Не[зати Абрeй

А[воли а[ли ме[нат ни[оят вазнин буд.[702] Ба ин муносибат маълумоти не[зати Абрeй ни[оят му[им аст. Ин маълумот аз як боби асари Абдурра[мон Му[аммади Нишопурb (асри ХI) – «Хазината-л-улум» («Хазинаи илм[о») ба назар мерасад, ки онро Наршахb дар та[рир[ои охирини «Таърихи Бухоро» ба китоби худ зам карда буд. Ба rавли Наршахb, Нишопурb навиштааст, ки мардум дар но[ияи Бухоро аз давра[ои rадимтарин сокин будаанд: «Ва мардумон аз [ар xониб омаданд ва он xо хуррамb гирифт. Ва мардумон аз xониби Туркистон омадандb ва бад-ин вилоят об ва дарахтон бисёр будb ва шикор бисёр будb. Он мардумонро ин вилоят хуш омад. Ин xо маrом карданд. Ва ба рeзгор мардум гирд омаданд ва иморат[о карданд. Ва мардум бисёр шуданд ва якеро баргузиданд ва амир карданд. Ва номи e Абрeй буд ва [анeз ин ша[р набуд». Подшо[ худ дар Пойкент истиrомат дошта, ша[рро «Rалъаи Дабусb» номиданд. «Ва чун рeзгоре баромад, Абрeй бузург шуд ва зулм пеш гирифт, бад-ин но[ият, чунон ки мардум беш сабр натавонистанд кард. Де[rонон ва тавонгарон аз ин вилоят бигрехтанд ва ба Туркистон ва Тироз ша[ре бино карданд. Ва он ша[рро «Хамук» ном карданд, аз ба[ри он ки де[rони бузург, ки раиси он тоифа, ки аз он xо рафта буд, вайро «Хамук» ном буд... Пас он мардум, ки ба Бухоро монда буданд, ба наздики ме[тарони худ кас фиристоданд ва фарёд хостанд аз xабри Абрeй. Он ме[тарон ва де[rонон ба наздикии подшо[и туркон рафтанд ва номи он подшо[ Rарочурин Турк буд...» E писари худ – Шери Кишварро бо лашкари зиёд равон кард. Шери Кишвар ба Бухоро омада, дар Пойкент Абрeйро дастгир кард. E «бифармуд, то як xуволеро бузург аз кабти сурх пур карданд ва Абрeйро дар он xувол карданд, то бимурд». Баъд аз ин Шери Кишвар [окими вилояти Бухоро шуд ва ба гурезагон фармон кард, ки ба xой[ои худ баргарданд, чун «[ар кb тавонгар буд ва де[rони бузург буд, гурехта буд ва дарвешон ва фаrирон монда буданд. Чун он rавм бозомаданд, он rавм, ки бечора монда буданд, хидматгорони он rавм шуданд. Ва дар миёни он rавм де[rони бузург буд, он де[rонро «Бухорхудот» гуфтандb, аз ба[ри он ки де[rонзодаи rадим буд ва зиёъ бештар eро буд. Ва аuлаби ин мардумон кадеварон ва хидматгорони e буданд».[703]

Олимон ин ривоятро бор[о тадrиrу та[rиr карданд. Аввал аrидае пайдо шуд, ки ривоят афсонаи оддb аст ва дар он, э[тимол, дарёи Зарафшон ташхис дода шудааст ва ё худ инъикоси ривоят[ои ни[оят rадимтарини маскуншавии водии Зарафшон мебошад.

Э.Захау ва К.Инострансев, ки маш[уртарин донандагони таърихи rади-мии Осиёи Миёна мебошанд, ривояти мазкурро ма[з [амин тавр маънидод мекунанд. И.Маркварт бори аввал дар як rатор асар[ои худ[704] аrидаеро пеш ни[од, ки дар ин ривоят воrеа[ои реалии таърихb инъикос шудаанд. Зиёда аз ин, вай исбот мекунад, ки дар ин ривоят сухан аз муборизае меравад, ки турк-[ову {айтолиён барои Суuд мебурданд, яъне сухан аз воrеа[ои сол[ои 60-уми асри VI меравад. Дар асоси чандин муrоиса[о вай тахмин мекунад, ки Абрeй бояд яке аз шо[они охирини {айтолиён бошад (дар омади гап, вай шакли «Абрез»-и ин номро rабул кардааст, дар яке аз дастнавис[о дучор мешавад).

С.П.Толстов [ам фарзияи аxиберо пеш ни[од. Ба аrидаи вай, ин воrеа[о дар охири сол[ои 80-уми асри VI рeй додаанд ва ба низову хархашаи дохили хоrонии турк нисбат доранд, ки дар натиxаи он турк[о ба во[аи Бухоро ба тарзи оммавb му[оxир шуда буданд. Вай таклиф мекунад, ки ашхоси ривояти Нишопурb бо ашхоси реалии хоrонb, ки дар [амон давра[о амал мекарданд, муrоиса карда шавад.[705] Вале [ам дар фарзияи С.П.Толстов ва [ам дар тахмини И.Маркварт xой[ои суст [астанд ва фарзияи вай [арчанд xолиби диrrат бошад [ам, ал[ол дурустии он исбот нашудааст. Аз э[тимол дур не, ки ин воrеа[о андаке сонитар, яъне дар сол[ои 90-ум рeй додаанд[706].

Ба он тавсифе, ки С.П.Толстов ба xараёни [одиса[о додааст, розb шудан аз имкон берун мебошад, вале дар айни [ол вай дуруст хулоса мебарорад, ки ин не[зат хусусияти аёни иxтимоb дошт. Дар ин мубориза ва умуман дар [ама гуна мубориза нисбати этникb xи[ати [алкунанда нест. Му[оxирони оддии турк, ки дар ин кишвар сокин буданд ё сокин мешуданд, [амдаму [амрози суuдиёни камбаuал буданд. Ва баръакс, аъёну ашрофи Суuд бо аъёну ашрофи турк[о аз як гиребон сар мебардоштанд. Ба [амин тариr, мувофиrи ривояти Нишопурb ва як rатор дигар мадракот гуфтан мумкин, ки Осиёи Миёна арсаи муборизаи шадиди синфb буд ва сабаби ин мубориза [амин буд, ки де[rонон мекeшиданд ба гардани а[ли озоди xамоат юuи истисмор андозанд.