Мафьум дар бораи муьити зист ва шароити маьал

Муьити зист- он ыисми табиат, ки организи зиндаро иьота мекунад ва ба оньо бевосита ва бавосита таъсир мерасонад.

Мавфьумьои муьит ба шароити зисти организмьо фары карда мешавад.

Шароити ьаёт ё шароити зист – ин мажм=аи элементьои муьити зист, ки ба организмьо заруранд, бо баъзе оньо алоыамандии ногусустани доранд ва бе оньо вужуд дошта наметавонанд. Шиддатнокии омильои экологиро, ки барои фаъолияти ьаётии организмьо бештар мусоидат мекунанд шароити оптимум меноманд ва агар мусоидат накунанд шароити пессимум меноманд, яъне шароитие, ки барои фаъолияти ьаёти организмьо максималц таъсир мерасонанд, локин он альол зинда мемонад.

Ьадде ,ки дар он инкишофи организм имконпазир аст диапазонц (ьаддц) устуворц (бардошт, пуртоыат) ё толерантнокц номида мешавад.

Нуытаи маьдудкунандаи он, яъне ьарорати максималц ва минималии барои ьаёт лозимаро ьадди устуворц меноманд. Дар байни ьудуди оптимум ва ьадди устувори минтаыаи стресси вужуд доранд. Дар муносибат ба ьар як омили муьит, барои ьар як намуди растани ва ьайвонот, ьудуди оптимум, минтаыаи стрессц ва ьадди устуворц вужуд доранд.

Хосиятьои мутобиышавц ба ин ё он ьадди омильои муьитро валентнокии экологии намуд ё экологияи пластикии намуд меноманд.

Намудьои экологии устувор эврибионтьо (eyros- васеъ); ва ноустворро стенобионтьо (stenos- к=тоь) меноманд.

Муносибати организм ба тащйирёбии ин ё он омили муайян дар экология бо ьамроь кардани пешоянди «эврц» ва «стено» ба номг=ии омил муайян кардла мешаванд: чунончц аз р=и муносибат нисбати ьарорат стенотермьо ва эвритермьо; нисбат ба консентратсияи намакьо таносубанд стеногаленьо ва щайраьо фары карда мешавад …

Омильои маьдудкунанда (лимиткунанда)- омиле, ки сатьи он дар муносибати сифат ва миыдор (таныисц ё барзиёдц) ба ьадди устуворц организми дода шуда наздик аст, омильои маьдудкунанда меноманд.

Ыонуни минимуми Ю.Либих (1803-1873)

Дар соли 1840 Ю.Либих пешниьод кард, ки тобоварии организмьо звенои аз ьама суст дар ьалыаи талаботи экологц вобаста аст. Олим муайян кард, ки ьосилнокии щалладона на ба моддаьои щизоц, ки ба монанди (CO2, Н2О ва щ) вужуд доранд, балки бо оне ки миыдори хеле кам дар хок мавжуд аст, (мисол элементи бор) маьдудкунанда (лимиткунанда) аст.

Инкишофи растанц бо норасогии яке аз элементьои миыдори об ьатто минималц зарур аст, маьдуд мешавад.

Ю.Либих нишон дод, ки барои рушди растани шумора ва миыдори муайяни элементи кимиёвц лозим аст, бо баробари яке дигареро иваз карда наметавонанд. Таныисии яке аз моддаьо бо барзиёд будани моддаьои дигар жуброн карда намешаванд.

Ыонуни минимуми Либих, ыонуни асосц: тобоварии организмьо ьалыаи аз ьама сусти занжири талаботи экологии он муайян мекунанд, яъне имкониятьои ьаётии онро омильои экологие муыаррар мекунад, ки миыдораш ба минималц барои организм зарур наздик аст ва минбаъд паст фаромадани он ва нобудшавии организм ё диструксияи экосистема оварда мерасонад.

Омили лимиткунанда (маьдудкунанда) набалки норасогц, ки ба он Ю.Либих ишора карда буд, балки ба фаровонц (барзиёдц) омильои ба монанди гармц, р=шноц, об ва щайраьо вобаста аст.

Аз ин лиьоз дар соли 1913 В.Шелфорд ыонуни толеранднокиро баён намуд. Омили маьдудкунандаи инкишофи организм (намуд) таъсири экологии максимум ё минимум буда метавонад, ки диапазони байни оньо бузургии толерантнокии (тобоварц) организмро ба омили мазкур муайян мекунад.

2 Муьитьои асосии ьаёт.

Дар сайёраи мо организмьои зинда, дар рафти инкишофи таърихии худ 4 муьити зистро ишщол кардаанд:

Муьити обц- аввлан муьите буд, ки ьаёт ба вужуд омада паьн гардид. Дар оянда дар рафти таьаввулот, организмьо муьити р=и заминц- ьавоиро аз худ кардаанд ва оьиста муьити хокиро ьамчун муьити зист ыабул карданд.

Ниьоят муьити чорум биотц маьсуб мешавад, ки худи организмьои зинда ьамчун муьити хос ба ьисоб меравад.

Муҳити зисти обц. Гидросфера 71% сайёраро ташкил медиьад ва 94%-и обҳои рӯизаминц дар баҳру уқёнусҳо мавжуданд. Обҳои ширини дарёҳо ва кӯлҳо 0,016% ҳажми умуми обьои ширинро ташкил медиҳанд.

.

Минтақаҳои кушоди уқёнуси Жаҳонц, инчунин, ба минтақаҳои вертикалии мутаносиб, ба минтақаҳои бентал-эфпипилегиал, батиал, пепигиал, абиссопелигал жудо мешаванд.

Дар муҳит обц 150.000 намуди ҳайвонот маскунанд, ки 7 %-и миқдори умумии ҳайвонотро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, (кариб 10.000 намуди растаниҳо, ки 8% миқдори умумии растаниьоро ташкил менамоянд, маскунанд.

Муайян карда шудааст, ки обҳои уқёнусҳо, баҳрҳо, дарёьо, кӯлҳо дар дар давоми 2 млн. сол гардиши биотц мекунанд. Аз ин маълум мешавад, ки организмҳои зинда дар таҳаввули худ якчанд ҳазор маротиба оби дар табиат мавжударо гардиш додаанд.

Гурӯҳҳои экологии гидробионтҳо: нектон, планктон, бентос ба ҳисоб мераванд.

Нектон (nektos - шинокунанда) – ин мажмӯи ҳайвоноте, ки фаъолона шино мекунанд. Ба нектонҳо, моҳиҳо, китҳо, белпоён

дохил мешаванд. Пойбасарон (калмар) то 45-50 км/соат, шамшермоҳц 130 км/соат ҳаракат мекунанд.

Планктон (planktos - роҳгумзада) - ин мажмӯи организмҳои пелигиалц, ки фаъолона ҳаракат карда наметавонанд. Ин организмҳои майдаи ҳайвонот-зоопланктон ва растанц-фитопланктон, ки ба жараёни об муқобилият карда наметавонанд.

Организмҳое, ки дар ыисми болои об, бо муҳити ҳаво ҳамсарҳад мебошанд, организмҳои нейстониро ташкил медиҳанд. Онҳо зочаҳои даҳпоён, хорпӯстон, моҳц ва ғайра мебошанд. Организмҳое, ки як қисми танаи онҳо дар ҳаво ва қисми дигари танашон дар обанд, организмҳои нейстонӣ меноманд.

Бентос (bentos - чуқур) - ин мажмӯи организмҳои дар зери об, обанборҳо зиндагикунанда буда, ба зообентос ва фитобентос жудо карда мешаванд. Растаниҳои обц ба ду гурӯҳи экологц: гидрофит ва гидатофит тақсим карда мешаванд.

Меъёри ҳарорати об. Аз 4°С сар карда, об ба зиччии максималц (ниҳоӣ) соҳиб мешавад. Дар кӯлҳо ва обанборҳои арзи муътадил, об ба қабатҳо жудо карда мешавад: қабати болоц -эпилимнион, ки ҳарорат дар он дар ҳар мавсим тағйир меёбад; металимнион - қабати мобайнц, ки ҳарорат тез тағйир меёбад; гиполимнион - қабати зериобц, ки ҳарорат дар давоми сол тағйир намеёбад.

Дар тобистон қабати болоии об гарм мешавад, зери об бошад хунук мешавад ва дар зимистон баръакс сатҳи об хунук ва зери об гарм мешавад.

Зиччии об. Нисбат ба ҳаво зичии об 800 маротиба зиёд аст. Зичии оби муқаттар (дистилц) ҳангоми ҳарорати 4°С ба 1г/см3, обҳои табиц то ба 1,35 /см3 баробар аст. Ба ҳисоби миёна дар 10м чуқурии об фишор як атмосфера зиёд мешавад.

Оргаинзмҳо, дар об дар чуқуриҳои зиёда аз 10.000 м низ ба мушоҳида мерасанд. Чунончц, ҳайвоноти дар оби ширин маскун, монанди гамбӯсаки шинокунанда, патакча то ба 600 атмосфера фишор тоб меоранд. Дар чуқурии баҳрҳо, ки фишор то 400 - 500 атмосфера мебошад, нармбаданони пойбасар ва ситораи баҳрц вомехӯранд.

Меъёри рӯшноц. Рӯшноц низ ба организмҳо таъсир мерасонад. Растаниҳое, ки дар қисми болоиобц жойгиранд сабз буда, дар чуқурии об ранги обсабзҳо хокистаранг ва сурх мешаванд. Ин ҳодиса бо адаптатсияи хроматц ёд мешавад. Бареьои растаниҳои олц низ гуногун мешаванд. Масалан, Sagittaria sagittiaria баргҳои гуногуншакл ба вужуд меорад, ки баргҳои зериобии он ришташакл, рӯиобц доирашакл ва берун аз об жойгиршуда найзашакл мешаванд. Ин ҳодисаро гетерофилия меноманд, ки гуногуншаклии баргро дар як растанц дар муҳитҳои дохили об ва берун аз об ва сатҳи об нишон медиҳад. Рангу шакли ьайвоньои дар қабати болоии об зиндагоникунанда низ дар чуқурии об тафовут менамояд.

медиҳад.

Меъёри намак Рӯшнои дар баҳру уқёнусҳои обҳояшон тоза то чуқурии 200м минтақаи эуфотц (фотосинтез), минтақаи дисфотӣ (хира) аз 1000 то 1500м, ва чуқуртар аз он ки рӯшноц тамоман дохил намешавад, минтақаи афотиро ташкил. Таркиби намакҳо бо промил (%) ҳисоб карда мешавад. Бо зиёд шудани намакҳо кори вакуолия суст мегардад ва дар консентратсияи 17,5% фаъолияташ қатъ мегардад, яъне фарқи байни фишори осмосц ва муҳити беруна қатъ мегардад. Дар об бештар намакҳои ҳал гардидаи карбонатҳо, сулфатьо ва хлорид мавжуданд.

.

Муҳити зистц рӯи заминц - ҳавоц. Дар раванди таҳаввулот муҳити рӯи заминц - ҳавоиро аз худ кардани организмҳо аз муҳити обц дида дертар ба вуқӯъ пайваст. Ҳаёт дар рӯи замин мутобиқшавии гуногунро талаб мекард ва организмҳои мутаносибан дар сатҳи баланд ташаккулёфта дар он арзи ҳастц кардаанд.

Ба муҳити хушкц - ҳавоц омилҳои экологии шиддатнокии рӯшноӣ, фарқияти ҳарорат, тағйирёбии намц, ивазшавии шабонарӯз ва мавсимҳо таъсир мерасонад.

Муайян карда шудааст, ки растаниҳои рӯшноидӯст дар раванди расиш ба нарасидани рӯшноц ҳассос буда, нисбат ба растаниҳои соядӯст ба рӯшноц талаботи зиёд доранд. Шиддатнокии рӯшноц ба раванди фотосинтез таъсир мерасонад. Баъзе растаниҳое, ки дар соя зиндагц мекунанд, ғизои гетеротрофц яъне сапрофитц доранд, мисол, орхидея.

Адаптатсияи физиологии ҳайвонот. Барои бисёр ҳайвоноти хушкц фаолияти шабона ва рӯзона узви бинои яке аз он тарзҳои арентация барои дар ёфти хӯрок аҳамияти калон дорад. Бисёрии аз ҳайвонот қобилияти бинои ранга доранд. Бо алоқаманди аз ин, ҳайвонот хусусан тӯъма, хусусиятҳои мутабиқати пайдо карданд, ба ин рӯйпоши монандц, рангҳои муҳофизавц, мимикария ва ғайра дохил мешаванд.

Меъёри обц: Тақсими об хусусияти махсуси муҳити хушкц - ҳавоц маҳсуб мешавад. Таҳаввулоти мавжудоти хушкц бо роҳи мутобиқшавц дар ба дастовардан ва нигоҳдоштани намц марбут аст. Дар минтақаи аридц бухоршавц аз боришот зиёд аст ва дар минтақаи гумидц растанц бо намц таъмин аст.

Гурӯҳҳои экологии растаниҳо нисбат ба намц гидрофит, гидатофит, мезофит, ксерофит, сукулентҳо, склерофит, эуксерофит, стипаксерофитро ташкил медиҳанд. Баъзе растаниҳо ба монанди саксаул ва ғайраҳо аз атмосфера хусусияти қабул кардани обҳои бухоршударо доранд.

Нами изофа бо роҳи гуттатсия аз ҳужайраҳои махсуси ихрожкунанда берун карда мешавад.

Меъёри ҳарорат. Мутобиқшави растаниҳо ба ҳарорат ба мубодилаи об дар бофтаҳои растанц марбут буда, дар он роли бухоршавц калон аст.

Аз жиҳати даражаи адаптатсияи нисбат ба ҳарорати паст -астаниҳо ба се гурӯҳ: растаниҳои ба хунукц тобоваранда, сармотобоваранда, сармобардор ва жиҳати адаптация ба ҳарорти соланд низ ба се гурӯҳ - гармонобардор, гармобардори зукориотҳо, гармобардори прокариотҳо тақсим мешаванд.

Муьити хокц.

Ба хок чор таркиби муҳим асоси минералц (одатан 50-60%-и таркиби умумии хок), моддаҳои органикц (то 10%), ҳаво (15-25%) ва об (25-35%) дохил мешаванд.

Гурӯҳҳои экологии организмҳои хокц. Миқдори организмҳои хокц хеле зиёданд. Растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо, ки дар хок зиндагц мекунанд, доимо бо муҳити зист таъсири ҳамдигарц доранд. Ин муносибатҳо мураккаб ва гуногуншакланд. Ҳайвонот ва бактерияҳо, карбогидратҳои растанц, равған ва сафедаро истеъмол менамоянд. Вобаста ба муносибатҳои байниҳамдигарц ва дар натижаи тағйиротҳои физикц, кимиёвц ва таркиби биокимиёвии жисмҳои кӯҳц дар табиат доимо раванди хокҳосилшавц ба амал меояд. Ба ҳисоби миёна таркиби хокро 2-3 кг/м2 растаниҳо ва ҳайвонот ва ё 20 - 30 т/га ташкил менамояд. Дар ин сурат, дар минтақаи мӯътадилиқлим решаи растаниҳо 15т/га, ҳашарот -1т, кирми лойхӯрак - 500 кг, нематодаҳо- 50, ракшаклон- 40, нармбаданон -20, морҳо, хояндагон- 20, бактерия 3т, замбӯруғҳо - 3 т, актиномитсетҳо - 1,5 т, соддатаринҳо – 100 кг, обсабзҳо - 100кг-ро дар ҳар гектар ташкил медиҳанд

Ба даражаи алоқамандц бо муҳити хокц ҳамчун муҳити зист ҳайвонот ба се гурӯҳи экологц тақсим мешаванд: 1) геобионтҳо - ҳайвоноти доимо дар хок зиндакунанда, масалан, кирми лойхӯрак ; 2) геофилҳо - ҳайвонҳое, ки давраи инкишофашон қисман дар хок мегузарад, масалан малахҳо, як қатор гамбӯскакҳо, ки кирминаи онҳо дар хок инкишоф меёбанд, аммо фардҳои болиғ дар хушкц зиндагц мекунанд; 3) геоксенҳо - ҳайвонҳое, ки баъзан паноҳ бурдан ба зери хок медароянд. Ба инҳо нонхӯракҳо бисёре аз нимсахтболон, хояндаҳо ва ширхӯрҳои дар ғор зиндагикунанда дохил мешаванд.

.

Нисбат ба муҳити гуногун бошад, ба гурӯҳҳон псаммофилҳо ва галофилҳо жудо мешаванд.

Муносибати растани ба хок. Растаниҳои ба хокҳои ҳосилхез мутобиқ - эутрофц, ва ба миқдори ками моддаҳои ғизо» ыонеъ олигатрофц фарқ карда мешаванд, ки дар байни онҳо гур=ьи мезотрофц жой мегиранд. Растаниҳое, ки ба нитрогени хок талаботи зиёд доранд нитрофилҳо меноманд, ки ба онҳо газна ва щ. дохил мешаванд. Растаниҳои дар муҳити карбонатдор рушдкунандаро калсиефилҳо меноманд,фарк, бук ва ғ.,растаниҳои калсиефобҳо муҳити оҳакиро намехоҳанд, ки ба инҳо гулсангҳои сфагнц,т=с ва щ. дохил мешаванд

Растаниҳои дар муҳити намак рушдкунандаро галофитьо, дар регзорҳо псаммофитҳо ва дар муҳити сангзорҳо ва харсангзорьо маскунро литофитҳо меноманд. Олами растанц ва ҳайвонот вобаста ба хокҳои гуногун паьн гардиданд.

Муьити биотц.

Мавжудоти зинда ҳамчун таркиби муҳити зист.

Дар давоми ҳаёт ё қисме аз давраи ҳаёт бисёр организмҳои гетеротроф дар организмьои дигар, зиндагц мекунанд. Муайян карда шудааст, ки организмҳои- прокориотц (бактерияҳо, актиномитсетҳо, обсабзьои сабз) дар ҳамзистц зиндагц мекунанд. Дар бисёр хужайраҳои; шаклҳои эукариотҳо (обсабзҳои сурх, сабз ва диатомц, амёбаҳо, радиолярҳо) паразитҳои дохилиҳужайрагц ва симбионтьо муайян карда шудааст. Амалан ягон мавжудоти бисёрҳужайра вонамехӯрад, ки дар он дигар организмҳо манзил накунанд. Олими англис А.Е.Шитли қайд мекунад, ки ҳар як парранда дар ҳақиқат боғи ҳайвоноти парвозкунанда аст. Муносибати паразитизм дар олами ҳайвонот ва растанц хеле васеъ паҳн шудааст. Ҳайвонҳои оддц, паҳнкирмҳо, нематодаҳо ва баъзе аз бандпоён, танҳо бо тарзи паразитӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Дар олами растанц зарпечак ва омела мисоли равшани ин намуди ьаётгузарониро нишон медиҳад, ки дар онҳо сатҳи вегетативц - риштае, ки гифҳои замбӯруғро мемонад ба бофтаи растанц мечаспад на ғизо мегирад, хеле инкишоф ёфтааст. Дар байни паразит ва «хӯжаин» дар раванди таҳаввулот муносибати мураккаб ба вужуд омадааст. Роььои ба вужуд омадани муносибатьои паразитизм чуни наст: роьи аввал – ин роьи содда «ижоранишинц», роьи дуюми гузаштан ба паразитизм – бо роьи даррандагц, роьи сеюм – тасодуфан дохилшавии паразити оянда ба «х=жаин» ба ьисоб меравад. Паразитьо одатан ба ду гурхь таысим мешаванд: «экто» ва «эндо»- паризитьо фары карда мешаванд. Паразитьои доимц ва муваыыатц фары карда мешаванд. Паразитьои доимц одати дурудароз дар организми мавжудот зиста, дар бисёр ьолатьо ба «х=жаин» алоыаманданд. Паразитьои муваыыатц ба «х=жаин» алоыаманд набуда, ыисми аз ьаёташон озодона зиндагц мекунанд. Масалан, дуболдорони хунмак, канна, шабушк ва щайраьо.