МУБОРИЗА ДАР РО{И МУСТА{КАМ КАРДАНИ АМОРАТИ БУХОРО

Чунон ки дар боло rайд карда шуд, норизоятии оммаи халr тамоми аморати Бухороро фаро мегирифт. Дониёлбb на фаrат худсари[ои феодалонро бартараф карда натавонист, балки худаш торафт бештар мутеи кушбегb ва rозикалон мегардид. Яке аз писарони e - Шо[мурод худро тамоман ба тариrати сeфия бахшида, муриди шайхе шуд. Вай дар зо[ир аз дарвеши мискин [еx тафовут надошт. Бо фармоиши шайх [атто дар бозор [аммолb мекард. Содагb ва дастрасии зо[ирb, тарзи зиндагии шикастанафсонаи ша[зода, ки ба куллb хилофи зиндагонии айёшона ва пурдабдабаи аъёну ашроф ва худи Дониёлбb буд, боиси дар байни оммаи халr ва а[ли зe[ду таrво шe[рат ва эътибори зиёд пайдо кардани e гардид. Шо[мурод, махсусан, ба рe[ониён ихлос ва э[тироми беандоза доштани худро бо xидду xа[ди тамом таъкид менамуд. Дониёлбb чунин маъруфияти писарашро ба назар нагирифта наметавонист ва ша[зода дар умури давлат беш аз пеш нуфуз пайдо намуд. E ба бекор кардани баъзе андоз[о низ муваффаr шуд. Падарро ба xуз вориси худ таъин кардани e дигар чорае намонд.

Пас аз вафоти Дониёлбb валиа[ди e либоси тавба дар тан фарёдкунон дар кeча[ои Бухоро гашта, бо лобаву зорb аз мардум илтиxо менамуд, ки гуно[[ои нисбат ба мардум кардаи мар[умро бубахшанд. Вай [амчунин [иссаи худро аз мероси падар гирифта, амр кард, ки ин сарватро ба касоне, ки «аз он[о ситонида шудааст», баргардонанд. Чунин вонамуд мекард, ки гeё e uайри хо[иши худ ба тахти салтанат нишастааст ва, аз ин рe, боз ба асбоби таxаммул наздик нашуда, худро дар маслаки зe[ду таrво ниго[ медошт. Тарзи зиндагии хоксорона ва порсоёнаи e (либоси фаrру фоrа мепeшид ва онро то xиuда-xиuда шуда дариданаш аз тан намекашид, таоми оддb ва хеле кам мехeрд, [еx го[ [адя намегирифт, дар як рeз барои э[тиёxоти худ фаrат як танга харx мекард ва u.) муосиронашро дар [айрат мегузоштанд. E барои та[диди синфи хоxагон ва ашроф rушбегb ва rозикалонро дар [узури умум ба rатл расонид. Чунин рафтору кирдори e, ки аз рeи муло[иза[ои сиёсb сурат мегирифт, дар кори со[иб шудан ба тахти салтанат ва ба тарафи худ кашидани таваxxe[и оммаи мардум роли му[им бозид.[1545]

Ин таваxxe[ барои Шо[мурод ни[оятдараxа зарур буд, зеро дар соли ба тахт нишастани e (1785) косаи сабри а[олии Бухоро лабрез шуда, он[о шeриш бардоштанд. Дар рафти шeриш беш аз [азор нафар кушта шуд. Аз ин раrам ба хубb маълум мешавад, ки муборизаи халr то чb андоза вусъат доштааст. Шо[мурод маxбур шуд савганд хeрад, ки а[олии Бухороро аз xавру зулм ва хироxу андоз[ои аз [ад зиёд озод хо[ад кард. Ва фармони eро ба рeи санг сабт намуда, дар пештоrи масxиди xомеи Бухоро гузоштанд. Албатта, ин як ваъдаи хушку холb ва фаrат василаи аз uазаби халr ра[оb ёфтан буд. Аз бухориён минбаъд [ам молиёти махсус, ки ба маrсад[ои [арбb андохта мешуд, меситониданд.

А[ди салтанати амир Шо[мурод (1785–1800) дар таърихи сулолаи Манuития давраи нисбатан устувор гардидани аморат ба шумор меравад.

Шо[мурод ба маrсади бартараф намудани норизоятии умумb, ки дар ваrти [укмронии падараш пайдо шуда буд, баъзе исло[от xорb намуд. Вай фаrат чунин андоз[ои шаръb, монанди хироx ва закотро боrb гузошта, дигар [амаи молиёт, боx ва xарима[оро бар[ам дод. Лекин ба ивази ин xизя – андози аз rавм[ои uайримусулмон ситондашавандаро хеле зиёд кард. Ба аскарон мо[иёна муrаррар намуд. Бисёр замин[ои ваrфро, ки амирони собиr мусодира карда буданд, дубора барrарор кард. Ба ин восита e рe[ониёни исломро [омии худ карда, дар ро[и муста[кам намудани [окимияти худ аз нуфузи дар байни оммаи мардум доштаи он[о мо[ирона истифода мебурд.

Исло[оти пулие, ки e дар оuози xулуси худ гузаронид, барои [аёти иrтисодии мамлакат а[амияти калон пайдо намуд. Хон[ои сулолаи Xониён ва сипас нахустин амирони манuит сикка[ои нуrраи камиёр бароварда, аз тафовути rурби расмb ва амалии ин сикка[о фоидаи зиёде ба даст меоварданд. Ин [олат, дар навбати худ муомилоти пулиро вайрон карда, чун бори гароне ба дeши а[олb меафтод. Шо[мурод иrдоми rатъb намуд. Шакли зо[ирb, [аxм ва вазни сикка[оро таuйир дода, он[оро аз нуrраи пуриёр мебаровардагb шуданд. {ар кас метавонист ба сиккахона нуrра оварда, ба ивазаш ([аrrи зарробиро пардохта) пул бигирад. Зо[иран, сикка[ои кe[наи пеш аз исло[от аз эътибор соrит карда шуданд.[1546] Ин исло[оти пулb бар тибrи талаботи айнии иrтисодиёт ба вуreъ пайваста, ба ривоxу равнаrи тиxорат мусоидат намуд.

Ба Шо[мурод лозим омад, ки ба маrсади афзудани иrтидори [окимияти марказb [окимони вилоят[оро аз кор барканор карда, [окимони нав таъин намояд. Ба [ар ша[ру де[а rозb таъин карданро низ e ба таомул даровард. Муrобилати феодалони xудогона дар[ам шикаста шуд. {атто саркаштарини он[о низ сари итоат хам кард. Чунончи, Ниёзалb, ки дар ваrти Дониёл худро дар Ша[рисабз мустаrил эълон карда буд, итоати амир Шо[муродро rабул намуд.

Шо[мурод умури ма[камаро низ як дараxа ба тартиб даровард. Худаш рисолае роxеъ ба [уrуr таълиф намуд, ки барои rози[о [амчун дастур хизмат мекард. Дар он замон rонуне xорb гардид, ки бар тибrи он агар касе нисбат ба моликият xинояте содир кунад, сарфи назар аз мартаба[ои xамъиятии e, ба сахттарин xазо гирифтор мешуд. Чунин тадбирот як андоза пеши ро[и uорату тороx[ои аз [ад зиёдро гирифта, ба манфиати табаrа[ои осоишталаби а[олb буд. {ама медонистанд, ки барои ро[занb сар аз тан xудо мекунанд, барои дуздb дасти ростро мебуранд ва u. Шо[мурод ин чорабини[оро та[ти ливои мубориза дар ро[и риояти а[коми шариат амалb намуда, бо ин ба[она барои муроrибат ва му[офизати расму оин мансаби раисро xорb сохт, ки e мебоист иxрои тамоми фармуда[ои шариатро хурдагирона назорат мекард.[1547]

Муста[кам шудани [окимияти марказb боиси таъмини амнияти ро[[о гардид ва ин дар баробари исло[оти пул барои равнаrи тиxорат заминаи мусоид фаро[ам овард. Хоxагии во[а[ои зироатb, хусусан водии Зарафшон, инчунин [авзаи дарёи Аму ва Rашrадарё дубора рe ба сабзиш ни[од. Дар бобати афзудани нуфуси но[ия[ои камодам чора[о дида шуданд, канал[ои нави обёрb акнун на аз они феодал[ои ма[аллb, балки моли подшо[b ма[суб меёфтанд ва аз ин [ам мадохили хазинаи давлат меафзуд. Дар натиxаи пешрафти кор[ои обёрb протсесси ба зиндагонии муrимb гузаштани тоифа[ои бодиянишини eзбек дар замин[ои навобод rувват гирифт.[1548]

Амир Шо[мурод риёкорона rиёфаи дарвеши порсоро ба худ гирифта, таассуби диниро ривоx медод ва аз он ба маrсади xорb кардани сиёсаташ истифода менамуд. E та[ти шиори «xи[оди муrаддас бар зидди шиа[о» чандин мартаба ба Хуросон лашкар кашид ва бисёр ма[ал[ои онро тороx намуд. Умарои Манuития дар ин лашкаркаши[о [ар як каси rобили ме[натро аз а[олии Хуросон асир карда, ба Бухоро меоварданд. Ба ин восита бозори uуломфурeшии Бухоро хеле авx гирифт. Дар охир[ои асри ХVIII, ваrте ки Эрон саргарми xанг[ои дохилии худ буд, Шо[мурод дубора Марвро ишuол кард. Пас аз чанде вай ба муrобили бародари худ Умарбb, ки дар Марв [укм ронда, барои xудо шудан аз Бухоро кeшиш мекард, дохили му[ориба гардид ва сарбанди дарёи Мурuобро ба куллb вайрон намуд. E тадриxан rисмати зиёди а[олии ин во[аро ба Самарrанду Бухоро кeчонида, дар таъмири хароба[ое, ки аз xанг[ои собиr ба амал омада буданд, истифода бурд. Ин сиёсати пешгирифтаи Шо[мурод то андозае ба тармими хароби[ои водии Зарафшон, махсусан атрофи Самарrанд ва Бухоро мусоидат кард, вале дар айни замон вай боиси тамоман ба харобазор табдил ёфтани во[аи Марв гардид. Шо[мурод якчанд дафъа ба тараф[ои Eротеппа лашкар кашид ва дар ин маврид[о низ аксари а[олии rобили ме[нати Хуxанд, Eротеппа, Хавос, Зомин ва Ёмро зeран ба Самарrанд бурда, дар сохтмони бино[о ва иншооти обёрb истифода бурд. Ма[з бо rувваи ин одамон дар Самарrанд 24 масxид ва дигар иморат[ои гуногун сохта шуданд.[1549]