Бинокорb ва [унармандb

{ангоми [африёти археологb чунин намуд[ои иморату иншоот ёфт шуданд: 1) rаср[о, 2) маъбад[о, 3) бино[ои истиrоматb, 4) корхона[о, 5) анбор[о, 6) rалъа[о, 7) иншооти обёрb ва u. Аксари ин иморату иншоот ало[ида набуда, балки пайваста бо дигар намуд[о бино ёфтаанд. Вазифа ва таъиноти ин ё он иморату иншоотро аниr муrаррар кардан мумкин не, масалан, rасри Холчиён, э[тимол, rаср не, балки маъбад бошад.

Бино[ои xамъиятb одатан хеле мe[ташам мебошанд. Rасру кохи [окимон ни[оят калон буда, дар болои ягон баландb сохта мешуданд ва дар атрофи худ девори муста[кам доштанд. Толор[ои васеи шифтбаланд бо муxассамаву [айкал[о ва наrшу нигори зиёд зинат дода мешуданд. Девори бино[о одатан хеле uафс буд.

Дар байни ибодатго[[о бошад, баъзан маъбад[ои хурд [ам дучор мешаванд. Масалан, миёнxои маъбади буддоии {айратон (дар rарибии Тирмиз) хеле танг аст. Вале [амин маъбад [ам ороишоти аxоибе дорад (араrаи маш[ури {айратон).

Сифати иморат[ои манзилго[[ои хурди зироаткорb он rадар баланд набуд. Аксари ин иморат[о хонача[ои гилини амонат сохташудае мебошанд, он[о ду-ду ё се-се ба [ам пайваст шуда, дар атрофи [авлича[ои хурд гирд оварда шудаанд.

Иморат[ои марказ[ои калони ша[рb бо санъати баланди бинокорb сохта шудаанд. Асоси ин санъат наrшаи ягонаи биносозb мебошад, вале, рости гап, ин наrша дар [ар xо [ар хел ба амал татбиr карда мешуд. Вале умуман асоси ин наrша [амин буд, ки хона[ои му[ими ташрифотb паи [ам дар як rатор xой мегирифт, масалан, айвон - дар паси он да[лез - дар паси да[лез толор ва гирдогирди бино долон ва пайваста ба он хона[ои гуногуни хоxагию маишb. Ба осори гуногун хос будани як наrшаву усули умумии биносозb, аз афти кор, ба мо [аr меди[ад иддао кунем, ки усули махсуси меъмории бохтарb ташаккул ёфта буд ва он аз давра[ои токушонb бармеояд[443]. Дар айни [ол, гуногун будани сохту сифати бино[о ша[одат меди[ад, ки таrсимоти молумулкии xамъият вуxуд дошт.

Му[андисони rалъасози Осиёи Миёна комёби[ои калон ба даст овардаанд. Девор[ои рахнанопазири rалъа[о, ки он[оро бурx[ои овеза, садди мураккаби таги дарвоза ва тиркаш[ои сершумор боз [ам муста[камтар мекарданд, санъати rалъасозии Осиёи Миёнаро ба дараxаи бе[тарин санъати rалъасозии он давра боло бардошта буданд. Дар води[ои Помири uарбb Rа[rа[а ва Ямчун барин rалъа[ои азим сохтанд, ки дар сари ро[[ои асосb воrеъ буданд ва силсилаи исте[ком[ои дарозмуддати ба [амдигар алоrамандро ташкил мекарданд[444].

Масоле[и бинокорb гуногун буд. Барои деворзанb одатан похса ва хишти хомро истифода мебурданд (хишти хоме маъмул буд, ки андозаи па[лe[ои он аз 32 то 44 см меомад). Дар кe[истон барои деворзанb тахтасанг [ам ба кор мерафт. Хишти пухта кам истифода мешуд. Дар Бохтар ба шарофати идома доштани тарзу усул[ои бинокории эллинb ва мавxуд будани масоле[и лозимаи табиии бинокорb дар сохтмони rисм[ои асосии бино ва ороиши он масоле[и сангиро бисёр истеъмол мекарданд – пойсутун[ои сангини гирда, ки онро пойсутун[ои муrаррарb [ам меноманд ва пойсутун[ои мураккабнаrши гуногуншакли «антиrb»; тана[ои сангини сутун[о, боша[ои баuоят базебу шинами сангин, ки ба боша[ои навъи коринфb таrлидан сохта шудаанд ва ин навъи бошаро инкишоф меди[анд (масалан, дар бошае, ки дар Ша[ринав ёфт шуд, сурати инсон ва грифон[о [аст)[445]; та[курсии сангини сутун[ои чортароши сангин, ки нимаи он дар маuзи девор мебошад, аз [амин rабиланд. Танаи сутун ва болорро бисёр ваrт аз чeб [ам мекарданд. Дар бомпeшb сафолпора[о [ам истифода мешуд. Усули бомпeшb [ам ду хел буд: усули сутун бар болор ва усули бесутуни гунбазb. Дар омади гап, бо усули бесутуни гумбазb фаrат болои бино[ои начандон калон пeшида мешуд. Саrф[о бо усули rаламаи моил та[ия мегардиданд.

{унармандb [ам дар ша[р[ои калон ва [ам дар де[а[ои хурд равнаrу ривоx ёфта буд. Мо инро ба туфайли ёфт шудани ашёи сершумори маданияти моддb ва дeкону устохона[ои бисёр наuз медонем. Масалан, аз бисёр xой[о осори дeкон[ои кулолb падид омаданд. Маълум, ки кулолон чанд хел кeраву хумдон доштанд[446]. {айкалча[ои сафолb [ам дар [амин кeраву хумдон[о пухта мешуданд. Дар натиxаи [африёт маснуоти сафолb хеле бисёр дастрас шудааст. Навъу намуди зарф[о шумор надорад. Сифати зарф[о, хусусан зарф[ои хeрокхeрb ва xом[о баuоят баланд аст. Масалан, xом[ое, ки аз саuонаи Тeпхона (дар {исор) ба даст омадаанд, ни[оят нозуку нафис буда, ба дараxаи олb сайrал дода шудаанд. Аз мобайн ду [азор сол гузаштаасту вале [оло [ам кас ба он[о нохун занад, мисли xом[ои булeрин xарангос мезананд! Зарф[ои зиёфат наrшу нигори гуногуни муrарнасb доранд ва дастаи он[о дар шаклу намуди пурпечутоби зебо сохта шудааст. Асбобу ашёи металлии рeзгор ва зинат rариб дар [ама xо исте[сол карда мешуд. Зарф[ои биринxb, шамъдон[о, оина[о, дастпона[о, гeшвора[о, ангуштарин[ои гуногунро мардум бисёр истифода мебурданд. Анвои ин rабил асбобу ашё сершумор ва сифати он баланд аст. Rолаб[ои рехтагарие ба даст омаданд, ки бо воситаи он[о ин асбобу ашё сохта мешуданд.

Анвои ашёи шишагин [ам хеле бисёр аст. Алалхусус, бисёр шадда ёфт шудааст ва дар байни он[о шадда[ои наrшини дурахшон ба даст омадаанд, ки ба сад ранг тобиш доранд, шаддаи наrшине ёфт шудааст, ки дар он тасвири одам [аст. Хусусан шаддаи дуrабатаи зарандуд намуди [айратангез дорад - дар маuзи он андак зарвараrи ни[оят тунук монда, баъд бо шишаи нафиси шаффоф рeкаш кардаанд.

Маснуоти корхона[ои асли[асозb [ам гуногун буд. Асли[аи дурзани он замона – камон дар ин давра хеле такмил ёфт. Дар ин давра камони махсусу мураккабе маъмул гардид, ки аз панx rисм иборат буда, бо пулакча[ои устухонb ё шохb хотамкорb карда мешуд. Ватани ин гуна камон Осиёи Миёна мебошад ва он баъдтар дар Эрони сосонb па[н шуд. Ба ин сабаб номи ин камонро, ки дар адабиёти uарб «сосонb» шудааст, дуруст гуфтан мумкин не, чи тавре олимони советb таклиф кардаанд, номи дурусти ин камон «камони кушону сосонb» мебошад. Ин навъи камон аз Осиёи Миёна баромада, ба сармат[о гузашт ва аз он xо ба uарб па[н шуда, то худи Шотландия рафта расид, дар xануб дар Эрону {индустон ва дар шарr дар Хитой расм шуд[447]. {ангоми [африёти осори он давра дар Осиёи Миёна пулакча[ои устухонию шохb ёфт шуданд, ки бо он[о камонро хотамкорb мекарданд, аз баъзе xой[о бошад, худи камон ё худ rисм[ои он ба даст омад, ки он[оро ба осонb таъмир кардан мумкин аст. Тири ин камон аз чeб ё аз най ва пайкони он аз о[ан буду чанд намуд дошт. Маъмултарин намуди пайкон пайкони о[анине буд, ки се rирраи барxаста дошт. Дар охир[ои ин давра пайкон[ои о[анине пайдо шуданд, ки шакли мураккаб доштанд[448].

Аскарон бо ханxар ва шамшер мусалла[ буданд. Дар Осиёи Миёна, дар аср[ои якуми эраи нав, шамшер[ои дарози (то 1,2 м) калони дудамаи о[анин истифода мешуданд, ки дастаи он[о дарози миёнхамида буда, гулeбанд надоштанд. Аз дигар навъ[ои асли[а найза, табарзин, фалахмон ва uайраро ном бурдан мумкин аст.

Барои бинокорb ва кори дeкону устохона[о ашёи хом лозим буд. Истихроxи маъданиёти гуногун дар давраи кушониён хеле афзуд. Аз таги замин маъданиёти гуногун[449], масоле[и бинокорb, санг[ои rиматба[о ва u. истихроx менамуданд. Як rисми ма[сулоти маъданb ва [унармандb барои фурeш ба хориxа мерафт.