Тиxорати хориxb. Муносибат[ои дипломатb

Устувор гардидани муносибат[ои иrтисодb ва дипломатb бо Россия омили тараrrиёти таърихии Осиёи Миёна дар асри ХVI буд[1450]. Ин бештар аз [ама дар нимаи дувуми аср, ки рафтуомади сафирони рус ба Осиёи Миёна ва алалхусус сафирони осиёмиёнагb ба давлати Москва ранги доимb гирифт, ба назар намоён гардид. Он ваrт[о сафирон ба кор[ои тиxорат [ам машuул мешуданд: он[о бо корвон[ои худ на фаrат тe[фа[ои подшо[b ва хонb, балки мол[ои тиxоратb низ мекашонданд. Аз тиxорати подшо[b ва хонb боx гирифта намешуд. Бинобар ин, султон[ои шайбонb ва [окимони мулк[о корвон[ои пурбори худро бо камоли майл ба сeи давлати Москва равон месохтанд. Вале аз нуrтаи назари муста[кам кардани робита[ои иrтисодb а[амияти вусъат ва инкишофи [аxми тиxорати хусусb бештар буд. {арчанд аз корвони тоxирони xудогона, ки ба Аштархон рафтуомад мекарданд, боx гирифта мешуд, аммо ин боиси камшавии тиxорат намегардид. Мол[ои Осиёи Миёна барои Россия чунон зарурат пайдо карда, ба таомул даромада буданд, ки [атто дар терминология ва топонимикаи он осори худро гузоштанд. Масалан, яке аз миrёс[ои маъмули вазн дар давлати Москва «ансири бухороb» номида мешуд. Дар давлати хонии Rазон тоxирони осиёимиёнагиро «тезик[о» (тоxикон) меномиданд ва дар маркази ша[ри Rазон ма[алле буд, ки бо номи «мавзеи тезик[о» шe[рат дошт.

Тиxорат ба самти дигар – ба тарафи Сибир [ам вусъат ёфт. Дар ин xо мол[ои Осиёи Миёна лузумоти бештаре доштанд. Ба ин сабаб [укумати Москва дар асри ХVI аз тиxорати ин сарзамин ягон хел боx намеситонд.

Дар давлати Москва аз мол[ои тиxоратии Осиёи Миёна талабот, махсусан, ба матоъ[ои гуногуннавъи пахтагb ва абрешимb зиёд буд. Аз Москва ба Осиёи Миёна пeсти хом, зарф[ои чeбb, газвор[ои пашмb ва бисёр маснуоти дигар оварда мешуданд. Баъзе аз ин мол[ои русиро дар Бухоро савдогарони [инду ва эронb мехариданд.

Дар асри ХVI дар миёни давлати Шайбониён ва давлати Темуриёни {инд муносибат[ои бисёр наздики тиxоратию дипломатb ва иртиботи маданb вуxуд дошт. Лекин муносибати тиxоратb ба Эрони сафавb хеле коста гардид. Дар ин маврид, uайр аз сабаб[он умумb (таuйири ро[[ои корвонгард), низоъ[ои маз[абии байни Эрони шиа ва Осиёи Миёнаи суннb [ам роли муайяне мебозид. Сабаби дигар [амоно муносибат[ои сиёсии байни Шайбониён ва Сафавиён буд, ки дар натиxаи лашкаркашb ва тохтутоз[ои пайдарпайи султон[ои шайбонb ба Хуросон (бо нияти тасарруфи ша[р[ои пурсарвати {ирот, Маш[ад, Исфароин ва u.) беш аз пеш тезутунд мегардид. Xенкинсон, ки сол[ои 1558–1559 дар Бухоро зиста, махсусан ба масъала[ои тиxорат мароr зо[ир кардааст, роxеъ ба тиxорати Осиёи Миёна бо {индустон ва Эрон чунин менависад: «{инду[о матоъ[ои сафеди нафисро, ки тотор[о ба гирди сарашон мепечонанд, [амчунин дигар навъ[ои газвори сафедро, ки дар ваrти аз матои пахтагb дeхтани либос истифода мешаванд, ба ин xо ворид мекунанд, вале он[о на тилло, на нуrра, на xаво[ирот ва на адвияxот намеоваранд. Ман пурсуxe карда фа[мидам, ки ро[и ин тиxорат ба воситаи уrёнус будааст, чунки [амаи ма[ал[ои исте[соли ин мол[о дар та[ти тасарруфи португали[о воrеъ аст.

{инду[о аз Бухоро шо[иворb, пeсти хом, uулом ва асп мебаранд, лекин ба хариди пашмина ва мо[ут он rадар майл надоранд. Ман ба тоxирони он кишвар[о, ки аз дурдасттарин rисмат[ои {индустон, [атто аз сарзамини Бангола ва карона[ои дарёи Ганг меоянд, муовизаи матоъ[ои пашмиро ба мол[ои он[о пешни[од кардам, вале нахостанд молашонро ба чунин матоъ, мисли мо[ут, иваз кунанд.

Эрони[о ба ин xониб парча, uози пахта, катон, шо[ии алвон, аспи зотb ва амсоли инро оварда, аз ин xо пeсти хом ва дигар мол[ои русb, uуломони гуногуннажод харида мебаранд, аммо матоъ намехаранд, зеро худашон ин навъ мол[оро ба ин xо меоваранд»[1451].

Манбаъ[ои дигар рeихати мол[ои ба {индустон содиркунандаро (аз rабили себу нок, мавизу бодом, харбузаи хоразмb, мeинаи русb ва мурuи шикорb) ва, бараъкс, аз {индустон ба Осиёи Миёна воридкунандаро (мисли парча, рангубор, чой, марворид) пурра месозанд[1452]. Боз як моли махсус – танга[ои нуrраи шайбониро, ки дар асри ХVI аз Осиёи Миёна ба {индустон бурда мешуд, бояд хотирнишон кард. Аxоиб, ки шо[ Акбар (1556–1605) барои гардиши пул[ои шайбонb дар дохили давлати худ иxозат дода буд, аз ин рe номи Акбар ба шакли мe[ри кeчаке дар рeи пул зарб зада мешуд [1453].

Муносибат[ои дипломатии байни Шайбониён ва Темуриёни {инд низ бомуваффаrият инкишоф меёфт. Шайбониён, ки Бобурро аз Осиёи Миёна тамоман ронда буданд, дере нагузашта пас аз rисмати зиёди {индустонро фат[ карданаш саъю кeшиш намуданд, муносибат[ои худро бо e мeътадил гардонанд. Дар сол[ои охири [укмронии Кeчкунчихон ба назди Бобур сафорати босалобате фиристода шуд. Сафирон на фаrат аз тарафи сарсулола, яъне худи Кeчкунчихон, балки аз тарафи баъзе султон[ои хонадони шайбонb [ам буданд. Бобур сафиронро ба хубb пазироb намуд ва [ангоми рухсат ба он[о тe[фа[ои бисёре дод. Масалан, ба сафири Кeчкунчихон 70 [азор пули нуrра, ханxари rиматба[о ва куло[и зардeзb инъом кард[1454]. Ин сафорат фаrат маънии ба расмият шинохтанро надошт. Шайбониён, ки дар ин сол[о пай дар пай ба Хуросон [уxум мекарданд, ба таъмини амнияти аrибго[и худ манфиатдор буданд.

Муносибат[ои дипломатb, хусусан, дар байни ду [укмрони барxаста – султони шайбонb - «Абдуллохони II ва подшо[и {индустон» - Акбар хеле муваффаrиятомез буд. Он[о [ар го[ ба кишвари якдигар [айъати сафорат мефиристоданд, бо [ам мукотиба доштанд ва ба якдигар тe[фа[ои гаронба[о мефиристоданд. Абдуллохони II ба сафорате, ки фавран баъди Бадахшонро забт кардани Шайбониён ва дар Афuонистон uалаба[ои калон ба даст овардани reшуни Акбар фиристода буд, арзиши баланд медод. Ин сафорат маrсади дутарафа дошт: яке – гирифтани пеши ро[и [аракати минбаъдаи reшуни {инд ва дигаре – ба Акбар фа[мондани ин, ки Шайбониён даъвои мулки eро надоранд. Сафорати дар навбати худ фиристодаи Акбар бо [усни таваxxe[ ва иззату э[тироми бузурге пазируфта шуд[1455].