Шeриши зидди Хахоманиши[о дар а[ди Дорои I

Uалабаи бодиянишинони Осиёи Миёна бар Куруши II дар [алли таrдири давлати {ахоманишb роли калоне бозид. Аз як тараф, бунёдгузори тавонои давлати {ахоманишb кушта шуд, аз тарафи дигар, писар ва валиа[ди e Камбуxиё маxбур гардид, ки сафари xангии кай[о муrарраршудаи Мисрро мавrуф гузорад[201]. Дертар Камбуxиё ба [ар [ол ба Миср лашкар кашида, ин мамлакатро [ам ба та[ти тасарруфи {ахоманиши[о даровард.

Дар соли 522 пеш аз милод [окимияти Эронро яке аз намоянда[ои сулолаи [ахоманишb Дорои I ба даст даровард (e то соли 486 салтанат рондааст). Бесарусомони[ои хонадони подшо[b ва мубориза[ои тоxутахтталабb, ки дар му[ити бe[рони сиёсиву иxтимоb ба вуreъ меомад, ба парешонии давлати [ахоманишb ва сар задани xунбиш[ои истиrлолиятхо[онаи як rатор вилоят[о оварда расонид. Дар навиштаxоти маш[ури кe[и Бесутун, ки Доро ба маrсади xовидон гардонидани кор[ои худ сабт кардааст, аз хусуси фурe нишондани чунин ошeб[о ба таври муфассал наrл карда мешавад.

Халr[ои Осиёи Миёна [ам барои аз дeш барандохтани юuи асорати {ахоманиши[о аз ин фурсат истифода намуданд. Порт, Марuиён ва мамлакати сакои[о сар бардоштанд (навиштаxоти Бесутун, 6-8). Шeриш махсусан дар Марuиён вусъати зиёд пайдо кард. Дорои I дар навиштаxоти Бесутун (катибаи Бесутун, III, 10-12) дар ин бора чунин наrл мекунад: «Доро гeяд: кишвари Марuиён ба ошeб омад. Якеро бо номи Фради Марuиёнb сардор хонданд. Пас, ман як марди форсро бо номи Додоршиш, банда ва волии ман, ба Бохтар фиристода, ба e гуфтам: «Бирав ва маuлуб соз лашкареро, ки худро на лашкари ман гeяд». Сипас, Додоршиш бо reшун бирафт ва бар сари Марuиёниён битохт. А[уро-Маздо ба ман мададгор шуд. Бо мар[амати А[уро-Маздо reшуни ман лашкари ошeбгаронро торумор намуд. Рeзи 23-и мо[и ассиядия xанг оuоз шуд». Пас аз ин, Доро мегeяд (навиштаxоти Бесутун, III, 19-20) «кишвар мутеи ман гардид».

Санаи ин навиштаxот мутобиrи 10 декабри соли 522 пеш аз милод аст[202] ва ин [ам мисли санаи шикасти Куруш аз rадимтарин сана[ои аниr муайянгардидаи таърихи СССР ба шумор меравад.

Reшуни [ахоманишb бо сардории волии Бохтар шeришро бера[мона пахш кард, дурусттараш ба хун uарr намуд. Тибrи ривояти бобулb ва нусхаи оромии навиштаxоти Бесутун 55 [азор кушта ва 6,5 ё 7 [азор кас асир гирифта шуд[203]. Пешвои шeришгарон Фрад аввал ра[оb ёфт, вале баъд аскарони [ахоманишb eро [ам дастгир карданд. Шeриш[ои Порт ва кишвари сакои[о низ бера[мона фурe нишонда шуд.

Дорои I дар соли савуми салтанати худ (соли 519/518 пеш аз милод) махсус ба муrобили сакои[ои тиграхуд лашкар кашид (навиштаxоти Бесутун, V, 20-30). Дар му[ориба сакои[о шикаст хeрданд. Rисме аз он[о асир афтод. Дар миёни асирон пешвои сакои[о Скун[а [ам буд. Дорои I барои сакои[о пешвои дигар таъин намуд[204].

Муаллифи Юнони Rадим Полиен (ХII, 12) дар асоси ривоят[ои то ба e расидаи сакоb роxеъ ба як лав[аи муборизаи диловаронаи сакои[о чунин наrл мекунад: Дорои I бо reшуни сершуморе ба муrобили он[о равона шуд. Замоне ба eрдуго[и e саиси сакоb Шерак омад. Аъзои баданаш маъюб, рeяш аз xаро[ат баднамо, гeшу биниаш бурида буд. Шерак арз кард, ки [амrавмонаш [амин тариrа xазояш доданд ва инак, e ташнаи ниrор аст. E ро[баладиро ба зимма гирифта, ваъда кард, ки reшуни форс[оро бо пайра[а[ои фаrат ба худаш маълум якбора ба аrибго[и сакои[о мерасонад. Пас аз [афт рeзи ро[и пурмашаrrат аскарони форс ба биёбони хушку холb баромада монданд. Он[оро хавфи [алокат та[дид мекард. Форс[о фиреб хeрдани худро фа[миданд. Шерак, дар [олате ки душман ба сараш теu мекашид, бо ифтихор xавоб дод: «Ман uалабаро ба даст овардам, зеро барои аз сари [амватанони худам – сакои[о дур кардани фалокат форс[оро аз гушнагиву ташнагb ба [алокат супурдам». Форс[о сари саисро аз тан xудо карданд. Ин сафари xангии Дорои I, чи навъе ки аз гуфта[ои Полиен бармеояд, бемуваффаrият анxом ёфт.