Зардуштия

Дар боло ишора кардем, ки «Авесто» – маxмeи аносири аxноси мухталиф ва дар замони гуногун ба вуxуд омадааст. Кай[ост, ки му[аrrиrон доир ба таxзияи ин аносир ва муайян намудани xанба[ои rадимтарини дини эрониён кор мебаранд. Махсусан, дар ду да[солаи охир ин кор[о хеле пеш рафтанд[178]. И.Гершевич ба xои як номи умумии «зардуштия» се номро пешни[од мекунад: «заратуштрианизм» (дини замони худи Зардушт, [амон тавре ки он дар «Гот[о» инъикос ёфтааст); «заратуштритсизм» (дине, ки дар матн[ои нисбатан баъдинаи авестоb мунъакис гардидааст); «зороастрианизм» (оини замони сосонb)[179].

Дар байни rабила[ои эронb дар [удуди [азора[ои II – I пеш аз милод оину маз[аб[ои xудогонае мавxуд буданд, ки баъдтар он[о ба зардуштия дар шакли комилан инкишофёфтаи худ дохил гардиданд. Аксари он[о ба давраи умумияти [индуэронb ва баъзан ба умумияти [индуаврупоb мерасиданд. Махсусан, ситоиши Митраро бояд ном бурд. Худоёне, ки эрониён мепарастиданд, А[ура ном доштанд. Тадриxан тасаввурот дар бораи худои ягона - А[ура пайдо шуд, ки eро Маздо – «доно» меномиданд.

Гарчанде баъзе олимон шуб[а доранд (аrидаи он[о дар китоби мо «Таърихи халrи тоxик» оварда шудааст), далели шахсияти [аrиrии таърихb будани Зардуштро исботшуда шумурдан мумкин аст. E мураттиби «Гот[о» аст ва дар он[о шахсияти e [амчун таблиuотчb, одами зинда ва мубориз ба таври равшан аён мегардад. Сонитар, дар «Хурд-Авесто» Зардушт [амчун персонажи асотирb пайдо мешавад.

Номи Зардушт (шакли аврупоиаш Зороастр), бо э[тимоли куллb, маънии «шутурбон»-ро дорад[180]. E аз дудмони Спитама аст (аз [амин xост исми суuдии Спитамана, ки дар юнонb Спитамен шудааст). Падараш Поурушаспа ва модараш Дуuдова ном доштанд. Зардушт ба табаrаи мeбадон мансуб буд. Вай шахси камбизоат буд, шиква[ояш ма[фуз мондааст, ки чорво ва тобеони кам дорад, ба e да[ байтал бо тойча[ояш ва шутуре [амчун тe[фа ваъда шудааст. Зардушт зану фарзанд дошт.

Зардушт дар «Гот[о» мегeяд, ки ва[йи дини халrро аз А[урамаздо ноил гардидааст (ба [амин монанд дар Rуръон низ аз гуфтугузор ва сe[бат[ои Му[аммад бо Худо ва ил[ом гирифтанаш сухан меравад). Дар оuози таблиuоти динии худ Зардушт ба муваффаrият со[иб нашуд ва маxбур ба фирор гардида, дар охир дар шахси кави (шо[зода, шо[) Виштосп [имоятгаре пайдо кард, ки худаш ва наздиконаш дини Зардуштро rабул карданд. Дар «Гот[о» ба uайр аз ин чандин шахсон – наздикон ва хешони Зардушт номбар мешаванд.

Таблиuоти Зардушт ба муrобили пешвоёни rабилавb (ва ё ашроф) ва мeбадони дини пешин, ки rурбони[ои зиёди хунинро тарuиб мекарданд, равона карда шуда буд. Ба таври одилона ва холисона шакл[ои пешrадами хоxагидориро тарuиб намуда, ба муrобилат кардан ба задухeрд[ои xангиву uоратгарона, ки ягона маrсадашон ба тороx бурдани чорпоён буд, даъват намуда, Зардушт тарафдори муrимнишинb ва барrарор намудани [окимияти пурзeру зиндагии осоишта дар рeи замин буд. Ситоиши эзидони rадимаро рад намуда, Зардушт ситояндаи худои ягона - А[урамаздо гардид.

Аз байни хусусият[ои асосии зардуштия, ки ба давра[ои мухталифи инкишофи он хос буданд, ин[оро xудо кардан мумкин аст: 1) дар шакл[ои аввалини зардуштия тамоили монотеистb (яккахудоb), ки дар ибодат ба худои ягона - А[урамаздо (Урмузд, {урмузд) ифода ёфта буд, ба назар мерасад; 2) дуияте, ки аксаран онро ба ахлоr ва одоб нисбат меди[анд ва он аз муrобилгузории ду мабдаи доимии муxаррад Некb ва Бадb ва ё Рост ва Дурeu таркиб ёфта буд, сарвари rувва[ои Некb (ростb, адолат, рeшноb ва u.) - худои бузург - А[урамаздо, сарвари rувва[ои Бадb (дурeu, торикb ва u.) эзиди бад ва душман - А[раманйу (дар навишти авестоb – Ангро Майну, баъдан А[риман) мебошанд. Муборизаи ин ду rувва асоси пешрафти xа[онро ташкил меди[анд. Мутобиr ба исми А[урамаздо зардуштияро баъзан маздаизм[181] ва худи пайравони он худашонро маздаясноён (аз маздаясно «ситояндаи Маздо») меноманд.

Rабила[ои ориёb хеле барваrт, зо[иран, дар давраи [индуэронb дар бораи ду навъ худо[о тасаввурот доштаанд: дайва (дар [индb дева, баъдтар дар эронb дев шудааст) – худо[ои rадимии антропоморфии табиb буданд, ин калима ба маънии умумии худо низ меояд (решаи [индуаврупоb – дейво), дигар асура (дар эронb а[ура, маънии луuавиаш «сарвар», «худованд») – худоёне, ки сарвари олb ва сарварии махсусеро доир ба масоили ахлоrb ба e[да доштанд. Мувофиrи анъанаи {инди rадим (дар суруд[ои баъдтар эxодшудаи «Ригведа»), асура[о душмани мардум [исоб мешуданд, баъдтар дар {инд калимаи асураро тан[о барои ифодаи rувва[ои бадb истифода мекардагb шуданд, дев[о бошанд, [амчун худоён боrb монданд. Дар дини маздаясно ин табдилот баръакс анxом гирифт: дев[о дар ин дин худоёни бадкирдор гаштанд[182]. Дар шумори дев[о «Авесто» Индра (яке худоёни маълуму маш[ури ведоb) ва «На[атна» (дар [индb Насатйа) ва дигаронро ном мебарад. Истило[и «а[ура», баръакс маънии «худо»-ро дар худ ниго[ дошт.

Аз байни худоёни дигар яке xудо гардид, ки худои оламу кай[он, худованди донову роздон ба [исоб мерафт. А[ура дар якxоягb бо сифати «Мазда» номи худои ягона А[урамаздоро (худованди бохирадро) ташкил мекунад. Ин таuйирот бевосита бо рафти гузариш ба дине, ки xанба[ои ахлоrии зиёд дошт, марбут буд. А[урамаздо (монанди асураи {инди rадим Вауна) бо яке аз маф[ум[ои асосии динb бевосита алоrаманд аст, ки он арта (дар «Авесто»-аша) – ростb, ша[риёрии хуб, адолат мебошад. Дар «Гот[о»-и Зардушт А[урамаздо натан[о худои ягона аст: e натан[о худоёни дигарро раду инкор мекунад, балки ба xои он[о амал менамояд.

Дар со[аи расму оин Зардушт rурбони[ои хунин ва истифодаи нeшокии муrаддас - хаомаро (дар [индb сома) рад мекард ва тан[о ситоиши оташро тарuиб менамуд. Оташ [амчун ифода ва ё рамзи адолати ило[b – арта шинохта мешуд. Ситоиши оташ ва оташкада[о баъдан яке аз хусусият[ои хоси зардуштия гардиданд. Манъи куштори чорпоён барои rурбонb бевосита бо мазмуну мундариxаи иxтимоии таълимоти Зардушт алоrаманд аст.

Якxоя бо тамоюли яккахудоb, ки ба сабаби худои ягона шинохта шудани А[урамаздо дар байни тоифа[ои эронb инкишоф меёфт, тасаввуроти дуалистb низ па[н мегардид. Мувофиrи ин тасаввурот, тамоми чиз[ои рeи xа[он – худоён, [аводиси табиат ва xамъият, [айвонот ва uайра ба мабдаъ[ои неку бад, ба ростb (арта) ва ё дурeu (драуга, шакли авестоиаш друг, друx) – таxассуми беадолатb, бадb ва бадахлоrb мансубанд. Ин аrида[о дар таълимоти Зардушт, ки монотеизм ва дуализмро фаро гирифта, тамоми тасаввуроти дуалистиро дар атрофи як зиддияти умумии xа[онb uун мекард, xамъбаст ва амиrтар шуда буданд. Дар зиддияти умумии xа[онb роли [алкунандаро инсон мебозид.

Роли инсон дар зардуштия аз рeи консепсияи оид ба иродаи озод, ки дар «Гот[о»-и Зардушт асоснок шудааст, муайян мегардад. Инсон некb ва ё бадиро худ интихоб менамояд ва амалиёти e дар рафти муборизаи xа[онии мабдаъ[ои неку бад а[амияти [алкунанда дорад. Ро[и некиро дини поки ба замин овардаи пайuамбар – Зардушт нишон меди[ад. Кeшиши якxояи тарафдорони он (ва ё пайравонаш) бояд дар охир ба пирeзии некb бирасонад. Зардушт ба мардум ваъдаи расидани xа[они наверо медод, ки дар он rувва[ои некb бар бадb пирeз хо[анд шуд. Пас аз озмоиш бо оташ он[ое, ки некиро интихоб на-мудаанд, ба олами адолат, ки А[урамаздо ба он асос гузоштааст, мерасанд. Мувофиrи таълимоти Зардушт пирeзии rатъии rувва[ои некb дар ояндаи наздик бояд анxом бипазирад. Вале баъдтар дар зардуштия rабул гардид, ки пас аз мавлуди Зардушт ва ба миён омадани оини e, ки васоили мубориза бо бадb аст, то расидани ра[оибахш – Саошианта (ин истило[ дар «Гот[о» низ истифода шудааст), ки аз нутфаи Зардушт аст ва дар rаъри кeл ниго[ дошта мешавад, се [азор сол хо[ад гузашт. Ма[з пас аз расидани ра[оибахш бояд пирeзии rатъии некb бар бадb анxом ёбад.

Вазифаи асосии инсон дар мусоидат ба некb ва дар муборизаи он бо бадb гузориши намоз ва иxрои маросим[о [исоб намеёфт. Дар оuози пайдоиши худ зардуштия ба ин xи[ати масъала rариб [еx а[амияте намедод. Вазифаи асосb зиндагии одилонаи аз тарафи дини [аr муайянгардида ва «андешаи нек», «гуфтори нек», «кирдори нек» буданд, ки тавассути он[о инсон бо бадb мубориза мекард. Зиёд кардани боигари[ои моддb (ки А[урамаздо ва ё Рe[и муrаддас барои инсон офаридааст), яъне машuул шудан бо чорводорb ва киштукор яке аз васила[ои мубориза бо rувва[ои бадb дониста мешуд[183].

Дар худи «Гот[о» дар баробари А[урамаздо ду рe[и [амзод мавxуданд, ки якеашон тимсоли ростb ва дигаре таxассуми дурeu мебошад. Дар rисмати «Яснои {афтбоба»-и «Авесто» мавзeъ[ои бисёрхудоb (политеистb) хеле зиёданд. Дар ин xо натан[о А[урамаздо ва тазо[уроти e, балки оташ, об, бод, замин, [аво, равони чорпоён ва uайра ситоиш мешаванд[184].

Дар байни маxмeи худо[ои авестоb аз [ама маш[ур ва ситоишшаванда худои офтоб ва равшанb Митра – [имоятгари пурзeри размкунандагон, бахшандаи пирeзb ва боз оли[аи сер[осилb ва об[ои равон Ардвисура Ана[ито буданд. Дар маросими ибодат ба ин оли[а хусусият[ое ма[фуз монда буданд, ки ба давраи модаршо[b мерасиданд[185].

Аз одобу русуми зардуштия расми гeрондани мурда[о ([оло [ам дар байни порсиёни {инд маъмул аст) xи[ат[ои ба худ хосе дорад. Колбади мурда дар дахма гузошта мешавад ва гeшташ тeъмаи паррандагон мегардад. Устухон[ои ба ин тарз аз гeшт тозакардашуда дар зарф[ои махсус – оссуарий[о (устадон[о) ниго[ дошта мешаванд. Ин расм, ки шаклан аз зардуштия пештар ба вуxуд омадааст, бо rоида[ои асосиаш ба зардуштиён бор карда шуд ва барои пайравони он ягона расми имконпазир гардид. Зиддияти байни зиндагb ва марг яке аз зиддият[ои асосb дар системаи таълимоти дуалистии зардуштия ба шумор мерафт. Зиндагb неъмати бахшидаи мабдаи некb, марг бошад, бадии офаридаи А[риман буд. Тани пайрави дин, ки дар зиндагиаш ифодаи мабдаи нек буд, пас аз марг нопок, ифодаи мабдаи бадb мегардад. Дар баробари ин ситоиши оташ, замин, об rатъиян нопок кардани он[оро манъ мекард. Аз ин рe, ба хок супурдан ва ё сeзондани мурда расм набуд (гарчанде пеш аз ин сeзондани мурда маъмул буд, ба ин худи калимаи «дахма», ки одатан онро [амчун «xои сeзондан» маънидод менамоянд, ишорат мекунад)[186].

Таълимоти зардуштb шуuли де[rонb ва чорводориро вазифаи муrаддас ва кори пуршуxоат медонист ва пайравони худро ба ин амр водор менамуд.

Дар фасли савуми «Видевдод» гуфта мешавад, ки макони хайру э[сон ва шодиву хуррамb «ин [амон xост, ки бандагон барои худ маскан ва оташкада сохта, со[иби зану фарзанд ва дорои рама бошанд. Он го[ ба ин макон хайру баракат рe оварда, [айвонот ва саг, зан ва кeдак, оташ ва [ама гуна нозу неъмат осуда ва эмин хо[ад буд... Ин [амон xост, ки бандагон бисёртар uалла, алаф, наботот ва мева[ои хeрданb мекоранд, замини хушкшударо шодоб ва замини хеле намро хушк мекунанд, ба миrдори хеле зиёд [айвоноти калон ва хурдро парвариш менамоянд... ва ин [айвонот пору[ои ни[оят бисёре меди[анд» (фиrра[ои 2-6).

Дар ин xо барои гузаштан ба чорводорb ва зиндагии муrимb ва махсусан ба хоxагии зироаткорb ошкоро даъват карда шудааст.

Боз дар [амон фасл гуфта мешавад: «Он касе, ки бо дасти чапу рост ва росту чап заминро меронад ва мекорад, ба замин фоидаи бисёр меорад. Ин ба шав[ари дeстдоре монанд аст, ки барои зани ма[бубаи дар бистари нарму музайян ба ро[ат хобидааш фарзанд ва ё неъмати дигар мебахшад... Замин ба он кас хитоб мекунад: «Эй одаме, ки маро бо дасти чапу рост ва росту чап меронb ва кишт мекунb..., дар [аrиrат, ман монда нашуда тавлид мекунам, [амеша [осили фаровон ва [ама гуна хeрокворb му[айё месозам. Касе, ки uалла мекорад, гeё тухми некb мепошад» (фиrра[ои 25 – 26,31).

Дар «Гот[о» ба чорводорb низ диrrати калоне дода шудааст. Пайuамбар ба А[урамаздо рe оварда мегeяд: «Ту [амоне [астb, ки... барои мо ин неъмати бузург – чорворо офаридb» (47,3). Мо дар ин xо бисёр порча[оеро дучор мекунем, ки дар бораи чорво, ниго[убини чорво, му[офизати чорво ва [имояи чорводорони бегуно[ аз [уxуми даррандагон сухан меравад. «Ситоиши А[урамаздо ва сер кардани чорворо мо аз [ама афзал медонем» (35,7)[187]

Ма[з дар rадимтарин rисми «Авесто» даъват ба ме[нати де[rонb, инъикоси тасаввурот ва афсона[ои халrb ва uайра дида мешавад. Вале «Авесто» дар сурати мукаммал, [амчун асари давра[ои хеле баъдина ба назар мерасад, давра[ое, ки таълимоти зардуштb муrаддас ва rонунb эълон гардида, ба дину оини давлатb, ки [окимияти подшо[ро парастида, [укмронии ашроф ва рe[ониёнро бар оммаи ме[наткаш раво медонист, табдил меёбад.

Барои омeхтани таърихи rадими аxдоди халrи тоxик маълумоти этнографb низ а[амият дорад. Дар маишат ва тарзи зиндагии пешазреволютсионии тоxикон, махсусан тоxикони кe[истон бисёр боrимонда[ои муносибати xамоати ибтидоb ма[фуз монда буд. Чунончи, хона[ои калони умумb дар де[а[ои Дарвоз ва Rаротегин яке аз нишона[ои он мебошад. Аз бисёр баrия[ои парастиши оташ аловхона, яъне xое, ки а[олии мардинаи rишлоr дар гирди оташ xамъ омада, зиёфат меоростанд, ни[оят па[н гардида буд. Дар санъати сафолсозb ва бинокорb бисёр хусусият[ои rадима ниго[ дошта шудаанд. Маш[уртарин гуфтор[ои бостонии доир ба rа[рамонb ривоят[о дар васфи Рустам мебошад. Одатан тоxики кe[истонb ба коре шурeъ намуда, пеш аз [ама, «Рустам, мадад кун!» мегeяд. Тиру камон «камони Рустам» ном гирифтааст. Як rатор урфу одат[о аз ма[фуз мондани баrия[ои давраи модаршо[b ша[одат меди[ад. Дар [унари кулолb ва санъати бинокорb бисёр xи[ат[ои анъанавии rадима боrb мондаанд.

 


 
 
 

Фасли дувум