Муборизаи Англия ва Россия барои доираи нуфуз. Вусъати мулк[ои Россия дар Осиёи Миёна

Пешравии reшун[ои Россияи подшо[b дар Осиёи Миёна наrша[ои империяи Британияро вайрон намуд. Дар соли 1869 Англия роxеъ ба таъсиси давлати «буфер», яъне бетараф дар байни минтаrа[ои та[ти тасарруфи Англия ва Россия дар Осиёи Миёна масъала ба миён гузошт. Ба аrидаи мустамликадорони англис, чунин давлат мебоист Афuонистон гардад, ки ба он [амро[ кардани мулки Бадахшон низ дар назар дошта мешуд. Дарёи Аму бояд сар[ади байни доира[ои нуфузи Англия ва Россия мегардид.

Вале ваrте ки доир ба ин масъала гуфтугузори тарафайн ба амал омад, асли маrсади [укумати Англия нисбат ба Афuонистон ошкор шуд. Маълум гардид, ки вай дар воrеъ Афuонистонро ба минтаrаи та[ти васояти худ табдил додан мехостааст.

Дар аввали соли 1873 доира[ои [укмрони кишвари салтанатии Англия ва Россияи подшо[b аз [исоби манфиат[ои мардуми Осиёи Миёна хомeшона чунин мувофиrате [осил карданд, ки тибrи он мебоист дар Хева протекторати Россия ва дар Афuонистон протекторати Англия барrарор мегардид.

Пас аз он ки дар миёни давлат[ои Британия ва Россия дар бобати таrсими доираи нуфуз созиш ба амал омад, [уxуми reшуни подшо[b ба Хева шурeъ шуд. Ташаббускор ва ташкилкунандаи фаъоли юриши нави ишuолгарона К.П.Кауфман буд, ки дар амалиёти худ аз [укумати подшо[b комилан тарафдорb медид. Зарурати «xазо додани» давлати хонb барои а[дшикани[ое, ки аз ваrти куштори [айъати сафорати Бекович-Черкасский дар соли 1717 зо[ир мегардид, барои [амла ба корвони тоxирони рус, барои «муносибати беэ[тиромона» нисбат ба намояндагони генерал-губернатори Туркистон ва амсоли ин[о [амчун ба[онаи ин юриш ба rалам дода шуданд. Аммо асли маrсади ин юриш [амон саъю кeшиши доира[ои [укмрони империяи Россия дар ро[и васеъ кардани бозори фурeш ва ба даст даровардани манбаъ[ои нави маводи хом буд.

Дар охири мо[и маи соли 1873 reшун[ои Туркистон ва Оренбург ба rалъаи ша[ри асосии давлати хонии Хева расиданд. Хони Хева-Му[аммад Ра[ими 11 кай[о аз он xо фирор карда, ба дашти туркман, ба яйлоrи Хазовот рафта буд. Муrобилони Му[аммад Ра[им бародари e-Атоxонтeраро, ки ба сeиrасди зидди хон гуна[кор карда, ба зиндон партофта шуда буд, хон эълон намуданд.

Лекин К.П.Кауфман бо Атоxон сарукор доштанро нахост ва аз паси хони фирорb rосид фиристода, ба борго[и худ баргаштани eро талаб кард. 2 июни соли 1873 Му[аммад Ра[ими II ба пойтахти давлат бозгашт ва асири ифтихорb гардид. Кауфман шарт[ои муо[идаи сул[ ва муносибат бо давлати хониро пеш мени[од ва умарои Хева сари итоат хам карда, ба [амаи он шарт[о розb мешуданд. 12 августи соли 1873 муо[идаи байни Россия ва Хева, ки аз 18 модда иборат буд, ба имзо расид. Дар моддаи аввал таъкид мешуд, ки хон итоати императори Россияро rабул карда, бидуни иxозати [укуматдорони подшо[b бо ягон давлати [амсоя муо[ида намебандад ва ё xанг эълон намекунад. Замин[ои со[или рости дарёи Аму аз Хева гирифта, як rисми он ба ивази кeмак[ои дар давраи xанги Хева ба reшун[ои рус расондаи амир ба Бухоро дода шуд. Дар со[или рост [амчунин шeъбаи Амударё бо маркази Петро-Александровск ([оло ш. Тeрткeл) ташкил гардид, ки ба [айъати вилояти Сирдарё дохил мешуд.

Модда[ои дигари муо[ида ба тоxирон ва со[ибкорони рус барои фаъолияташон дар давлат имтиёз[ои васеъ медоданд. Мувофиrи [амин муо[ида хон вазифадор шуд, ки хариду фурeши одам ва uуломдориро бар[ам меди[ад ва инчунин барои хароxоти [арбb маблаuи 2 миллион сeм «xарима» мепардозад[1722].

Аз охири соли 1873 то аввали соли 1874 вазъият дар давлати хонии Хerанд хеле тундутез гардид. {окимони феодалии Хerанд rариб [амаи замин[ои берун аз водии Фарuона доштаашонро аз даст дода, rусури даромади барбодрафтаро аз [исоби [ар чи бештар истисмор кардани а[олии Фарuона баровардан хостанд. Илова бар ин, маъмурон ва амалдорони бисёре, ки аз xой[ои сердаромади худ дар водии Чу ва xараёнго[и миёнаи дарёи Сир, дар Хуxанд, Eротеппа ва дигар ма[ал[о ма[рум гардида буданд, ба ин xо фурe рехтанд. Харxи ин аъёну ашрофи феодалb низ ба e[даи а[олии ме[наткаш афтода, боиси афзоиши хироx ва молиёт гардид.

{укуматдорони подшо[b дар Петербург ва Тошканд аз [укмрони давлати хонии Хerанд [амеша из[ори хурсандb ва rаноатмандb мекарданд. Ин аст, ки Худоёрхонро ба ивази нармию хушма[зарb ва гузашт[ояш нисбат ба талаб[ои империяи Россия бор[о бо нишону унвон[ои ифтихорb ва ташаккурнома[ои «аъло[азрат» сарфароз гардонида буданд. Он[о норизоятb ва эътироз[ои оммавии а[олии давлати хонии Хerанд, тоxикон, eзбекон ва rирuиз[ои Фарuонаро нодида меангоштанд. {ол он ки ба идораи генерал-губернатори Туркистон дар бораи вазъияти ноороми давлати хонb хабар[ои зиёде мерасиданд. Дар яке аз ин хабар[о, ки ба мо[и маи соли 1874 тааллуr дорад, аз xумла чунин гуфта шудааст: «{озир вазъияти давлати хонии Хerанд пурташвиш аст. А[олb аз хон ни[оятдараxа норозb мебошад. Хон агар корвонсарое бино карданb шавад, ё дар ягон ма[ал зироат кардан хо[ад ва ё ба хаёлаш сохтани боuе расад,– [амеша дар амалb намудани тамоми ин гуна rасду ният[ояш а[олb ва сарбозонро маxбуран кор мефармояд, аммо як тин [ам музд намеди[ад»[1723].

Дар санад[ои дигар аз мавриди та[rир rарор гирифтани одамони ме[наткаш, ва[шонияти политсия, андозу хироx[ои зиёде, ки [атто «барои хори дар биёбон рeида, дарахтони аз кe[ оваранда, барои най, барои золуи аз кeл xамъкунанда ва uайра» меситониданд, сухан ронда мешуд[1724]. Баъзе [уxxат[о дар худ хулоса[ои хеле саре[у равшан низ доштанд. Масалан, дар «Мадрак[ои навтарин роxеъ ба давлати хонии Хerанд» чунин из[ор гардида буд, ки тамоми дастго[и идории кунунb бо андак такон мисли дарахти кe[наи пeсида омодаи афтодан аст»[1725].

Ба Кауфман лозим омад, ки ба вазъияти пурташвиш ва шeромези водии Фарuона мудохала намояд, Вале e «ба таври худ»мудохала намуд ва бо [амин [ам нисбат ба мардуми ме[наткаш таваxxe[ надоштани худро боз якбори дигар нишон дод. Генерал – губернатори Туркистон фаrат хост, ки хони мустабидро аз хавфи сар задани ошeби халr «падарвор» ого[ созад. Ба ин маънb 8 июли соли 1874 ба Худоёрхон номае навишт: «Бе[тарин касон зидди шумо амал мекунанд, мардум [ам дар изтироб аст… Агар шумо тариrи раиятдории худро таuйир нади[ед, он го[ ман бароятон анxоми нохушеро пешгeb мекунам»[1726].

Хони Хerанд ин номаи генерал – губернаторро комилан мувофиrи тарзи тафаккури худ таъбир намуда, оташи xабру ситамро дар саросари мамлакат боз [ам фурeзонтар гардонид. Вале оромии ба ин васила таъминшуда дер напоид. Ба[ори соли 1875 шeри ошeб[ои халr дубора бо rувваи нав сар зада, аз марз[ои uарбии мамлакат, аз наздикии Хуxанд то водии Олой ва ма[ал[ои назди кe[истони Помир-тамоми rаламрави давлати хониро фаро гирифт. Ба замми ин вазъияти умумии сиёсии давра аз даври пешин тафовут дошт. Агар дар нимаи сол[ои 70 – ум асосан шeриш[ои халrии зиддифеодалb ба амал меомада бошанд, тахминан аз соли 1875 ба муборизаи зидди Худоёрхон як гурe[ намояндагони аъёни олимаrоми дарбор низ [амро[ шуданд. Абдура[мони Офтобачb, бародари Худоёр, [окими Марuелон Султон Муродбек, Мулло Исо-авлиё ва дигар феодалони калон аз тарси ин, ки он[о [ам ба uазаби [алr гирифтор нашаванд, ошкоран ба муrобили хон сар бардоштанд. Писари Худоёрхон-Насриддин [ам ба сафи мухолифи падари худ дохил гардид. Намояндагони синфи [оким ба [аракати зиддифеодалb [амро[ шуда, тамоми саъю кeшиши худро ба он равона сохтанд, ки равияи иxтимоии муборизаи халrро суст намоянд ва онро аз ро[и синфb бароварда, ба ро[и маз[абию миллатчигb дароваранд. Бинобар ин, ваrте ки Худоёр аз тахт афтод (ва ба хоки генерал-губернатории Туркистон фирор карда, ба [имояи найза[ои подшо[b пано[ бурд), он[о eро на ба зулму ситам ва rатлу uорати мардум, балки ба мутеи давлати Россия гардиданаш гуна[кор донистанд. Он[о «ба муrобили кофирон xи[од» эълон намуда, барrарор сохтани [удуди пешинаи хонияи Хerандро талаб карданд ва Насриддинро хон бардоштанд. Даста[ои xудогонаи шeришгарон бо та[рики доира[ои миллатчии феодалону рe[ониёни мутаассиб ба стансия[ои почта ва де[а[о [уxум мекарданд ва дар ро[[о даст ба uоратгарb мезаданд

Кауфман хабари ба тахт нишастани Насриддинро шунида из[ори ризоият намуд, ки [укумати eро ба расмият хо[ад шинохт, фаrат ба шарте ки хон rарордоду муо[ада[ои байни Россияву Хerандро риоят кунад ва ба табаа[ои руси аз [амлаву uоратгари[о зарардида товон биди[ад. Насриддин ба рe[ониёну феодалони калон такя намуда, ба ин талаби генерал-губернатор эътино накард ва тан[о пас аз он ки даста[ои Хerанд 22 августи соли 1875 дар му[орибаи назди rалъаи Ма[рам шикаст хeрданд, ба номаи Кауфман xавоб гардонида, [амаи пешни[од[ои eро rабул кард. Вале акнун он талаб[ои пешина ба назари генерали подшо[b кам менамуданд.

22 сентябри соли 1875 ба давлати хонb rарордоди нав пешни[од карда шуд. Мувофиrи шарт[ои ин rарордод Хerанд аз [уrуrи бо ягон давлате (uайри Россия) бевосита муносибат пайдо намудан ма[рум гардида, маблаuи зиёде xарима ва товони xанг медод. Мулки бекии Намангонро аз давлати хонии Хerанд xудо намуда, [амчун шeъбае ба [айъати кишвари Туркистон [амро[ карда шуд. Мисли [арваrта корсозону тоxирони рус ба [ама гуна имтиёзот со[иб гардиданд.

Бо вуxуди ин, вазъият тезутунд ва пурташвиш буд. Феодалону рe[ониёни иртиxоъпараст [амоно мардумро ба «xи[од» даъват мекарданд. Ба xои Насриддин ба тахти хонb Пeлодбек нишонда шуд. Дар наво[ии Андиxон ва Намангон байни сарбозони Хerанд ва аскарони подшо[b задухeрд[ои шадид ба амал омаданд. {укумати подшо[b амалан аз фоида[ои иrтисодb ва сиёсие, ки дар давлати хонb ба даст оварда буд, ма[рум гардид, зеро дар он шароит иxрои rарордод [еx имкон надошт.

Кауфман аз тарси он, ки шeру ошeб[о метавонанд тамоми Туркистонро фаро бигиранд, ба водии Фарuона rувва[ои иловагb фиристод. Ни[оят манбаъ[ои шeришу исён пахш карда шуданд. Генерал-губернатори Туркистон бо пуштибонии Вазорати [арбb мамониати вазорати кор[ои хориxиро, ки аз аксуламали Англия андеша мекард, бартараф намуда, ба комилан аз байн бурдани истиrлолияти давлати хонии Хerанд муваффаr гардид. Мувофиrи фармони подшо[ аз 19 феврали соли 1876 хоки давлати хонb бо номи вилояти Фарuона ба [айъати кишвари Туркистон дохил карда шуд.

Дар айни замон, дар xануби шарrии Осиёи Миёна амалиёти xангии аморати Бухоро давом мекард. Ин дафъа ма[алли xамъомад ва такяго[и reшуни Бухоро Rаршb ва Ша[рисабз гардид. Амир Музаффар дар наво[ии ин ша[р[о rувваи зиёдеро xамъ намуда, дар охири соли 1866– аввали соли 1867 ба Бойсун ва Де[нав [уxум кард. Дар муrобили e даста[ои ихтиёрии мулк[ои ма[аллии ниммустаrил бо сардории беки {исор rарор гирифта буданд.

Тeпхонаи [ар ду тараф [ам хеле заиф буд. {исори[о [амагb 4 тeп (2 тeпи чeянb ва ду тeпи мисb) доштанд, дар он[о асли[аи оташфишони [озиразамон ба миrдори кофb набуд. Бинобар ин, даста[о аксар ваrт ба xанги тан ба тан мегузаштанд. Reшуни Бухоро дар натиxаи [арбу зарби сахт (хусусан дар мавзеи Амоrсой) [исори[оро аrиб нишонда, дар rалъаи Де[нав ба му[осира гирифт ва сипас шабохун зада, rалъаро ишuол намуд. Сарбозони амир ба rатли оми да[шатангезе шурeъ карда, [ар каси ба дасташон афтодаро нобуд сохтанд.

Ба чанде аз [исори[о ва иттифоrчиёни он[о муяссар гардид, ки ба тараф[ои Rаротегин, Дарвоз ва Кeлоб гурехта, xон ба саломат баранд. Аз он xумла беки {исор Абдулкарим-додхо[ ба Кeлоб пано[ бурд. Аммо беки он xо Сарахони сиёсатмадори маккор eро [амро[и чанд нафар муттафиrонаш дастгир намуда, ба амир Музаффар дод. Сарахон ният дошт ба ин васила таваxxe[и [укмрони Бухороро ба худ xалб намояд ва [укумати бекии Кeлобро дар даст нига[ дорад.

Вале [аракати сарбозони амир ба самти шарr [амоно давом мекард. Он го[ Сарахон, ки мулк[ои зиёде дар поёноби дарё[ои Кофарни[он ва Вахш ба [ар андоза та[ти [окимият ва нуфузи e rарор гирифта буданд, барои дар атрофи худ мутта[ид кардани ашрофи феодалии rабила[ои ин но[ия ва бо rувваи он[о гирифтани пеши ро[и сарбозони амир саъй намуд. Беки нави Де[нав-Улуuбек ба кeмаки e шитофт ва он[о якxоя дар аввали соли 1869 а[олии ма[аллиро барои муrовамат намудан дар муrобили бухорои[о даъват карданд. Азбаски Сарахон шиори дар байни мардум маш[ури муборизаи зидди андоз[ои xорикардаи амирро ваъз мекард, ба зери байроrи e боз фавxи сершумори ихтиёриён xамъ омад.

Амири Бухоро ва муrаррабони e ба набард[ои нав даrиrона ва бо тамоми rувва тайёрb медиданд. Аз xумла бо сардории Яъrуббек rушбегb reшуни махсус ташкил дода шуд. Яъrуббек даста[ои амалан ноозмуда ва сило[и дуруст надоштаи Шерободро, ки ба он Остонаrулбb сардорb мекард, аrиб партофта, аз Сурхондарё гузашт ва тамоми сарзамини {исорро ба харобазор табдил дода, сипас ро[и Балxувон ва Кeлобро пеш гирифт. {ар як [амлаи сарбозони Бухоро бо uорати ша[ру де[от ва rатли оми мардуми бегуно[ тамом мешуд. Дар як худи {исор панx [азор кас ба rатл расид [1727].

{арчанд ки сарбозони амир касеро амон надода, [атто а[олии ша[ру rишлоr[ои муrобилатнакардаро [ам несту нобуд мекарданд, боз аз мулк[ои истилошуда бо номи «амонпулb» хироx [ам меситонданд. Маблаuи аз [ад зиёде, ки бо ро[и ин гуна uоратгари[ои рeирост xамъ омада буд, барои афзудани сарвати саркарда[ои феодалии Бухоро сарф гардид ва rисми асосии он ба амир фиристода шуд.

Ба маrсади комилан аз байн бурдани истиrлолияти баrияи мулк[ои ин но[ия амир Музаффар фармуд, ки [окими {исор Абдулкаримро бо тамоми хонаводааш нобуд созанд. Сарахон аз кушта шудан тарсида, ба воситаи дарёи Аму ба хоки Афuонистон гузашт (аз рeи баъзе маълумот[о, e баъд[о волии Rанда[ор шуд ва аз рeи маълумот[ои дигар ба {индустон рафта, дар он xо иrомат ихтиёр намуд).

Сарони rабила ва ашрофи феодалии мулк[ои забткардаи Бухоро бо одамоне, ки нисбат ба амир садоrат доштанд, иваз карда шуданд. Яъrуббек rушбегb [окими тамоми ин вилоят таъин гардида, мулк[ои {исор ва Кeлоб та[ти rаламрави e rарор гирифт. Ба Яъrуббек дар [окимият ихтиёроти таrрибан нома[дуд дода шуд. Саидниёзи киикчb-беки Балxувон ва Наxмуддинхоxа-беки Кeлоб таъин гардиданд. Ин [укмронони нав ба маrсади хушхизматb намудан дар назди амир, корро аз ривоxи зулму ситам ва ситонидани андозу хироx[ои хонахаробкунанда сар карда, камтарин норизоятb ва эътирози мардумро бера[мона фурe менишонданд. А[воли оммаи ме[наткаш боз [ам табо[тар гардид ва аз ин рe ба rатлу куштор[ои ва[шиёна ниго[ накарда, норизоятb дар де[оту ша[р[о беш аз пеш rувват мегирифт ва го[е ба ошeб[ои зидди истисмори феодалb табдил меёфт.

Дар айни [ол аморати Бухоро амалиёти истилокоронаи худро дар xануби шарrии Осиёи Миёна идома медод. Акнун навбати зарба задан ба Дарвозу Rаротегин расида буд. Ин мулк[о он ваrт та[ти нуфузи давлати хонии Хerанд воrеъ гардида буданд. Ра[имшо аз задухeрд[ои дохилb истифода бурда, [окимияти Rаротегинро ба даст гирифт ва бо нияти устувор гардонидани мавrеи худ бо амир чоплусb карда, [ар го[ тобеияти худро ба аморати Бухоро эътироф менамуд [1728].

Ин [олат боиси ба вуxуд омадани боз як ихтилофи байни Бухорову Хerанд гардид. {арчанд [укмрони онваrтаи Хerанд Худоёрхонро амири Бухоро Музаффархон ба тахт нишонда буд, муносибати ин ду давлати Осиёи Миёна беш аз пеш тезутунд шуда, ошкоро ранги душманона мегирифт. Дар сар[ади Rаротегин задухeрд[ои сахт ба амал омада, дар он[о rувва[ои аскарии аморати Бухоро ва давлати хонии Хerанд иштирок намуданд.

Бо вуxуди ин, вазъият акнун назар ба да[-понзда[ сол пеш аз ин як андоза дигар гардида буд. Пештар xанг[ои байни Бухорову Хerанд сол[ои дароз rатъ намешуд. Аммо [оло, дар сол[ои шастум ва ибтидои [афтодуми асри ХIХ дар Осиёи Миёна Россияи подшо[b со[ибихтиёр гардида, Бухорову Хerанд ба вассали e табдил ёфта буданд. {ар як xангу xидоли байни аморат ва давлати хонb ба эътибори империяи Россия зарар мерасонид. Илова бар ин, доира[ои [укмрони Петербург ва Тошканд, ки Туркистонро тамоман ба та[ти тасарруфи худ дароварда буданд, ба инкишофи робита[ои тиxоративу иrтисодии байни вилояту но[ия[о ва мулк[ову давлат[ои хонии ин сарзамин аз рeи манфиатдории худ таваxxe[ зо[ир менамуданд. Ба ин ваx[ ваrте ки дар аввали соли 1870 дар Rаротегин миёни сарбозони Бухорову Хerанд задухeрд ба амал омад, генерал-губернатори Туркистон Кауфман маxбур шуд ба амир Музаффар муроxиат намояд ва eро ого[ кунад, ки аз xанги зидди давлати хонии Хerанд даст кашад.

Вазъият як муддат ба оромb рe овард. {окими Rаротегин-Саид Му[аммадиншо [аракат мекард, ки истиrлолияти мулки худро таъмин намояд, вале ин майли e мавриди писанди маъмурияти Туркистон rарор нагирифт.

{укумати подшо[b ба маrсади муста[кам кардани мавrеи худ дар ма[ал[ои ро[и Помир ва аз xи[ати маънавию сиёсb таъсир расонидан ба [окими Rаротегин ба водии Олой экспедитсия фиристод. Дар охири июл ва августи соли 1876 генерал Скобелев, ки нахустин губернатори [арбии Фарuона таъин шуда буд, дар сари як дастаи калон, ки ба [айъати он, uайр аз [арбиён, донишмандони xуuрофия, табиатшиносb ва нуxум (Л.Ф.Костенко, В.Ф.Ошанин, А.Р.Бонедорф ва дигар[о) дохил мешуданд, ба самти кe[доман[ои Помир ра[сипор гардид. Ин экспедитсия мебоист таъкид мекард, ки [укумати подшо[b акнун идомади[андаи [аrrи хонии Хerанд ба но[ия[ои кe[истони-Помир мебошад. Uайр аз ин, вай ба [окими ниммустаrили мулки феодалии Rаротегин Саид Му[аммадиншо бояд хотирнишон менамуд, ки rаламрави e барои аскарони империяи Россия комилан дастрас аст. Дере нагузашта Саид Му[аммадиншо барои «гарданкашиаш» аз [окимият ма[рум гардид ва ба xои e Ра[имшо, ки то он ваrт дар Бухоро мезист ва [укумати подшо[b ба садоrаташ бовар дошт, гузошта шуд. Дар нимаи дувуми сол[ои [афтодум амири Бухоро Rаротегинро тамоман ба rатори мулк[ои худ дохил намуд. Сипас чунин rисмат ба сари Дарвоз [ам омад. Агар мулк[ои душворраси uарби кe[истони Помир, аз rабили Рeшон, Шуuнон ва Вахон сарфи назар карда шавад, Дарвоз охирин мулки ниммустаrили со[или рости Панx ба шумор мерафт. Соли 1676 амир барои тобеъ намудани ин мулк бо сардории бе[тарин лашкаркаши худ-Худойназар-додхо reшун фиристод. Бухори[о бо тазйиrи сиёсb ва макру фиреб тавонистанд шо[и Дарвоз Сироxиддинхонро барои мулоrот бо амир ба Ша[рисабз оваронанд, ки e дар он xо фавран ба асорат афтод.

Вале ин хиёнат иродаи мардуми Дарвозро шикаста натавонист. Он[о ба муrобили истилокорон мардонавор xангида, аввал як дастаи начандон калони бухори[о, баъд кeшуни якуним[азораро, ки бо тeп мусалла[ буда, бо сардории Худойназар-додхо ба сeи он[о [аракат мекард, торумор намуданд. Дар ин xанг Худойназар-додхо ва чанде аз саркарда[ои e ярадор шуданд. Rисмати зиёди аскарони ба ин самт фиристодаи амир нобуд гардиданд.

Муrовимати rа[рамононаи мардуми ватанпарвари Дарвоз [амаи но[ия[ои аз тарафи аморати Бухоро истилошудаи xануби шарrии Осиёи Миёнаро ба xунбиш овард. Амир Музаффар бо маrсади пешгирb намудани шeриш[ои умумb фавран ибтидои соли 1878 ба ин ма[ал[о rувваи зиёди аскарb фиристод (аз рeи баъзе маълумот[о, амир [атто нияти шахсан ба он сардорb кардан дошта будааст). Ин rувваи аскарb дар наво[ии Кeлоб, Балxувон ва Rаротегин xой гирифта, як дастаи сершумор ба rалъаи Uарм низ гузошта шуд, то ки бо расидани ба[орон ва аз барф тоза шудани аuба[о ба Дарвоз [амла намояд.

Худойназар-додхо аз рeи ин наrша амал намуда, мудофиакунандагони Дарвозро ба аrибнишинb маxбур сохт ва rалъаи хеле муста[ками Кафтархонаро ба му[осира гирифт. Бухори[о дар xанг[ои сахт талафоти зиёде дода, ни[оят Кафтархонаро ишuол карданд ва пас аз он ба rарияи асосии Дарвоз-Rалъаихумб ва но[ияи Панx равона шуда, он xой[оро [ам забт намуданд.

Вале муборизаи асоратнописандонаи мардуми ин диёр бо [амин rатъ нагардид. Ба сарлашкарон ва сарбозони амир барои фурe нишондани муrовимати сокинони баъзе ма[ал[ои Дарвоз боз ба харx додани xа[ду кeшиш[ои пур аз за[мату ранx лозим омад. Махсусан а[олии водии Ванx ба муrобили истилогарон бебокона xанг мекарданд. Бисёрии он[о дар rалъаи дастнораси Рошорв ба камин нишаста, ба душман зарба[ои сахт мерасониданд. Фаrат пас аз он ки озуrа ва му[иммоти rалъанишинон ба охир расид ва [амчунин саркарда[ои феодалии ба амир фeрeхташуда ба таслим rарор доданд, Рошорв дарвозаи худро ба бухорои[о боз кард. Аксари дарвозиёни мудофиакунандаи rалъа ба таслим сар нафуроварда, бо ро[[ои махфb ба со[или чапи Панx, ба Афuонистон гузаштанд. Сарбозони амир Музаффар [ам бо нияти дастгир кардани он[о ба он сeи дарё гузашта, дар канора[ои xанубии он мавзеъ гирифтанд. Ба ин сабаб он ма[ал[ое, ки сарбозони амир дар он сeи дарё rарор гирифта буданд, «Дарвози паси Панx» номида шуданд.

{укумати амирb муrовимати дарвози[оро комилан бартараф намуда, замин[ои он[оро ба rаламрави худ даровард ва Ра[мон-rулибекро [оким таъин кард. Табиати озодихо[b ва истиrлолталабии а[олии ма[аллиро ба эътибор гирифта, доиман дар ихтиёри [оким дастаи сершумори сарбозон, ки нафароти он[о ба 1300-1500 мерасид, гузошта мешуд.

Ин сарзамини ишuолкардаи аморат, ки акнун номи «Бухорои Шарrb»-ро гирифт, дар давоми xанг[ои истилокорона чунон зарар ва хасорат[о дид, ки то uалабаи Револютсияи Кабири Сотсилистии Октябр ба худ омада натавонист. Дар бораи ин хароби[о аз гуво[ии капитани штаби генералb Стеткевич мумкин аст як андоза тасаввурот [осил намуд. E навиштааст: «Ба rавли сокинони ин ма[ал[о, таrрибан чил сол rабл аз ин водии Ширкент аз Дарбанд то Регар ва кe[истони Rаратоu [ама боuу чаманзор буд, аммо дар ваrти xанг[ои дохилb, ки бо тобеъ шудани Регар ба амири Бухоро анxом ёфтанд, ба вайроназор мубаддал гардид ва дигар рeи бе[будиро нахо[ад дид... Фаrат ба боu[ои атрофи бозор (дар Регар-Б.U.) даромада дидем, ки uайр аз харобазор чизе нест ва ша[р як де[ачаи бозорист, девор[ои гилии нимвайрона масо[ати васеи чоргeшаеро и[ота карда, даромадго[и он, ки аз дарвозаи бурxнок аст, ба ботлоr табдил ёфтааст»[1729].

Чунин манзараи [узнангезро дар бисёр ша[ру де[а[ои ин вилоят дидан мумкин буд. Он ша[ру де[а[ое [ам, ки [ангоми [уxуми сарбозони амир солим монда буданд, баъд[о аз усули фалокатбори идораи [укумати феодалии Бухоро ба таназзул рe оварда, [амро[и сокинонашон rурбони [амла[ои харобкоронаи [окимони [арису виxдонфурeш ва тороxгари[ои амлокдорону xамъкунандагони хироx гардиданд.

Чаро сокинони озодипарасти ма[ал[ои кe[сору води[ои Тоxикистон дар мубориза бо rувва[ои аскарии нисбатан заифи амир шикаст хeрданд? Сабаби аввал ин аст, ки он[о аз xи[ати омодагb ба муrовимат, ва[дат ва таx[изоти моддb [анeз ба дараxаи лозима rувват пайдо накарда буданд. Сабаби дигар ин аст, ки феодалони болонишини ма[аллb, мисли одати [амешагии худ, барои ниго[ доштани мавrеъ[ои имтиёзнокашон дар айни сахтии мубориза ба тарафи истилокорон гузашта, ба кори умум хиёнат мекарданд. Uараз[ои синфии он[о назар ба э[сосоти миллию ватандeстиашон rавитар буд. {укуматдорони амир аз ин заъфи он[о истифода бурда, бо фитнаву дасиса ва бо подошу ваъда[о [ар гуна шо[ону [окимон, хон[ову бек[о ва феодалони хурду калонро ба тарафи худ моил месохтанд. {амчунин тарафдорb ва дастгирие, ки аморати Бухоро аз империяи Россия медид, дар барори истилокори[ои он аз а[амият холb набуд.