Касбу [унар, тиxорати дохилb ва муомилоти пулb

Дар адабиёти илмb доир ба вазъияти исте[солоти [унармандии Осиёи Миёнаи асри ХVI ду фикри ба [ам мухолиф баён ёфтааст: баъзе муаллифон чунин мепиндоранд, ки касбу [унар пас аз истилои Шайбониён рe ба таназзул ни[од, вале муаллифони дигар, баръакс, дар ин давра падида[ои инкишофи минбаъдаи онро мушо[ида мекунанд. Ба назари мо, [ар ду фикр [ам нодуруст аст.

Дар со[аи исте[солоти [унармандb ва тиxорати дохилии пулb дар давоми асри ХVI таuйирот ва пешрафти муайяне ба амал омад. Аммо ин ба xи[ат[ои техникии исте[солоти молb кам дахл дорад. Тахассусёбии касбу [унар дар ин аср [ам, мисли асри ХV [амоно ма[дуд буд. Барои тавзе[и ин тахассусёбb дар асри ХVI мо нисбат ба асри гузашта бештар материал дорем, зеро миrдори хеле зиёди [уxxат[ои расмb – санад[ои харидуфурeш, ваrфнома[о ва u. ма[фуз мондаанд, ки дар он[о дeкону устохона ва корго[[ои гуногуни [унармандb зикр шудаанд. {ар як намуди моли тайёр ва [атто нимтайёр аз тарафи пешавари xудогона та[ия мегардид. Дар ин давра [осилнокии ме[нат дар со[аи касбу [унар ба [амон дараxаи [аддалимкон баланди замони феодалb воrеъ гардида буд[1447].

Дар сифати ма[сулот [ам ягон таuйироти му[им рeй надод. Масалан, агар сифати баъзе навъ[ои маснуоти кулолb ва ё касб[ои амалb бад шуда бошад, дар айни замон коuази самарrандb [1448] ва бисёр ма[сулоти [унармандии Осиёи Миёна шe[рати пешинаи худро ниго[ дошта, ба хориxа содир мешуданд. Ба [амин тариrа, исте[солоти [унармандb ва сифати ма[сулоти он дар давоми асри ХVI аз нуrтаи назари савияи техникb ба ягон таuйироти xиддb дучор нашуда, аз ин xи[ат комилан ба [олати пешинаи худ боrb монд.

Бо вуxуди ин, назар ба нимаи дувуми асри ХV баъзе тамоюлоти нав: як андоза камшавии [аxми исте[солоти молb ва тиxорати пулb ([ам дар со[аи чаканафурeшb ва [ам дар савдои калон) зо[ир мегардид. Ин тамоюлот якбора падид наомада, фаrат дар чоряки дувум ва миёна[ои асри ХVI ба назар намоён шуд[1449]. Баъзе тадбироти [окимияти давлатb дар ро[и фаро[ам овардани шароити мусоид барои тиxорати пулb (исло[оти Шайбонихон, Кeчкунчихон ва Абдуллохони II дар назар дошта шудааст), албатта, инкишофи ин тамоюлотро бозмедоштанд, вале онро тамоман аз байн бурда наметавонистанд. Та[rиrи сабаб[ои тадриxан, вале устуворона кам шудани исте[солоти молb ва тиxорати пулb дар асри ХVI ва босуръати бештар дар аср[ои ХVII–ХVIII хеле rобили таваxxe[ аст. Муаррихон ин масъаларо [анeз бояду шояд мавриди баррасb rарор надодаанд.

Дар сари баъзе сабаб[ои xузъие, ки мебоист ба вазъи касбу [унар ва тиxорати пулии асри ХVI таъсир мерасонид, таваrrуф менамоем. Дар ин бобат таuйироти тиxорати хориxb наrши муайяне дорад. Чунон ки маълум аст, дар муддати чандин аср ро[и калони корвонгард аз Осиёи Миёна гузашта, шарrу uарбро ба [ам мепайваст, вале дар асри ХVI, пас аз кашфиёт[ои бузурги географb, ин ро[ а[амияти худро гум кард. Осиёи Миёна аз xараёни асосии [аракати мол[ои тиxоратb дар канор монд ва ин [олат ба исте[солоти молии дохилb таъсир карда, боиси камшавии [аxми маснуоти як rатор со[а[ои касбу [унар гардид, хусусан он со[а[ое, ки моли худро ба тиxорати байналхалrb мебароварданд ва [ам хидмати корвон[ои ояндаву равандаро анxом медоданд.

Албатта, робита[ои тиxоратии Осиёи Миёна бо Россия, ки дар асри ХVI ривоx ёфта буд, як дараxа rусури ин зиён[оро мебаровард. Лекии анвои гуногуни мол[ое, ки ба миrдори торафт афзоянда аз Осиёи Миёна ба Россия содир карда мешуд, манфиати фаrат гурe[и муайяни корхона[ои [унармандиро таъмин мекард.

Вазъияти хоxагии пулb дар асри ХVI, таъсири сохти амлокии давлати Шайбониён ба пулбарорb ва муомилоти пулb аз нукта[ои хеле му[им ба шумор мераванд. Барои охири асри ХV ва да[аи аввали асри ХVI истифодаи боздоштанашавандаи нишони пулb хос аст. {окимони зуд-зуд ивазшавандаи ша[ру вилоят[о саъй мекарданд, ки аз кори пулбарорb ба [ар васила фоидаи бештаре ба даст оваранд. Дар ин давра, хусусан, дар сикказанb ва муомилоти пули мисb бетартибb ва худсари[ои зиёде рeй дод, дар сурате ки ма[з [амин пул дар чаканафурeшb истифода мешуд. {ам косибоне, ки на олоти зинатb, балки асбоб[ои ба мардуми ша[рнишин зарурb тайёр мекарданд ва [ам худи ша[риёну де[rононе, ки барои хариди мол[ои лозима ба дeкони он[о меомаданд, ба чунин навъи савдо манфиатдор буданд. Барои савдои калон, ки, пеш аз [ама, табаrа[ои гуногуни синфи [укмрон аз он манфиат мебурданд, низ [ар го[ вазъияти номусоид ба вуxуд меомад ва ин, дар навбати худ, ба таври uайримустаrим ба касбу [унар [ам зарар мерасонид.

Ду исло[оти пулие, ки дар зарфи чоряки аввали асри ХVI гузаронида шуда, маrсади аслии он[о омода сохтани шароити мусоид барои тиxорати пулb буд, возе[у равшан ша[одат меди[анд, ки фаро[ам овардани чунин шароит, тавре ки мебоист, имконпазир нагардид. Хеле мавриди аxобат аст, ки исло[оти дувум ба сабаби худсарии со[ибони мулк якбора гузаронида нашуд, барои аз байн бурдани бe[рон ва дар миrёси тамоми давлат мураттаб сохтани муомилоти пулb бештар аз понзда[ сол лозим омад.

Истиrлоли [укмронони мулк[о дар давра[ои баъдина ба муомилоти баробари пулии умумидавлатb торафт монеа[ои нав ба нав ба вуxуд меовард.

Пас аз исло[оти Кeчкунчихон, ки соли 1525 ба анxом расид, фоидаи аз зарбу гардиши пул бадасторандаи [окимони мулк боз [ам афзунтар гардид. Тавассути ин исло[от rоидае расмият пайдо кард, ки мутобиrи он даромади мулкдорони калон аз сикказании, масалан, пули нуrра аз ду манбаъ [осил мешуд: яке – пардохти ба мизони муайян даромадаи со[ибони филиз, дигаре –оидоте, ки аз макру найранг[ои ошкорои табдили rурби нуrра ба даст медаромад. Маънии манбаи охирb аз ин иборат буд, ки пул[ои нуrраи [амвазну [амма[ак ба ду гурe[–сиккаи «кe[на» ва сиккаи «нав» xудо карда шуда, ба он[о арзиши гуногун дода мешуд (чунончи, rобилияти хариди 10 тангаи «кe[на» баробари 9 тангаи «нав» буд). Ба истибдоди [окимияти давлатb такя карда, дар [ар сари чанд ваrт пул[ои «нав» худсарона «кe[на» эълон карда мешуданд, ки ба ин васила 10% даромади муфт ба хазинаи давлат медаромад ва со[иби пул [ам якбора 10% зиён мекашид. Xенкинсон, ки дар сол[ои 1558–1559 ба Бухоро сафар карда буд, истифодаи беисти нишони пулb ва оrибати онро дар тиxорат хеле боварибахш тавсиф намудааст: «Подшо[ [ар мо[ ва го[о дар як мо[ ду бор арзиши нуrраро баланд ё паст мекунад: вай аз [оли мардум парвое надорад, чунки барои аз ду ё се сол зиёдтар [укм рондан чашмаш намерасад, eро ё мекушанд ва ё меронанд. Ин [олат мамлакатро хароб ва тоxиронро муфлис мегардонад».

Ба ин бояд [аминро [ам илова кард, ки [окимони мулк баробари афзудани парокандагии феодалb беш аз пеш ба муомилоти пулии умумидавлатb мамониат мекарданд. Он[о [ар чb бештар даромад ба даст оварданb шуда, пеши ро[и дар rаламравашон гардиш кардани пули мулк[ои дигарро мебастанд.

Бесабаб нест, ки дар чоряки севуми асри ХVI Осиёи Миёна боз як бe[рони хеле сахти муомилоти пулиро аз сар гузаронид.

Севумин нуктаи му[им вазъи умумии мамлакат ва таъсири бевоситаи он ба хоxагист. Лашкаркашb ва тохтутоз[ои сершумор ба Хуросон [окимони шайбонb ва то андозае аскарони он[оро сарватманд намояд, тадорукот ва таx[изоти ин лашкаркаши[о барои а[олb бисёр гарон меафтод. Хусусан, xанг[ои байнихудии феодалон, ки rариб ним аср муттасил давом намуд, а[воли мардумро ни[оятдараxа табо[ сохт: дар натиxаи му[ориба[ои байни султон[ои шайбонb, аз даст ба даст гузаштани ша[ру мулк[о замин[ои кишт зери по, ша[р[о тороx ва хироxу андоз[о зиёд мешуданд. Ба [амин тариrа, шароити ин замон [ам ба равнаr ва [атто як дараxа мeътадил гардидани вазъи исте[солоти [унармандb ва тиxорат кeмаке нарасонид.

Дуруст аст, ки дар охир[ои аср, ваrте ки Абдуллохони II ба xанг[ои байнихудb хотима дода, барои бе[тар гардидани шароити тиxорат як rатор тадбир[о пешбинb кард, вазъият таuйир ёфт ва хоxагии мамлакат каме ба [олати эътидол даромад. Аммо ин давраи на он rадар тeлонии истиrрор барои бартараф намудани тамоми оrибат[ои хасорате, ки дар давраи пешина ба касбу [унар ва тиxорат ворид омада буд, кифоят накард. Xараёни инкишофи минбаъда ба зудb [амаи он натиxа[ои мусбатеро, ки дар а[ди Абдуллохони II дар бобати ба дараxаи маъмулb даровардани вазъияти умумии мамлакат ба даст омада буданд, ба боди фано дод.

Ба [амон хулосае, ки се чоряки асри ХVI давраи тадриxан камшавии [аxми исте[солоти [унармандb ва тиxорати дохилист, амри воrеии ма[з дар [амин аср нисбатан бештар ба тараrrb рe ни[одани ша[р[о мухолифате надорад. Масалан, дар давоми асри ХVI масо[ати Бухоро афзуда, як rисми ма[ал[ои атрофи он ба ша[р дохил карда шуданд. Дар ин давра дар Бухоро бисёр иморат[ои нави мe[ташам ба вуxуд меоянд, аз xумла тоr[ои тиxорат, корвонсарой[о ва амсоли ин[о сохта мешаванд. Бухоро дар нимаи дувуми асри ХVI ба таври rатъb пойтахти давлати Шайбониён мегардад. Боз му[имтар аз ин, Бухоро маркази тиxоратии Осиёи Миёна, ма[алли омадурафти аксари тоxирони хориxb ва гузарго[е барои мол[ои хориxb ма[суб меёфт. Аз ин рe, [аxми тиxорати Бухоро хоси тамоми Осиёи Миёна намебошад ва барои сухан рондан аз боби инкишофи беш аз пеши саноати [унармандb дар саросари Осиёи Миёна асосе намеди[ад.