ОСИЁИ МИЁНА ДАР {АЙЪАТИ ДАВЛАТИ СЕЛЕВКИЁН

Яке аз сарлашкарони Искандари Маrдунb - Селевк соли 312 пеш аз милод дар Бобулистон ба сифати сатрап мавrеъ ёфт. Минбаъд дар муддати нe[ сол вай тадриxан [укми худро ба Uарбу Шарr, аз xумла, ба Эрон ва Осиёи Миёна вусъат дод. Xой[ое буд, ки вай бо ро[и дипломатb пеш мерафт, вале дар Осиёи Миёна ба муrобилати шадид дучор омад ва ро[и xангро пеш гирифт. Ба rавли Помпей Трог (Юстин, ХV, 4, 11), Селевки I «бар Бобулистон зафар ёфта, rувваи худро афзуд ва Бохтарро тасхир намуд». Порт ва Суuдро [ам зери даст кард (Аппиан, «Сурия», 55). Вале кeшиши {индустони шимолиро uасб кардани Селевки I барор нагирифт.

Му[аrrиrи эллинизм, муаррихи номии советb А.Б.Ранович навиштааст, ки «таърихи Селевкиён барои муаррихон мушкилоти фавrулодда дорад, зеро вазъияти маъхаз[ои адабb ни[оят бад аст»[249]. Ин нукта ба Осиёи Миёна низ пурра дахл дорад, зеро давраи дар [айъати Селевкиён будани он, яъне охири асри III ва миёнаи асри II пеш аз милод таrрибан номаълум аст.

Азбаски давлати Селевки I ни[оят васеъ буд ва но[ия[ои Шарr диrrати доимиро таrозо дошт, вай соли 293 пеш аз милод писараш Антиохро дар шарr волb таъин кард. Xолиби диrrат аст, ки Антиох писари духтари Спитаман Апама буд, аз ин рe, Осиёи Миёна барои Антиох кишвари аxдоди e [исоб мешуд.

Мувофиrи баъзе маълумот[ои бевосита, дар Осиёи Миёна дар ибтидои асри III пеш аз милод зидди [укмронии Селевкиён исён[о шуда, дар айни [ол ба мулк[ои осиёимиёнагии Селевкиён rабила[ои кeчманчb [амла карданд. Дар айни ин ошeб[о бисёр пойго[[ои давлати Селевкиён хароб гардиданд, масалан, Искандарияи Мароuа ва Искандарияи Аrсо, ки [анeз Искандари Маrдунb сохта буд, ба хок яксон шуданд. Минбаъд Селёвкиён ин ша[р[оро барrарор намуданд ва дар атрофи во[аи Мароuа деворе сохтанд, ки 250 км тeл дошт. Сарлашкари Селевкиён Демодам зидди кeчманчиён, ки дар он тарафи дарёи Сир макон доштанд, лашкар кашид (Плиний, IV, 18, 49). Ба туфайли як rатор тадбир[ои [арбию сиёсb ва дипломатb ба Антиох муяссар шуд, ки не[зати зиддиселевкиёнро фурe нишонад.[250]

Барои дарки сиёсати Селевк дар шарr ва мавrеи волии e Антиох материали нумизматb[251], ки Б.А.Литвинский ва В.М.Массон[252] аз ин дидго[ та[лил кардаанд, маълумоти xолиби диrrат меди[ад. Антиох дар замони шарик[оким будани худ ба вазни сиккаи «[индb» сиккае зад ва зимнан дар ин танга[о [ам номи Селевки I ва [ам номи писараш Антиох сабт шудаанд. Э[тимол, ин кeшише буд барои пойдор намудани со[ибихтиёрии Антиох. Ба [ар [ол, баъди вафоти падараш Антиох соли 280 пеш аз милод [окими тамоми давлати Селевкиён гардиду дигар ин гуна танга набаровард.

Дар а[ди rариб бистсолаи (сол[ои 280-261 то милод) Антиохи I дар uарби мулки вай xанг[ои бисёре мешуданд ва e ба шарrи давлати худ, алалхусус, ба Осиёи Миёна кам а[амият медод. Дар ин ваrт но[ия[ои Осиёи Миёна беш аз пеш rувват гирифта, дар ин xо зисту зиндагb ба тартиб меомад, хоxагии rишлоr, [унармандb ва тиxорат равнаr меёфт.

Осиёи Миёна аз марказ[ои асосии мулки Селевкиён хеле дур бошад [ам, дар айни [ол rисми му[ими давлат [исоб мешуд. Селевкиён rад-rади ро[и тиxоратие, ки аз Селевкияи со[или Даxла ба Бохтар мебурд, де[у ша[р[ои нав бунёд мекарданд ва таъбири ин факт фаrат [амин аст, ки Селевкиён ба Осиёи Миёна [ам аз xи[ати [арбию стратегb ва [ам аз xи[ати иrтисодb [авасманд буданд[253].

Таркиби синфи [укмрон якранг набуд. Дар rатори юнониёни [оким аъёну ашрофи ма[аллb низ ба назар мерасиданд. Бешак, [окимияти Селевкиён дар Осиёи Миёна ба rувваи [арбb – ба аскароне, ки дар rарорго[[ои [арбии юнониён– катойкия[о меистоданд, такя дошт. Вале дар истисмори а[олb истисморгарони «худb», намояндагони синфи [укмрони Осиёи Миёна [ам ширкат кардаанд. Муносибати синфи [укмрон ба давлати Селевкиён низ якхела набуд; кашонда бурдани сарвати Осиёи Миёна ба хориxа боиси норозигии он тоифаи синфи [укмрон мегардид, ки барои худ луrмаи калонтареро «канда» гирифтанb буданд. А[олии ма[аллb, ки дучори истисмори дутарафа буд, низ аз xон безор мешуд.

Дар айни [ол, чунин муло[изаро дуруст [исоб кардан лозим, ки «замони дар [айъати давлати Селевкиён будани Осиёи Миёна замони барrароркунии rувва[ои исте[солкунандаи аз таxовузи юнониёну маrдуниён харобгардидаи мамлакат, замони дар муборизаи зидди Селевкиён ба вуxуд омадани итти[оди бохтариён, суuдиён, порт[о ва дигар халr[ои Осиёи Миёна аст»[254].

Дар дохили давлати Селевкиён [ам байни даъвогарони тахт доимо задухeрд мешуд. Баъзе ворисон мекeшиданд, ки xудо шаванд ва со[ибихтиёр бошанд. Дар натиxа вазъият (алалхусус, дар но[ия[ои канорb) ни[оят ноустувор ва хавфнок мешуд.