Равнаrи муомилоти тиxорат

Пас аз анxоми сохтмони ро[и о[ани Тошканд, ки Осиёи Миёнаро бо Оренбургу Москва пайваст, тиxорат хеле равнаr ёфт. Масалан, агар соли 1865 содироти Бухоро 3306 [азор сeми тилло ва воридоташ 1913 [азор сeми тилло бошад, пас сол[ои 1900-1904 ба [исоби миёна содирот ба 23700 [азор сeми тилло ва воридот ба 23 200 [азор сeми тилло расид.

Муносибат[ои пулию молb хеле ривоx ёфтанд. Де[rонон беш аз пеш барои бозор шуда кор мекарданду ба таrозои содирот мутобиr мешуданд. Агар сол[ои 1850–1860 барои содирот таrрибан 50 [азор пуд пахта xудо карда бошанд, пас дар арафаи асри ХIХ аллакай 1200 [азор пуд пахта барои содирот xудо карда шуд. Дар миёна[ои асри ХIХ содироти пeсти rарокeлb соле [амагb 30-40 [азор дона бошад, ин миrдор дар ибтидои асри ХХ ба 1 млн. дона расид, мисли [амин содироти пашм [ам соле аз якчанд [азор пуд то 150-170 [азор пуд афзуд.

Бухорои шарrb [ам мисли тамоми аморат аз воридоти рeзафзуни мол[ои фабрику завод[ои Россия хеле зиён дид. Миrдори фурeши ин гуна мол[о дар Бухорои шарrb нисбат ба вилоят[ои Туркистон камтар бошад [ам, вале ба он дараxае буд, ки тавонист ба саноати косибии ма[аллb зарбаи короb занад. Ин зарбаро фаrат мушкилгузар будани баъзе вилоят[ову но[ия[о андак сабук кард. Дар якчанд ша[р[ои нисбатан калони Бухорои шарrb – Душанбе, {исор, Кeлоб, Rаротоu, Балxувон исте[соли газвор[ои абрешимию пашмию пахтагин, маснуоти кулолию чармгарb, асбоби зироат, корду шамшер ва uайра идома дошт. Зимнан баъзе беки[о ма[з дар исте[соли ин ё он намуди ма[сулоту маснуот тахассус меёфтанд. Масалан, Дарвоз, ки аз кон[ои маъдани о[ан бой буд, асосан маснуоти о[анин мебароварду но[ия[ои [амсояро [ам бо асбобу анxоми зироат таъмин мекард. Дар Кeлобу Балxувон чармгарb ва исте[соли маснуоти чармин маrоми намоён дошт. {исор бо шо[и[ои худ, Rаротегин бо хeрxин[ои пат, намад, газвор[ои пахтагин, Rубодиён бо абрешими худ ном бароварда буданд. Дар беки[о инчунин корхонаву дeкон[ое, ки барои таъмини э[тиёxи рeзгори мардум зарур мебошанд, низ вуxуд доштанд – осиёб[о, обxувоз[о, xувозхона[о, дeкон[ои о[ангарb, мисгарb ва u.

Худсарию бедодии феодал[о ба равнаrи исте[солоти ин со[а[о [ам монеъ шуд. Намемонд, ки он каму беш бемалол вусъат ёбад. Масалан, газетаи «Туркестанские ведомости» навишта буд: «Дар бекии {исор, бешуб[а, шо[ии дар xа[он бе[тарин исте[сол карда мешавад, вале он мутлаrо ба бозор намебарояд, зеро тамоми онро худи бек кашида мегираду нархашро [ам худаш мемонад ва бар замми ин, чанд тeби онро як тин надода азони худ [ам мекунад»[1794].