А[воли пешаварон

Сиёсати ба rайди асорат даровардани а[олb, ки муuул[о xорb мекарданд, махсусан дар муносибати он[о бо пешаварон возе[у равшан зо[ир мегардад. Дар ин бобат ша[одати яке аз маъхаз[о хеле xолиб аст. Таrрибан соли 1262 rосиди Rубилойхон дар Бухоро пас аз [исобу бароварди дубора таrсимоти зеринро муrаррар намуд: аз 16 [азор бухориён 5 [азор кас ба Боту (яъне Xуxиён) ва 3 [азор кас ба Сиюркeктенибегb (модари {улокухон, Мангухон ва Rубилойхон) тааллуr дошта, rисмати боrимондаи он[о дар ихтиёри rоон, яъне сардори муuул[о буданд, ки e бо он[о [амчун моли шахсии худ муносибат мекард. Дар соли 1263 {улокухон, ки бо Xуxиён xанг мекард, ба беруни ша[р бароварда, сар буридани 5 [азор а[олии ба ин хонадон тааллуrдоштаи Бухороро фармуд ва дар ин [ангом на андешаи молумулк ва на ра[ме нисбат ба зану кeдакони он[о дар дили e пайдо нашуд. Му[аrrиrон дуруст тахмин мекунанд, ки ин[о пешавароне буданд, ки ба ихтиёри хон[ои муuул дода шуда, шахсан ба он[о итоат мекарданд ва хизмати он[оро ба xо меоварданд.[1324]

Плано Карпини ду гурe[ пешаваронро ёд мекунад: «Дар мулки саратсион[о ва дигарон, ки дар ин миён он[о (муuул[о.–Б. U.) гeё ки [окиманд, [амаи бе[тарин пешаваронро со[ибb карда, ба тамоми кор[ои худ истифода мебаранд... ба [ар яке [ар рeз нони баркаш ва [афтае се бор порае гeшт меди[анд. Инро [ам ба он пешавароне раво мебинанд, ки дар ша[р иrомат доранд»[1325]. Аз ин гуфта[о чунин бармеояд, ки як гурe[ пешаварони ша[р [аёти uуломона ба сар мебурдаанд, ма[сулоти бавуxудовардаи он[оро дигарон со[иб шуда, ба ивазаш [ар рeз ба он[о хeроки бадаста медодаанд; гурe[и дигари пешаварони ша[р, ки озод ё uулом буданашон маълум нест, бо ихтиёри худ кор карда, аз оидоти касбашон андоз мепардохтаанд.

Рашиддадин [ам [ангоми ном бурдани тадбироти бевосита ба Осиёи Миёна дахлдоштаи Мангуrоон, зо[иран, дар, бораи [амин гурe[и пешаварон сухан рондааст: «...Мангуrоон фармуд, ки мардуми авом аз (rабили) тоxирон, дeкондорон ва косибон ба дастёрони худ лутфу мар[амат намоянд ва ба (онон) аз неъмати худ бахшоянд, то [ар яке маблаuи лозимаро аз ин муомила ба rадри дарёфти худ бипардозанд».[1326]

А[воли пешаварони Осиёи Миёна ба як минвол набуд ва дар зарфи ду аср [амеша таuйир ёфта меистод. Аз манбаъ[ои хаттb маълум мегардад, ки бисёр пешаварон ба вазъияти uуломb дучор карда шудаанд. Дар овони истилои Осиёи Миёна муuул[о умуман як rисми пешаваронро ба Муuулистон ронда бурдаанд. Баъдтар дар ша[р[ои Эрон ва Осиёи Миёна корхона[ои [унармандие ба вуxуд омаданд, ки ба табаrаи [окими муuул[о тааллуr дошта, дар он xо пешаварон мисли uулом кор мекарданд. Дар баробари ин пешаварони мамлук [ам ба мисли гурe[и дар боло зикршудаи Бухоро вуxуд доштанд, ки ба ихтиёри худ кор карда, дар айни замон, ба хон[ои муuул вобаста гардида буданд ва аз касбу тиxорати худ ба он[о андоз медоданд. Гурe[и нисбатан озоди пешаварон ва тоxироне низ мавxуд буданд, ки ба хазинаи [укумати марказb андоз (тамuа) мепардохтанд. Зо[иран, миrдори ин гуна пешаварон торафт меафзуд. Бояд rайд кард, ки андозро аз он[о маъмурони девон ва ё иxорадорон xамъ мекарданд.

Албатта, чунин гумон кардан, ки муuул[о пешаваронро асир карда ва ба uуломиву бардагb дучор намуда, гeё боиси тамоман аз байн рафтани ташкилоти пешаварb низ гардида бошанд, [еx як асосе надорад. Баробари таxдиди сохтмони ша[р[ои харобшуда ва э[ёи исте[солоти молb мебоист, инчунин корго[у устохона[ои [унармандb [ам дубора барrарор гардида, рe ба тараrrb мени[од.

Яке аз [одиса[ои нангини [укмфармоии истилокорони муuул афзоиши xанбаи uуломдорист. Муuул[о на фаrат пешаваронро, балки тамоми а[олии ма[ал[ои uасбкардаи худро ба uулом табдил медоданд ва он[оро дар хоxагb, аз xумла, дар зироат ба таври васеъ кор мефармуданд. Дар бозори uулом одамони [ар rавму миллатро мефурeхтанд. Чун ме[нати uуломи нисбат ба тараrrиёти исте[солот бепарво мувофиrи чашмдошт манфиат набахшид, чи навъе ки ваrфномаи соли 1326 нишон меди[ад, таxрибаи озод кардани uуломон ва ба шахси вобаста табдил додани он[о ба кор бурда шуд.

Зиддияти асосb на ин ки дар миёни ашрофи феодалb ва аъёни бодиянишин, балки дар байни табаrаи болои феодалон, инчунин рe[ониён, бозургонон ва судхeрон, аз як тараф, де[rонон ва бенавоёни ша[р, аз тарафи дигар, ба амал меомад. Таъсири фишоровари рe[ониёни ислом ба оммаи забун ва аrибмонда, хусусан роли гиxкунандаи сeфияи дарвешb ва шайхони сершумори он инкишофи шакл[ои бевоситаи муборизаи оммаи истисморшавандаи тоxикро бар зидди асоратгарони ма[аллb (тамоман пешгирb карда натавониста бошанд [ам) бо [ар васила бозмедоштанд.