Сюан-сзан ва Хой Чао дар бораи Суuд

Сюан-сзан ба Суuд соли 629 омад. Вай менависад, ки Самокиён ё Самосзан (Самарrанд) – мулкест, ки аз шарr ба uарб тeл кашидааст. Андозаи пойтахти кишвар баробари Тирмиз будааст. Мулки Самокиён аз чор тараф бо монеа[ои табиb му[офизат шудааст. Мардумаш хеле бисёр. Дар ин мулк аз дигар мамлакат[ои хориxа молу сарвати ни[оят пурrиматтарин бисёр xамъ шуда мемонад. Заминаш [осилхез асту [осили фаровон меди[ад. Долу дарахт наuз месабзад (вай дарахт[оро бешагb номидааст), гулу мева ни[оят зиёд аст. Дар ин кишвар асп[ои хушзот [астанд. Мардуми ин кишвар нисбат ба мардуми кишвар[ои дигар дар санъат ва [унар (мувофиrи тарxумаи дигар – дар тиxорат) пешrадам мебошанд. Иrлим нарму мeътадил аст. А[олb серuайрату пухтакору нотарсу далер мебошад. Ин кишвар дар мобайни кишвар[ои «барбарb» xой гирифтааст. Тамоми халr[ои [амсоя дар хушахлоrb ва накeкорb аз суuдиён ибрат мегиранд. Подшо[ каси xасуру бебок аст ва [ама но[ия[ои атроф ба вай итоат доранд. Дар ихтиёри шо[ лашкари сершумор, аз xумла, сарбозони савора [аст. Сарбозоне, ки сайё[ он[оро «чи-киа» номидааст, маrоми махсус доштанд. Он[о ба дараxае фидокор буданд, ки [атто бо шодb сeи марг мерафтанд. Ваrте он[о [амла кунанд, ягон душман истодагарb карда наметавонист.

Сипас, Сюан-сзан аз мулк[ои Мимокия ё Мимохэ (Моймурu), Сзебудан (Кабудон), Сюйшуаннисзя (Кушония), Бухэ (Бухоро), Сзешуанна (Кеш) ва uайра сухан меронад. Инчунин дар бораи андозаи он[о маълумоте оварда, ба [амаи он[о як хел тавсифи мухтасар дода мешавад: «Дар бобати урфу одат ва ма[сулот ба Самокиён (Самарrанд) шабо[ат дорад».[808]

Хой Чао (соли 726) умуман «кишвари Ху»-ро тасвир намуда, ба [айъати он Ан (Бухоро), Сао (Иштихон), Ши (Кеш), Ши-ло - Ми (Моймурu) ва Кан (Самарrанд)-ро дохил кардааст. Гарчанде [ар яки ин мулк[о малике дошта бошанд [ам, [амаи он[о ба араб[о тобеъ мебошанд. Ин мулк[о калон нестанд ва дар [ар яки он[о дастаи хурди сарбозон [аст. Аз чорвои ин xо шутур, хачир, гeсфанд ва аспро ном бурдан мумкин. Пахта мекоранд. Либоси мардум пахтагин аст, шалвор ва xома[ои он[о пашмин. Мардон саллаи сафед мебанданд ва ришу мeйсари худро тоза метарошанд. Забони он[о аз забони мардуми мамлакат[ои [амсоя фарr дорад. Урфу одати он[о бад аст – [ар занеро, [атто модар ва хо[ари худро [ам ба занb мегиранд. Дар Эрон [ам, мард [аr дошт модарашро ба занb гирад. Дар шаш мулк дини зардуштиро мепарастанд, дини Буддо расм не, фаrат дар Самарrанд як дайри буддоb [асту он як ро[иб дорад.[809]