Обёрb. Хоxагии rишлоr

Аз афти кор, аксарияти мардуми Тахористон машuули зироат буд. Дар ривояти Сон Юн (ниг. ба боло) ба вуxуди обёрb ишорате [аст. Албатта, дар водb шабакаи мукаммали обёрb буд: дар но[ия[ои баландтар лалмикорb мекарданд. Ҳафриёти археологb имкон доданд тасаввур шавад, ки дар та[ияи шабакаи обёрb чb rадар ме[нати зиёд сарф мешудааст. Мувофиrи кашфиёти Т.И.Зеймал, дар давра[ои rадим ва дар аср[ои миёна чор канали магистралb кофта шудааст, ки аз Вахш об мегирифтанд. Дар замоне, ки мавриди диди мост, канали Кофир а[амияти махсус дошт.

Боrимондаи ин канал дар со[или чапи Вахш, 2,5 км uарбтари посёлкаи [озираи Калининобод, падид омад. Канал аз Вахш сар шуда, то як масофаи муайян оби худро ба xое таrсим накарда xорb мешуду то ба де[аи Мардот мерасид (замин[ои совхози ба номи Кирови райони Reрuонтеппа) ва аз он xо таг-таги теппа[ои канории водb ба xануб тоб мехeрд. Дар ин xо маxмeи ёдгори[о (иборат аз 16 объект) ёфт шуд. Маркази ин маxмeи ёдгори[о димнаи Чоргултеппа мебошад, ки дар ибтидои аср[ои миёна ша[ри rалъабанди муста[каме буд ва андаке дуртар аз он дайри буддоии Аxинатеппа xой дошт. Канал боз xанубтар рафта аз па[луи фалоти Оruозb гузашта меравад. Аз ин [ам xанубтар канал ба пасту баландии ма[ал мутобиr шуда, ба uарб тоб мехeраду ба тарафи теппаи Rизилтумшуr xорb мешавад. Дар ин xо боrимондаи бошишго[[ои калон ёфт шуд, ки дар ибтидои аср[ои миёна вуxуд дошт. Баландии девора[ои канал 1,5–2 м, бари маxроаш то 6 м, махсусан намуди канал, ки дар 4–5 км xанубу uарбтари Бешкаппа зо[ир аст, [айратангез мебошад. Дар ин ма[ал канал бояд аз пастхамb мегузашт. Инак, бинокорон дар ин пастхамb аввал дарuоти азиме бардоштанду баъд аз болои он канал гузаронданд. Баландии ин дарuот rариб 8 м, бари та[курсии он то 50 м ва бари маxрои канал, ки аз болои он мегузашт, 13–15 м буд. Ҳатто дар айёми мо ин гуна иншоот касро моту маб[ут мекунад. Баъди ин канал боз ба xануб xорb шуда, замини бисёр ма[ал[оро шодоб менамуду то ба атрофи райони Rумсангири [озира мерасид ва ба [амин тариr, rисми асосии водии Вахшро бурида мегузашт.

Ду хусусияти ин каналро махсус таъкид кардан даркор: якум, канал аз xой[ои болотари доманаи теппа[о мегузашт ва нисбат ба сат[и водb болотар меистоду имкон медод, ки оби канал бо xeйбор[о ба тарафи дилхо[ худаш xорb шуда равад. Дувум, бинокорони rадим ро[и каналро чунон муайян кардаанд, ки боварии кас намеояд. Ро[и канали [озира, ки инженеру ирригатор[ои баландихтисос бо ёрии аэрофотосуратгирb ва асбобу афзори ни[оят даrиrкору мукаммалтарини [озиразамони геодезb муайян кардаанд, аз рeи самти худ ба самти ро[и канали кадима rариб ё комилан мувофиr меояд.[750]

Ба [амин тариr, [анeз дар давра[ои rадим барои муайян кардани самти дурусти Кофирканал барин иншоот[ои мураккаби калон тарзу усул[ои махсусу пурсамари кор вуxуд дошт.

Киштукор бо асбобу афзори ни[оят содда анxом дода мешуд. Заминро бо омочи позадор меронданд ва дар Аxинатеппа позаи о[анb ёфт шудааст. Дигар асли[аи зироаткорb белу каланд буд. Пораи доси о[анин дар Мунxиктеппа ба даст омад (райони Ша[ртуз). Гандумро дар дастос ва [ован[о орд мекарданд ва бисёр [овану дастос[ои хурду калон ёфт шуданд ([ангоми [африёти археологb дар поёноби Кофарни[он, дар водии Вахшу Сурхондарё). Чунончи, дар дигар xой[ои Осиёи Миёна дар ин xо [ам осиёб бояд бисёр бошад.

Дар бораи анвои зироат мо мадраки муфассал дорем. Дар дашт[о uалла мекиштанд, лeбиё мекориданд. Махсус таъкид карда мешавад, ки сифати пахтаи ин xо хеле хуб аст (дар омади гап, э[тимол дар ин маврид сифат ба газвор[ои пахта нисбат дошта бошад). Дар ин сарзамин токзор бисёр буд, як миrдор шолb [ам корида мешуд.[751]

Ривоят [аст, ки соли 677 ябuуи турк ангури навъи махсуси дона[ояш дароз-дарози чилликмонанд фиристода буд[752] (шояд аз Тахористон бошад?). Аз Тахористон, инчунин бисёр гиё[[ои нодири доруb меоварданд.[753]

Мадракоти археологb маълумоти маъхаз[ои хаттиро тасдиr менамоянд. Бисёр будани [овану дастос далолат мекунад, ки вазни rиёсии кишти uалла хеле зиёд буд. Дар Балаликтеппа (дар rарибии де[аи Ан[ори вилояти Сурхондарёи РСС Eзбекистон) мавиз ёфт шуд. Uайр аз ин дар ин xо дона[ои гандум, арзан, мош, донак[ои шафтолу, зардолу, олу, тухми ангур, харбуза, тарбуз, пeстлохи чормаuз, писта, бодом, ueза ба даст омад.[754]

Асп[ои Тахористон хеле маш[ур буд. Аз афти кор, якчанд зоти асп буд – асп[ои резаxусса, вале ни[оят пурбардошти кe[b, ки масофа[ои зиёдро тай карда метавонистанд, инчунин зоти асп[ое, ки махсус барои xой[ои [амвор мувофиr буданд. Дар бораи асп достон[о мегуфтанд; [атто ба як навъ асп[ои осмонb эътиrод [ам буд ва ин асп[о саравлоди [амаи асп[ое будаанд, ки дар айёми ровиён вуxуд доштанд.

Uайр аз асп шутур[о [ам номбар шудаанд. Барои боркашb хачиру аспу[755] харро истифода мебурданд. Дар сарзамин пода[ои сершумори гову рама[ои гeсфандон буд, ки ба ин на фаrат бевосита худи Хой Чао ишорат кардааст, балки ахбори зиёди сарчашма[о оид ба сару либоси пашмb ва rолин[ои пашмb далели ин аст.