Бинокорb

Дар боб[ои пешина мо камубеш бисёр масъала[ои бинокориро аз назар гузарондем. Дар аввал[ои аср[ои миёна дар Суuд ва, умуман, дар тамоми Осиёи Миёна масоле[и асосии деворзанb похса ва хишт[ои калони хом буд (андозаи он[о аксаран 50-52х 25-26х10-12 см). Хишти пухта хеле кам истифода мешуд (асосан барои фарши хона ва u. истифода мебурданд). Барои такяи болору забаррав[о асосан сутун[ои чeбинро кор мефармуданд. Чeб дар бомпeшb [ам масоле[и асосb буд.

Девор[оро ба дараxае uафс мекарданд, ки [оxат ба та[курсb [ам намемонд. Фаrат дар якчанд xой та[курсb ёфт шудааст. Масалан, дар Варахша дар таги сутун[о аз хишти хому пухта пойсутуни чуrуре сохтаанд (чуrуриаш rариб то 2м), маъбади Панxакент [ам та[курсb дошт. Фарши хона[о асосан гиландова буда, баъзан он[оро аз хишти хом ва [атто аз хишти пухта [ам мекарданд (масалан, дар Панxакент ва Варахша). Дар кe[истон фарши хонаро аз санг месохтанд.

Чор навъи девор маъмул буд - похсагb, хиштb, похсагии хиштb ва хиштии похсагин. Uафсии девор[о ба [исоби миёна 1 -1,6 м буд. Хона[о бо да[лезу долон[ое пайваст мешуданд, ки болои он[о бо чанд усул пeшида мешуд. Тоr[оро аз хишти хом мебардоштанд. Дар[оро аз тахта месохтанд, баъзан дар[оро дуrабата [ам мекарданд ва сохти ин дар[о ба муддати мадид бетаuйир мондааст ва он[оро, [атто [озир [ам, дар баъзе иморат[ои тореволютсионии тоxикон дидан мумкин аст - яъне [амон дари ду забонакдор, ки забонак[ои он дар хона[ои тагдарию болодарb xой гирифта, тоб мехeранд. Агар хона тангу борик буда, бари бомаш аз 3м зиёд набошад, болои онро бо хишти хом бо усули шервонии моилтоrb мепeшиданд, ки ин усули бомпeшb [анeз дар Шарrи Rадим истифода мешуд. Болои хона[ои нисбатан хурди чоркунxаро гунбазпeшb мекарданд. Масалан, дар Афросиёб хонаи бомаш гунбазие ёфт шуд, ки 4,3х4,3м вусъат дорад. Хона[ои калонтар боми муrаррарии сутундор доштанд. Масалан, толор[ои чоркунxаи Панxакент дар миёнxо, андак дуртар аз [амдигар, чор сутун доранд, ки дар шифт бо чорчeбае пайваст шудаанд ва як нeги болор[о дар [амин чорчeба ва нeги дигари он[о ба забаррави девор устувор карда мешуд. Мобайни чорчeба холb мемонду мeривор бардошта мешуд ва вазифаи равзанро иxро мекард (масалан, дар Помир ва водии Rаротегин баъзеи хона[о [озир [ам бо чунин тарз сохта мешавад).

Чeбу тахта[ои нимсeхтаи зиёд, ки аз ин бино[о ёфт шуд, далолат мекунад, ки дар хона[о кату тахтакат[ои[910] тахтагb будааст. Дигар навъ[ои xи[ози хона аз рeи расми девор[о аён аст.