Исло[оти пулии Масъудбек. Rисман барrарор шудани [аёти ша[р ва тиxорат

Дар ибтидои сол[ои 70-уми асри ХIII Масъудбек му[имтарин исло[оти пулb ба амал овард.[1307] Ин аз uалабаи нави хеле xиддb ва пайдарпаи тамоюли дувум гуво[b медод. Исло[от соли 1271 эълон шуда, асосан дар бист соли охири асри ХIII амалан xорb гардид ва муваффаrият пайдо намуд.

Мазмуни асосии ин исло[отро дар бисёрии ша[ру вилоят[ои Осиёи Миёна гузаштан ба зарби муназзами сиккаи нуrраи аз xи[ати вазну иёр дар [ама xо баробар ташкил мекард. Ин гуна сикка[о, сарфи назар аз ма[алли бароварда шуданашон, дар муомилоти умумидавлатb эътибор доштанд. Ин воrеан [ам дар тиxорати пулb як инrилобе ба шумор мерафт. Пули нуrра беш аз [ама ба нарху наво ва [аxми тиxорати дохилии Осиёи Миёнаи феодалb мувофиrат мекард. Вале зиёда аз дуним аср дар Осиёи Миёна зарби нуrра ба таври мунтазам ба амал омад ва rатлу uорати истилокорони муuул бартараф намудани бe[рони ин пулро хеле ба таъхир андохт.

Бор[о барои баргаштан ба муомилоти пули нуrра кeшиш карда шуд, аммо [амаи ин кeшиш[о натиxае набахшиданд. Исло[оти Масъудбек бошад, муваффаrияти тамом пайдо кард, ки аз тайёрии хуб ва сариваrтии ин тадбир гуво[b медод.

Зарби сиккаи нуrра озод буд, [ар кас метавонист нуrраи худро ба зарробхона бурда, ба музди муайяне барояш пул созонад. Исло[от [амон ваrт комилан муваффаrият пайдо мекард, ки ба ташкили зарби озодонаи сикка имконият му[айё шавад, дорандагони нуrра худро «маълум» кунанд ва нуrраи худро ба зарробхона биёваранд. Му[имтар аз [ама ба ин кор бовар кунондани одамон буд. Он[о бояд барои эмин будан аз худсарb, зeроварb ва uоратгарии муuул[о замонат дошта бошанд ва ба хубb бифа[манд, ки ин тадбир ягон фиреби ба манфиати худ пешгирифтаи [укумат нест. Чунон ки xараёни амалb гардидани исло[от нишон меди[ад, нобоварии одамон зуд бартараф нашуда ва хусусияти он дар [ама xо яксон набудааст.

{арчанд Масъудбек барои дар [амаи ма[ал[о xорb кардани зарби пули нуrра кeшиш[ои махсус ба харx дод, ин кор ба e якбора муяссар нагардид.

Дар сол[ои 70-уми асри ХIII фаrат як rисмати хеле ками зарробхона[о ба кор шурeъ намуда, ма[сули он[о ба дараxаи кофb набуд. Тан[о дар сол[ои 80-90-уми асри ХIII камаш дар 16 ша[ру вилоят зарробхона кушода шуда, зарби пули нуrра [аrиrатан [ам фаровон гардид. Аз ин чунин бармеояд, ки дар ин ваrт аз худсариву uорати муuул[о замонати лозима мавxуд буда, барои пешрафти [аёти ша[р[о ва тиxорат шароити мeътадил фаро[ам омада будааст.

Соли 1269, андаке пеш аз исло[от, дар со[или дарёи Талас rурултой барпо гардида, дар он хонзода[ои муuул ба зистан дар дашту кe[сор, поймол накардани киштзор[о, дахолат накардан ба кори а[олии муrимb ва rаноат намудан ба андозу молиёти муrарраршуда ваъда доданд. Маълум, ки баъзе аз ин e[дадори[о иxро шуда будааст, вагарна исло[оти Масъудбек ба ин дараxа муваффаrият пайдо намекард. Rарори rурултои соли 1269 ва амри xорb гардидани исло[от бо [ам вобастагии rавb доранд: rурултой он замонат[оеро дод, ки бидуни он[о барои гузаронидани чунин исло[от, [атто [оxати кeшиш кардан [ам набуд.

Муборизаи ду тамоюл [амоно давом мекард ва uалабаи тамоюли дувум [еx го[ ба таври rатъb сурат наёфта буд. Мисоли равшани ин иддао таrдири Бухорост, ки ма[з баъди rурултои соли 1269 ва [ангоми гузаронидани исло[оти пул дар сол[ои 1273 ва 1276 аз тарафи хонзода[ои [алокуb ва чаuатоb ба ни[ояти харобb расид ва муддати [афт соли тамом аз xи[ати нуфус холb монд. Дар чоряки аввали асри ХIV низ во[аи Бухоро боз вайрона[ои зиёде дошта, боuоту токзор[ои он дар [олати харобb буданд.[1308] Дар ин маврид [ам бояд махсус rайд кард, ки Масъудбек барои ободонии Бухоро ва барrарор кардани нуфуси он тадбир[ои муассир пешбинb намуд ва ба ин васила дар сол[ои 1282-1283, [атто дар ин xо зарби муназзами сикка[ои нуrра шурeъ гардид, ки аз э[ёи [аёти ша[р ва тиxорати пулb гуво[b меди[ад. Ин [ам xолиби диrrат аст, ки Тувахон (1282-1283) дар Фарuона ша[ри Андиxонро бино кард ва ин ша[р бо суръати тамом равнаr пайдо намуд.

Ба ин тариrа, исло[оти пул, чунон ки мадрак[ои сиккашиносb ша[одат меди[анд, дар охир[ои асри ХIII нисбат ба ваrти пештара муваффаrияти калоне ба даст овард ва дар ин замина исте[солоти молb ва умуман [аёти ша[р[о rисман барrарор гардида, ба тараrrb рe ни[од. Зо[иран, вазъи ша[р[о ва тиxорат дар вилоят[ои шимолу шарrии Осиёи Миёна, [амчунин як rисми {афтруд (хусусан сикка[ои Тироз, Ганxде[, Утрор ва u. хеле фаровон буд), ша[р[ои Фарuона, вилояти Шош нисбатан бе[тар будааст. Барrарор гардидани ша[р[ои Мовароунна[р бисёр суст ба вуreъ меомад, бо вуxуди ин, дар зарфи бист соли охири асри ХIII ва ибтидои асри ХIV дар ин xо низ муваффаrият[ои ба назар намоён ба даст оварда шуданд.

Он чи оид ба вазъияти хоxагии rишлоrи Осиёи Миёна дар ибтидои асри ХIV бошад, мо дар даст маълумоти хеле кам дорем. Яке аз [уxxат[ое, ки дар бобати равшан сохтани баъзе xи[ат[ои ин масъала а[амият дорад, ваrфномаи мансуб ба соли 1299 мебошад. Дар ин ваrфнома гуфта мешавад, ки таъсискунандаи ваrф аз наздики[ои Бухоро (тахминан сb километр дуртар дар rисмати шимоли он) де[аеро бо замин[ои зиёди обёришавандааш тамоман харида, боз як де[када, ду масxид, манзил[ои хуб барои хидматкунандагон, осиёб ва чанд (на камтар аз се) устохонаи бофандагb сохт.[1309]

Худ аз худ маълум аст, ки агар пеш аз ин дар як муддати дуру дарозе [аёти осоишта барrарор намегардид ва ба харx кардани пул барои замин ва сохтмон дилпурие намебуд, хариди замин[ои кишт ва ин [ама бинокори[о дар но[ияи Бухоро амри ма[ол буд. Он замонате, ки дар rурултои соли 1269 дода шуда буд, то охири асри ХIII, чунон ки тазаккур ёфт, эътибори худро гум накард ва ин барои rисман э[ё гардидани на фаrат [аёти ша[р, балки, зо[иран, [аёти rишлоr низ шароити мусоид му[айё намуд.

Албатта, дар ибтидои асри ХIV ва умуман дар давоми тамоми ин аср, оrибат[ои харобиовари истилои муuул ба куллb бартараф нагардид, хоxагb аз сат[и пешинаи тараrrиёти худ [оло хеле дур меистод, истисмори сахт ва андоз[ои миёншикан ба барrарор намудани хоxагb мамониат мекард ва xараёни ин корро ба таъхир меандохт. Юuи асорати муuул[о барои халr[ои Осиёи Миёна ни[оят тоrатфарсо буд ва онро ба ягон балову офат баробар карда намешуд.

Ин [ама маълумот ва мадрак[о диrrати асосиро ба мар[ала[ои барrароршавb ва пешрафти нисбии, пеш аз [ама, [аёти ша[р ва тиxорат xалб карда, нуrтаи назари аксари муаррихонро, ки гeё барои равнаrи ша[р[о ва тиxорати дохилb фаrат исло[оти Кабакхон (1318-1326) имконияти воrеb фаро[ам оварда ва ма[з Кабакхон [арxу марxи муомилоти пулиро бар[ам дода бошад, рад менамоянд.