Ба вуxуд омадани давлати {ахоманиши[о

Пайдоиши нахустин падида[ои давлат дар Эрон ба аср[ои IХ-VII пеш аз милод тааллуr дорад[188]. Дар ин аср[о аксари но[ия[ои Эрони uарбb ба [айъати давлат[ои Ошур ва Урарту дохил мешуд (вилоят[ое, ки баъдтар маркази салтанати миди[о гардидаанд, дар та[ти тасарруфи давлати Ошур буданд; тоифа[ои форсии xанубу uарби Эрон, ки аввал[о ба подшо[ии Аллом ва баъд ба {ахоманиши[о итоат мекарданд, таrрибан дар соли 640 пеш аз милод тобеияти худро нисбат ба Ошур эътироф намуданд). Дар аср[ои VIII–VII rисмати му[ими хоки шимолу uарби Эрон дар зери идораи давлати подшо[ии Монb мутта[ид гардид.

Тоифа[ои эронизабон дар мар[ила[ои аввали нуфузи худ ба Эронзамин (аз охири [азораи II – ибтидои [азораи I пеш аз милод) [анeз ба [амон дараxаи тараrrиёти иxтимоию сиёсb, ки таъсиси итти[одияе мисли давлат имкон медода бошад, нарасида буданд. Фаrат баъдтар дар асоси ин тоифа[о ва ба он[о омехтани а[олии ма[аллии як rатор вилоят[ои Эрон тамаркузи (консолидатсияи) унсурони эронизабон ба амал омада, дар натиxаи инкишофи он дар чоряки дувуми асри VII пеш аз милод давлати подшо[ии Мидb таъсис меёбад, ки аввал[о дар [удуди но[ияи Экботан ({амадон) ва чанде аз вилоят[ои [амсоя rарор гирифта, пас аксарияти вилоят[ои Эрон (аз xумла, вилояти Форс), хоки давлат[ои Монb ва Урарту, як идда но[ия[ои тобеи давлати Ошур, rисмати шарrии Осиёи Хурдро тасарруф намуд[189]; [удуди он дар шарr то сар[адди Осиёи Миёна расида буд.

Дар миёна[ои асри VI пеш аз милод ба xои давлати Мидb давлати {ахоманиши[о ба вуxуд меояд. Бо зу[ури давлати xа[онии {ахоманиши[о [амон протсес[ои хоси давраи гузашта (аср[ои IХ-VI пеш аз милод), ки тамоюли ба як давлат мутта[ид кардани халrу кишвар[ои мухталифи Шарrи бостониро (чунон ки давлат[ои Ошур, Урарту, Мидb ва Бобули Нав муттасил вусъат меёфтанд) ифода менамуд, ба анxом расиданд.

Бунёди давлати {ахоманиши[оро подшо[и тоифа[ои форс Куруши II гузошт, ки пештар чун вассал ба салтанати Мидb тобеъ буд. E дар натиxаи мубориза[ои сахт ва дуру дароз на фаrат аз тобеият халос шуд, балки дар соли 550 пеш аз милод давлати Мидиро тамоман торумор намуда, ба зери итоати худ даровард. Вай дар баробари унвони подшо[и Форс унвони подшо[и Мидиро [ам со[иб шуд[190].

Куруши II xанг[ои зиёде кардааст. E аввал тамоми мулк[ои тобеи давлати Мидиро тасарруф намуд. Сипас, дар соли 547 ё 546 пеш аз милод давлати юнонии Осиёи Хурд – Лидияро, ки мамлакати пурсарвате буд, ба салтанати худ тобеъ кард[191].