Осори палеолити миёна

Дар Осиёи Миёна аз мар[илаи баъди [аёти башари аввалия – палеолити миёна ёдгори[ои фаровон боrb мондааст. Ин замони нашъунамои маданияти мусте, замони мавxудияти неандертал[о буд, ки дар [удуди палеолити миёна ва боло аз он[о инсони навъи имрeза ташаккул ёфтааст.

Дар ин давр rувва[ои исте[солкунандаи xамъият нисбат ба давраи палеолити поин тезтар ба дигаргунb рe ни[оданд: техникаи тайёр кардани олот зудтар такмил ёфт, шакли олат[о нав ва вазифаи он[о гуногун гардид. Одамон натан[о ниго[ доштани оташ, балки гирондани онро ёд гирифтанд. Навтарин усул[ои статистикb имкон меди[ад, ки дар но[ия[ои мухталиф, аз xумла дар Осиёи Миёна чанд ма[алли маскуни асрисангии миёна, ки мумкин аст мавxудияти ягон итти[одияи калони xамоатиро инъикос гардонанд, ошкор карда шавад.

Маскан[ои саркушода ва uори мустйе дар бисёр xой[ои Осиёи Миёна, чи дар rисм[ои кe[сор ва чи дар дашту во[а[о ёфт шуданд. Чунончи, ин rабил иrоматго[[о дар Туркманистон – дар нимxазираи Красноводск ва Кeпетдоuи Марказb, uор[ои rадима дар Ўзбекистон – дар наздикии Тошканд ва Самарrанд, маскан[ои саркушодаи зиёд дар Тоxикистон – дар Фарuонаи uарбb, но[ияи Ўротеппа, води[ои {исор ва Вахш, но[ияи Данuара ва ни[оят, дар сол[ои охир осори маданияти мустйе дар Rирuизистони шимолb низ кашф гардиданд.

Маuоки Тешиктош дар Иттифоrи Советb ва хориxа шe[рати зиёд пайдо намуд[82]. Вай дар наздикии ша[ри Тирмиз, дар во[аи Тургондарё, дар кe[сори Бойсун воrеъ гардидааст. Дар ин маuок панx табаrаи маскун, ки неандертал[ои чандин бор ба манзили кe[наи худ бозгашт намуда боrb гузоштаанд, мушо[ида шудааст. Аз ин xо rариб 3 [азор маснуоти сангb пайдо гардид, ки 339-тои он олоти комия мебошад. Дар байни он[о ду навъи олоти хеле маъмул – корд ва белчаи сангb мавxуд аст. Корд [амчун олоти бурранда ва сило[и шикорb хизмат мекард. Белчаро барои сохту пардохти дарахт, пeст истифода менамуданд. Олат[ои дигар хеле каманд. Сайди асосии шикорчиёни тешиктошb бузи кe[ии сибирb буд, ки дар кe[истони Осиёи Миёна бисёр дучор меомад. Uайр аз ин гавазн, хирс, паланг ва дигар [айвон[ои хурдтарро низ шикор мекарданд.

Тасодуфан пайдо шудани xасади одами а[ди мустйе – писарбачаи 8–9-сола воrеаи дорои а[амияти xа[онb гардид. Аз ваrти ин бозёфт наздик чил сол гузашта бошад [ам, бостоншиносон ба ёфтани дигар косаи сари одами неандертал муваффаr нашудаанд, [арчанд ки [оло дар мамлакати мо да[[о макони мустеb маълум аст. Дар гирди xасад (косаи сар ва баъзе устухон[ои скелети писарбача) шох[ои бузи кe[b ба шакли [алrа гузошта шудаанд, ки аз ин метавон бо нияти муайян ба хок супурда шудани онро тахмин кард.

Коллексияи олоти сангии Тешиктош бо осори дигар маuора[о пурратар гардид. Аз байни он[о маuоки ба rарибb ёфташудаи Обира[матро, ки дар масофаи 100 км дуртар аз Тошканд воrеъ аст, ном бурдан мумкин аст. Материал[ои [африёти ин ёдгории хеле xолиб [анeз муфассалан интишор наёфтааст. Аз ин маuок бештар аз 30 [азор маснуоти давраи мустйе пайдо шуд.

Дар водии Сирдарё, дар байни Ленинобод ва Навкати Rайроrrум бисёр материал[ои му[им ба даст расид. Олоти ду мар[илаи давраи мустйе дар ин но[ия бо баrияи суфа[ои rадимаи Сирдарё алоrаманд аст. Ин олат[о дар рег[ои обшустаи суфа[о xамъ шудаанд. Дар ин xо [ам ба мисли Тешиктош аксари олотро белча ва корд[ои сангb ташкил мекунанд, фаrат фарr дар ин аст, ки он[о на аз о[аксанги чахмоrии зудшикан, балки аз санги сахти сумоr (порфирит) сохта шудаанд.

{амаи ин ёдгори[о мутааллиrи маданияти ба «истило[ леваллуаю мустйе» буда, бо ёдгори[ои давраи мустйеи шарrи Наздик шабо[ат доранд[83].

Вале дар xануби Тоxикистон якчанд ёдгори[ои давраи мустйе пайдо шуданд, ки тамоман хусусияти дигар дошта, бо тамаддуни {индустон ва соири кишвар[ои дар xанубу uарби Тоxикистон воrеъгардида наздиканд. Калонтарин ма[алли ин навъи осори rадима Rаробeра, воrеъ дар водии Вахш (наздики Xилликeл) аз xониби В.А. Ранов тадrиr шудааст. Вай аз силсилаи дунги[ои на он rадар баланди регb иборат аст, ки рeи он[оро ба uафсии ду метр сангреза[о пeшидаанд. Маснуоти rадима ма[з аз байни [амин сангреза[о ёфт шудаанд. Xолиби диrrат аст, ки дар ин ма[ал дар rатори олоти муrаррарии мустйе маснуоти махсуси сангb – олоти [аrиrии rайроrсанг – чоппер ва чоппинг низ пайдо гардид, ки бо [амин rабил маснуоти давра[ои баъдинаи маданияти Суои {индустон бисёр монанд аст.

{африёти майдончаи назди uори Оuзикичики райони Данuара барои тадrиrи маданияти мустйе материали фаровон дод. Аз ин xо да[[о олат[ои гуногуни сангb, аз xумла, белчаву корд[ои гуногун ба даст омад, ки хеле хуб сохта шудаанд. Инчунин бисёр устухони [айвон низ ёфт шуд, ки неандертали[о сайд карда будаанд. Дар rатори устухони [айвон[ои маълуме, ки то ба [ол вуxуд доранд, устухони карки дарозпашм ва асп барин [айвон[ое низ ёфт шуданд, ки то ба рeз[ои мо омада нарасидаанд.

Rисми болоии табаrаи маскуни (табаrаи археологии) ин xо дар xои дигар вонамехeрад ва иборат аз пора[ои ба лой часпидаи резаи устухони сангпушт[ои даштиву дигар [айвон[о мебошад. Аксари устухонпора[о сeхтагианд ва ин далолат мекунад, ки мардуми Оuзикичик дар [амон давра[о асосан гeшти сангпуштро истеъмол мекардаанд[84].

Ба ин тариrа, аз давраи мустйе сар карда, дар маданияти асри сангии Осиёи Миёна мушоби[ати ду минтаrаи бузурги палеолит – Осиёи шарrb ва Миёнаро метавон мушо[ида намуд. Чунин наздикии маданият[оро дертар, дар давраи неолит [ам дидан мумкин аст[85]. Мутобиrи мадрак[ои навтарин, синни осори асосии давраи мустйе дар Осиёи Миёна 50–40 [азор сол мебошад.[86]