманро ба наздик шудан намонданд. Муuул[о бо ро[е масxидро оташ заданд. Вале мудофиакунандагон аз ин на[аросида, дар xои худ нишастанд ва сeхта мурданро аз таслим шудан ба душман авлотар донистанд.

Бештар аз нисфи а[олии Самарrанд талаф шуд. 30 [азор нафар косибону [унармандон ба писарон ва хешу табори Чингизхон ва боз [амон rадар аз за[маткашони ша[р ба хидмати reшуни муuул бахшида шуданд.

Ша[ри Самарrанд ба харобазор табдил ёфта, аз одам холb гардид. {атто пас аз якуним сол [ам, rисме аз а[олии он ба xой[ои худ баргаштанд, нуфуси ша[р фаrат чоряки сокинони пештараи онро ташкил менамуд.[1299]

{ангоми му[осираи Самарrанд Му[аммади Хоразмшо[ ба анxоми му[ориба[ои со[или дарёи Аму нигарон буд. Ваrте ки reшуни муuул ша[рро ишuол намуд, e ба [удуди Эрон – ба Табаристон фирор карда, дар яке аз xазира[ои xануби ба[ри Хазар пано[ бурд ва дигар барои ташкили муборизаи зидди истилои муuул чорае наандешид.