Аrоиди маз[абb

Дар бораи аrоиди маз[абии а[ли Суuд дар маъхаз[ои гуногуни суuдb, хитоb, арабb ва тоxикию форсb маълумот ба назар мерасад. Вале муrоисаи ин маълумот[о кори ни[оят душвор аст, ба ин сабаб дар бораи тартиби диндории суuдиён дар адабиёт то ба [ол ягон асари мукаммале таълиф нашудааст. Ба маъхаз[о муроxиат мекунем.

Дар Суuд «арво[и Дэсиро мепарастанд ва аз дарёи uарб (яъне ба[ри Каспий– Б.U.) сар карда, то саросари мамолики Шарr ба он эътиrод доранд. Зо[иран, ин бутест заррин, ки миёнаш 15 фут аст ва ба [амин мувофиr rад дорад. {ар рeз ба ин бут панx уштур, да[ асп ва сад гeсфандро курбон мекунанд. Шумораи rурбониовардагон баъзан ба 1000 мерасад...»[934]. Дар тарxумаи [оли Сюан-сзан гуфта мешавад, ки дар Самарrанд «малик ва мардум ба Буддо имон надоранд ва оташ мепарастанд».[935] Инчунин ривоят [аст, ки ба «арво[и бадкирдори олам»[936] ва ба «худованди осмон» низ эътиrод вуxуд дошт. Ба rавли Хой Чао, дар Суuд дар нимаи аввали асри VIII «эътиrоди арво[и осмон маъмул буд».[937] Дар борго[и [окими Суuд, инчунин «маъбади ниёгон»[938] низ вуxуд дошт.

Дар китоби олими бузурги асри ХI Осиёи Миёна - Берунb «Осор-ул-баrия» бо номи «Гуфтор андар ид[ои таrвими суuдиён» боби махсусе [аст.

Дар асари олими бузурги асри ХI Осиёи Миёна - Абeрай[они Берунb «Осор-ул-баrия» фасле [аст, ки дар он xашни мо[[ои суuди[о тавсиф ёфтааст. Рeзи бисту [аштуми мо[и аввал «зардуштиёни Бухороро идест, ки «Ромиши оuом» меноманд. Ва дар он ид дар оташкадае, ки наздики rаряи Ромиш аст, xамъ мешаванд. Ва ин оuом[о назди онон азизтарини ид[ост. Ва дар [ар де[е, ки бошанд, назди раиси худ барои хeрдану ошомидан xамъ мешаванд. Ва ин ид барои эшон дар чандин навбат аст». Ин иди Соли нав аст, ки бо тасаввуроти роxеъ ба табиати миранда ва азнав зиндашаванда алоrа дорад. Дар яке аз мо[[ои суuдиён расми рeзадорb низ мавxуд аст. Он[о «дар ин рeз таому шаробро тарк мекунанд ва аз он чb бо оташ пухта шавад, пар[ез менамоянд. Ва хамиру меваю набот мехeранд». Рeзи дувуми мо[и дигар он[о «дар оташкада[о xамъ мешаванд ва чизеро, ки аз орди арзан ва равuану шакар пухтаанд, дар он xо мехeранд». Ва ни[оят расме [аст, ки соле як бор «а[ли Суuд бар мурдагони пешини худ гиря мекунанду бар он[о нав[а мезананд ва рeй[ои худро мехарошанду барои мурдагон таому шароб мебаранд». {амчунин расм дар байни Хоразмиён ва форс[о низ мавxуд буд. Аз ривоят[ое, ки дар бораи ин халr[о карда мешаванд, баъзе xи[ат[ои тозае аён мегардад, аз xумла ин аст, ки он[о «дар рeз[ои фарвардгон барои арво[и мурдагон дар гeристон[о uизо мегузоранд».[939]

Хуллас, аз гуфта[ои Берунb чунин бармеояд, ки парастиши мурдагон низ маъмул буд. Ин нуктаро мо дар [икояти Наршахb низ мебинем, ки ба Сиёвуш бахшида шудааст - дар Бухоро дар суб[идами Соли Нав [ар як а[ли ша[р ба арво[и Сиёвуш хурусеро rурбон мекард. Му[аrrиrон [икояи Наршахb ва он маълумотеро, ки Вэй-сзе дар бораи Самарrанд додааст, муrоиса карданд. Ва мо[ияти он маросим маълум шуд ва гап дар [амин будааст, ки мардум имони комил доштаанд, ки он xавони муrаддас мо[и [афтум мурдааст ва устухонаш гум шудааст. Ваrте ки [амин мо[ мерасид, диндорон либоси сиё[ пeшида, пои луч мебароянд ва мушт ба сина кeфта нав[а мекашанд. Он[о дашт ба дашт такопe мекунанд, то ки турбати xавони муrаддасро ба даст оранд. Ин маросим рeзи [афтум ба охир мерасид.[940]

Вале парастиши Сиёвуш на фаrат тан[о парастиши мурдагон буд, дар ин аrида нукта[ои дин[ои rадимтаре инъикос ёфтаанд, ки ба худои набот имон дошт ва он мемурду боз зинда мешуд.[941]

Мо дар боло новус[ои Панxакентро зикр карда будем. Новус[о аз Кофирrалъаи наздикии Самарrанд [ам ёфт шудааст. Дар худи Самарrанд бисёр оссуарий[о ба даст омаданд. Аз де[аи Бия-Наймани наздикии Каттаreрuон бисёр оссуарий[о ёфт шуд, ки наrши муrарнасии латифу нозуки хушнамуде доранд.[942]

Аввалин оссуарий ваrти кофтани та[курсии иморат соли 1971 дар Тошканд падид омад. {ангоми соли 1886 дар Афросиёб [африёт кардани Н.И. Веселовский боз як оссуарии пурнаrш ёфт шуд, ки олим онро «тобути сафолии давраи тоислом» мешумурд. Соли 1900 худи [амин олим истило[и «оссуарий»-ро xорb кард (аз калимаи лотинии ossuarium, ки маънояш устухондон мебошад), ки он дар илм маъмул гардид. Бо тадrиrи оссуарий ва маросими дафн дар оссуарий пеш аз инrилоб Н.И. Веселовский, В.В. Бартолд, К.А. Инострантсев барин олимон ва баъди инrилоб А.Я. Борисов, Ю.А.Рапопорт, Б.Я. Ставиский барин олимон машuул буданд.

Ба туфайли тадrиrоти ин олимон маросими дар оссуарий дафн кардани суuдиёнро чунин таъвил кардан мумкин аст. Дар «Авесто» ва дар дигар асар[ои давра[ои сонии зардуштия гуфта мешавад, ки xасади зардуштиро ба xое бояд бурд, ки он дахма ном дорад ва дар ин дахма «доимb» саг[о ва парранда[ое [астанд, ки гeшти мурдаро хeрда, устухонашро тоза мекунанд» (масалан, дар ин бора дар «Видевдат» [ам сухан меравад). Чи тавре маълум аст, ин одат rариб бе [еx гуна таuйирот дар байни габр[ои {индустон боrb мондааст, ки он[о дар аср[ои миёна аз Осиёи Миёна ба он xо кeчида рафта буданд ва [оло [ам ба зардуштия имон доранд. Баъди ин устухон[оро xамъ карда, ба xои махсусе бурда мемонданд ва номи ин xоро устуодон (ё астодан) мегуфтанд. Дар маъхаз[ои арабb, ки истилои арабро ба rалам меди[анд, он иншооте, ки дар боло зикр кардему он[о ба араб[о дар Осиёи Миёна дучор меомаданд, новус номида шудаанд.[943]

Маъхаз[ои хаттb бевосита ша[одат меди[анд, ки дар Суuд чунин маросим маъмул буд ва ин xи[ати масъала хеле му[им аст ва инро му[аrrиrони пешазинrилобb [ам rайд кардаанд. Сафири Хитой Вэй-сзе, ки дар ибтидои асри VII ба Суuд омада буд, чунин навиштааст: «Берун аз ша[р дар xои ало[ида rариб дусад хонавода истиrомат доранд, ки махсус машuули дафн мебошанд, он[о дар xои хилват [авлии махсус сохтаанд, ки дар он xо саг[ои махсусро парвариш мекунанд, агар ягон кас мурад, мурдаи eро ба миёнxои [амин [авлb бурда мемонанд ва саг[о гeшти мурдаро хeрда, устухонашро тоза мекунанд, пас аз ин устухон[ои мурдаро xамъ карда, дар зарфи махсус андохта мемонанд ва онро гeр намекунанд».[944] Аз рeи гуфта[ои Табарb ва Наршахb маълум мешавад, ки баъзан устухони мурдаро одамони махсус тоза мекардаанд. Ба rавли К.А.Инострансев, маросими муrаррарb набуд ва он фаrат дар маврид[ои махсус ба xо оварда мешуд.[945] Вале устухон[ое, ки дар новус[ои Панxакент ёфт шуданд, дар худ осори дандон надоранд ва [атто пайванди сутунмe[ра безарар мондааст - [ол он ки агар гeшти устухонро саг[о мехeрданд, осори дандон [атман боrb мемонд. Дар [ар як дахмаи Панxакент – ба [исоби миёна устухони да[ мурдаро мегузоштаанд. Дар дахма[о uайр аз оссуарий[о, инчунин зарф[ои сафолb, танга[ои мисb ва асбоби зинату ороиш [ам монда мешуд.[946]

Дар боло дар бораи маросими сeгвории суuдиён андак маълумот оварда будем. Дар [уxxати В-8 Rалъаи Муu (ки шартномаи фурeши замин аст) гуфта мешавад, ки харидорон ва авлоди он[о [аr доранд, дар ин замин мурда гузоранд ва сeгворb кунанд.[947] Маросими сугвории [ангоми дафн дар «Шо[нома» [ам тасвир шудааст.[948] Ин маросим, инчунин дар санъати тасвирии суuдиён низ инъикос гардидааст. Аслан ин маросим ба rонуну rоида[ои зардуштия хилоф мебошад, зеро зардуштия дар болои мурда гиряву нола карданро rатъиян манъ намудааст. Вале дар Осиёи Миёна ва, аз афти кор, дар Эрон [ам аrида[ои rадимии халrb нисбат ба манъи динb зeртар буданд.[949] Дар давра[ои баъдина зидди ин маросим ислом [ам дурудароз муборизаи шадид бурд, вале дар [ама xо - [ам дар Байнанна[райн, [ам дар Эрон ва [ам дар Осиёи Миёна маxбур шуд, ки аrиб нишинад. Ин ё он шакли маросими мазкур то ба rариби[о вуxуд дошт. Дар болои мурда гиряву нола карда ва [атто «самоъ рафтан» (ки як навъи раrси маросими дафн аст) дар байни тоxикон дар рeз[ои мо [ам маъмул мебошад.

Дар маъхаз[о «оташкада» ва «буткада» зикр шудааст. А.М.Беленитский роxеъ ба он тамоми маълумотро xамъ кард ва ба тафсил та[лил намуд. Uайр аз маъхаз[ои номбурда, инчунин «Шо[нома»-ро низ далел овардан мумкин аст, ки дар он «оташкада[ои» Бухоро ва Пайканд rайд шудаанд. «Ша[ристон[ои Эрон» ном асари географии па[лавии асри IХ хабар меди[ад, ки дар Самарrанд писари Сиёвуш оташкадае бино карда, ба он xо матни «Авесто»-ро, ки дар лав[а[ои тилло (ё зарандуд) навишта шуда буд, гузошт ва баъд онро Сакандар (Искандари Маrдунb) хароб кард ва ни[оят, Тури Фрастак (Афросиёб) «хонаи худоёнро ба лонаи девон табдил дод». Мувофиrи ривояти маъхаз[ои хитоb, дар Кушония маъбаде будааст, ки дар девор[ои он сурати шо[они rадимии халr[ои гуногуни [амсоя кашида шудаанд. Малики Кушония [ар рeз дар ин маъбад ибодат мекардааст. Наршахb [ам аз «оташкада[о»-и Ромитану Бухоро дарак меди[ад ва сухан на дар бораи асари афсонавb, балки дар бораи асари конкретb-таърихb меравад. Дар Самарrанд дар айёми истилои араб[о «буткадаву оташкада[о» будаанд ва дар бораи де[аи Тавовис низ чунин хабар [аст (Табарb, Балозурb). Маъхаз[о бисёр тафсилоти ин бут[оро тасвир кардаанд ва ин бут[о чeбини зарандуд, нуrрагин ва тиллоb будаанд. Ваrте ки бут[ои бутхонаи калони Самарrанд сeхта шуд, аз хокистари он[о 50 [азор мисrол тилло баромад. Яке аз бут[ои симини Самарrанд баъди об карда шудан 24 [азор мисrол нуrра шуд. Наршахb аз Пайканд сухан ронда менависад, ки араб[о дар буткадаи он буте ёфтаанд, ки аз нуrра буда, 4 [азор дирам вазн доштааст, вале мувофиrи ривояти дигар, ин бут тиллоb буду 50 [азор мисrол вазн дошт. Парастиши ин бут дар Самарrанду Бухоро баъди uалабаи ислом [ам хеле давом кард. Буткада[о ни[оят бой буданд, тиллову нуrраи бешумор, xаво[ироти бисёр доштанд, масалан, гав[ар[ое доштанд, ки ба андозаи тухми мурu меомад.

А.М.Беленитский [амаи ин хабару ривоятро ба тафсил тадrиr намуда, ба хулосае омад, ки «буткада[о» xудо аз «оташкада[о» вуxуд доштанд.[950] Ба фикри мо, А.М.Беленитский ин аrидаи худро пурра исбот накардааст, гарчанде аз як xи[ат даъвои вай xон дорад. Дигар аrидаи асосии А.М.Беле-нитский [амин аст, ки дар Осиёи Миёна рe[ониёни оташкада[о, ки он[оро зардуштb меномад, зидди бутпарастb мубориза мебурданд ва дар ин мубориза зардуштиён дастболо буданд. Вале, ба фикри мо, ин даъво асоси казоb надорад. А.М.Беленитский ба аrида[ои худ [амон rоидаву rонун[ои зардуштияро асос кардааст, ки дар Эрони сосонb маъмул буд. Вале зардуштияи Осиёи Миёна ба зардуштияи Эрон айнан монанд нест. Бинобар ин дар [алли ин масъала бисёр э[тиёт шудан даркор. {анeз В.В.Бартолд тахмин карда буд, ки аrоид ва русуми зардуштиёни Осиёи Миёна «аз аrоиди пайравони аслии Зардушт хеле фарr мекунанд». А.Ю.Якубовский навишта буд: «Асоси [ам зардуштияи Эрон ва [ам дини суuдиёну бохтар[ову хоразмиён ким-чb хел эътиrоду аrоиду русуми ягона буд ва он эътиrод, аз як тараф, тасаввуроти дуалистонаро дар бораи муборизаи олами некb ва бадb, аз тарафи дигар, парастиши оташро дарбар мегирифт. Дар Эрон зардуштия ба дини давлатb табдил ёфт ва со[иби аrоиди муста[каму аниr гардид ва ташкилоти мураккаби пешвою ро[барони он ба миён омад, ки ба кор[ои давлатb, алалхусус, дар xаб[аи идеология таъсири зeр доштанд. Дар Осиёи Миёна таrдири зардуштия дигар хел шуд – яъне аrоиди аниrу муста[кам ба вуxуд наовард, ба дини давлатb табдил наёфт, зеро худи он давлати ягона набуд ва пешвои ро[барони он [ам ба як ташкилоти тавонои муста[кам мутта[ид шуда натавонистанд. Зардуштия бо дин[ои ма[аллb омехта шуд, ки он[о, аз афти кор, ба парастиши оташ хеле мувофиrат доштанд.[951] Барои ифодаи дини суuдие, ки ба он давра[о нисбат дошт, [атто истило[и махсус «маздоия» пешни[од карда шуд.[952] Эроншиноси маш[ури имрeза В.Б.{еннинг [ам «ба бутпарастии аслии Суuд таъсир расондани таълимоти Зардуштро» имконпазир донистааст.[953]

Гарчанде [анeз В.В.Бартолд хусусияти дин[ои ма[аллии тоисломиро мавриди тадrиr rарор дода бошад [ам, то ба [ол дар ин бора rарори ягона вуxуд надорад ва бисёр масъала[о ё торик мебошанд ё роxеъ ба он[о ду аrидаи ба [ам мутлаrо хилоф [астанд. Масалан, ду му[аrrиrи мeътамад - А.М.Беленитский ва А.Ю.Якубовский дар масъалаи муайян намудани муносибати байни[амдигарии дин[ои ма[аллb ва зардуштия аrида[ои ба [ам тамоман зид доранд. Му[аrrиrони таърихи маданият ва археолог[о материал[ои лингвистиро бояду шояд истифода намебаранд, дар навбати худ, забоншиносон материал[ои археологb ва иконографиро дуруст кор намефармоянд ва тадrиrи он[о низ душворию мушкилоти зиёде дорад, ки ал[ол пурра муайян карда нашудааст.

Барои таф[ими xа[онбинии суuдиён, аз xумла, барои таф[ими дини он[о, сурат[ои рeи девор маъхази хеле му[им, вале дар айни [ол, маъхази бени[оят мушкилу мураккаб мебошанд. Дар Панxакент сурат[о мувофиrи як тартиби муайян xой гирифтаанд, Масалан, дар толори чоркунxа рост – рeбарeи дари даромад, аксар ваrт андаруни токча[о «...муxассамаи калони худоро xой медоданду баъзан дар па[лeи он дигар шахсони муrаддасро низ мегузоштанд. Дар пеши сурати худо иштирокчиёни ибодат–суuдиёни рост ё базонуистода тасвир карда мешуданд. Агар худо дар пешго[и токча кашида шуда бошад, расми одамон дар девор[ои па[лeи токча [ам тасвир шуданаш мумкин буд. Дар ду тарафи rисми марказии расм тасмавор чанд rабат манзараи му[ориба[ову зиёфат[о ва аксар ваrт достон[ои мукаммали пурмаъно тасвир мегардиданд ва бари [ар як rабати ин расм[о rариб 1м буд». Дар rисми аз [ама поёни расм дар лав[а[ои чоркунxа сурат[ои афсонавb ё маишb кашида мешуданд.[954] Аз худи [амин тартиби xойгиршавии расм маълум, ки дар xа[онбинии суuдиён аrида[ои динb ва дунёвии он[о чb гуна ба [ам омезиш ёфта буданд.

Дини ма[алли Суuд со[иби анъана[ои мукаммали тасвироти динb буд. Ба xумлаи худо[о - худои xирм[ои осмонb, худои [одиса[ои табиат дохил шуда, инчунин парастиши баъзе габр[о низ вуxуд дошт. Аз байни расм[ои худо[о расм[ои зеринро номбар карда мумкин – оли[аи чордаста, худои урён, ки баданаш кабуд буда, дар миён лeнгии пустипалангb дорад, оли[ае, ки дар тахт нишастаасту дар па[лeяш шер[ои болдор тасвир шудааст, худои сесараю шашдастае, ки соскан дошта истодааст ва uайраву ва [оказо. Дар тасвири баъ-зе аз ин худо[о аломат[ои сурат[ои [индb (шивагb) баръало ба назар мерасад. Ба аrидаи А.И. Беленитский ва Б.И. Маршак, суuдиён дар муддати дароз со-[иби хати муайян ва анъанаи тасвироти динb набуданд. Дар натиxа ба туфайли раrобати дини буддоия ва монавия, ки чунин анъанаро со[иб буданд, габр[о анъанаи тасвироти динии [индуро андак дигар сохта, барои э[тиёxи худ мувофиr намуданд. Ин аrида, ба назари мо, ба [аrиrат хеле наздик аст.

Xолиби диrrат аст, ки дар Панxакент дар хона[ои гуногун худо[ои гуногун тасвир ёфтаанд ва ба аrидаи му[аrrиrони номбурда, ин кор далели [амин мебошад, ки [ар як хона со[иби худои «худаш» буд. Камбаuалон бошанд, имкон надоштанд, ки дар кулба[ои худ расми худоро кашанд, бинобар ин [ар як камбаuал як бутчаи сафолb мехариду ба [амон ибодат мекард.

Дар [ар як хонаи бой ме[робе буд, ки дар он шабонарeз оташи муrаддас дармегирифт ва ин ша[одат меди[ад, ки дар системаи онзамонаи динb па-растиши оташ а[амияти калон дошт.[955]

Тадrиrот[ои сол[ои охири забоншиносон хеле маълумоти муфид дод. Дар нико[хати Rалъаи Муu rасаме зикр мешавад, ки ба номи Баг ва Митра ном худо[о дода шудааст. Баг ин худи [амон худо аст, ки [анeз дар «Ригведа» дар rатори Митра дучор мешавад ва худоест, ки мартабааш андак поёнтар аст. Ба аrидаи В. Б. {еннинг, дар нико[хати Rалъаи Муu Баг баробари Митра ва [атто аз Митра [ам андак болотар меистад. Митра бошад, мисли Багчун худое тасвир шудааст, ки мутасаддии муо[ида мебошад. [956] Ношири нико[хат - В.А.Лившитс ба ин даъво зид баромад ва ба ин кор асос [ам дошт. Муrоисаву та[лили [амаи матн[ои Rалъаи Муu (ва дигар [уxxат[ои суuдb) В. А. Лившитсро ба чунин хулосае водор кард, ки ин номи худои асосb, яъне номи А[уро Маздо мебошад, вале суuдиён одатан номи пурраи ин худоро (хωrmzt'βγ «Баг Ахура Маздо») ба забон намеоварданд ва ба rалам намедоданд (ба [ар [ол навишти он ни[оят кам вомехeрад).

Аз xумлаи худоёни олимартабаи суuдиён Зарвонаро зикр кардан даркор, ки он ба худои олии [инду[о Бра[ма айният дорад ва дар матн[ои тарxу-мавии суuдию буддоb ба сифати «аъзам» ва «шо[и худоён» дучор мешавад. Uайр аз ин Вэрэтрагна (Wsyn– Вашэгн), Нанайя, Хварэна[ (дар шакли ргп – Фарн), Тиштрийа (tys Тиш – ситораи Шаб – О[анг) ва дигар худо[о низ маъ-мул буданд. Ба ин силсилаи худоёни накeкор худои бадсигол - А[риман муrо-бил меистад, ки ба суuдb ба тарзи махсус Шимну (Smnu) талаффуз карда мешуд ва дар атрофи худ дев[ои (ǒyw) бисёр дошт. Мо дар байни суuдиён бисёр маф[уму тасаввуротеро мебинем, ки хеле пештар дар «Авесто» зикр шудаанд.

Масалан, маъбад ваuн (βγn) ном дорад. Муаррихони аср[ои Х–ХIII (ва дигар маъхаз[ои давра[ои сонитар) бисёр де[а[ои Суuдро ном бурдаанд, ки дар таркиби номи он[о калимаи фаuн («баuн», «ваuн») [аст ва он, бешуб[а, аз калимаи «ваuн» бармеояд (ва инро бори аввал В. Б. {еннинг муrаррар кард). Чунинанд де[а[ои Миёнбаuн (дар Вобканд), Вануфаu (н)-и rарибии Тавовис (дар атрофи Бухоро), Устуваuн ва Хурбаuн (дар Uиждувон), Рустоваuн ва Карасваuн (дар атрофи Самарrанд), Хушуфаuн (дар rарибии Каттаreрuон ё Самарrанд ё худ, э[тимол, ду де[а буд), Кукшибаuн (дар rарибии Ургут) ва u. Аrидае [аст, ки маънои «хушуфаuн» «шаш маъбад» мебошад. Хуллас, дар топонимикаи Суuд бисёр ном[ое боrb мондаанд, ки асли он[о калима[ои суuдb буда, маънои «маъбад»-ро доранд. Вале агар мо [ам мисли баъзе муаррихони имрeза гумон кунем, ки мавrеи он xой[ое, ки номи он[о дар таркиби худ калимаи суuдии «маъбад»-ро доранд ва ин xой[о дар хоки Суuд xойгир шудани маъбад[ои зардуштиро айнан нишон меди[анд, ба хатои даuал ро[ хо[ем дод. Дар воrеъ, rонунияти пайдоиши ном[ои мураккаб хеле амиr ва печ дар печ аст. Худи [амин гапро дар бораи он ном[ои мураккаби ма[ал[о гуфтан мумкин, ки дар таркиби худ Ву, яъне «оли[а», «худо»-и суuдb доранд.

Номи пешвои маъбад, сардори маъбад ваuнпат буд; ин истило[ дар «Мактуб[ои rадимии суuдb» [ам вомехeрад. Ин ном дар [уxxат[ои Rалъаи Муu [ам [аст. Курчи ном ваuнпат ([уxxати I) дар иxрои супориши му[ими дипломатb иштирок кардааст. Uайр аз ин дар дигар як [уxxати Rалъаи Муu (А-5) муuпат зикр шуда» аст, ки маънояш пешвои муuон аст.

Дар rатори дини ма[аллb, ки онро [озир баъзан дини маздоия [ам меноманд, дар Суuд дигар дин[о [ам па[н шуда буд. Дар ин давра буддоия обрeи казоb надошт ва онро дигар дин[о танг карда буданд. Буддоия пайравони бисёр [ам надошт, вале сарфи назар аз ин, а[амияти буддоия ва дигар дин[ои [индуён дар [аёти Суuд паст набуд. Мувофиrи баъзе ривоят[о, насрония хеле па[н шуда будааст. Дар ибтидои асри VI дар Самарrанд епископи насронии равияи несторb менишаст, дар асри VIII бошад, xои eро митрополит гирифт.[957] Дигар дин, ки онро монавия меномиданд, низ хеле реша давонда буд.

Дар [аёти Суuди тоисломb чи маrом доштани монавияро А.М.Беле-нитский муфассал тадrиr кардааст. Rариби[ои сол[ои 600 дар байни монавиён тафриrа афтод, дар Осиёи Миёна маз[аби диноварии монавиён барrарор гардид, ки маркази он дар Самарrанд буд. Ба аrидаи А.М.Беленитский, агар тахмин кунем, ки расм[ои рeидевории Панxакент расм[ои монавb мебошанд, ба [амин шарт мазмуни он[оро тафсир кардан мумкин аст.[958] Ва ин тафсир кори хеле душвор мебошад.

Кирои таъкид аст, ки [атто [амин материали на он rадар муфассал чb rадар мураккаб будани масъалаи [аёти Суuди аср[ои VI–VIII-ро равшан нишон меди[ад. Дар Суuд вуxуд доштани дин[ои гуногун боиси пайдо шудани система[ои динии мутта[ида (синкретb) гардид.